Муносибатҳои меҳнатӣ байни корманд ва корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ.

Шартномаи меҳнатӣ – созиши байни корфармо ва корманд, ки тибқи он корманд уҳдадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, уҳдадор аст барои ҳамин кор ба корманд пурра ва сари вақт музди меҳнат диҳад ва шароити меҳнатеро, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Мутобиқи талаботи сархати 2, қисми 2 моддаи 19 ва тибқи талаботи қисми 1 моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор гардидааст, ки ҳангоми қабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи меҳнатӣ бандад.

Шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, дар ду нусха тартиб дода мешавад ва аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи меҳнатӣ ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад.

Ҳангоми ба расмиятдарории шартномаи меҳнатӣ мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 24 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матни он бояд, вобаста ба ҷойи кор (воҳиди муайян), вазифаи (мансаби) ишғолнамудаи корманд, хусусияти шароити меҳнат, кафолат ва имтиёзҳо, агар кори иҷрошаванда ба корҳои вазнин ва ё дар шароити зарарнок ё хатарнок мансуб бошад, санаи оғози кор, муҳлати шартномаи меҳнатӣ, низом ва реҷаи вақти корӣ, вақти истироҳат ва давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи корманд, андозаи музди меҳнат ва дигар шартҳои пардохти музди меҳнат, ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо, ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд, тартиби тағйир додан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ, кафолат, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо, шартҳои суғуртакунонӣ, ҷавобгарии тарафҳо, санаи бастан ва рақами тартибии шартномаи меҳнатӣ нишон дода шаванд.

Масъалаҳои оид ба шартҳои иловагӣ ба меъёрҳои дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба монанди санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ), шартномаи коллективӣ ва ғайра набояд мухолифат намояд. Яъне, он меъёри манъкунандаи паст намудани сатҳи ҳуқуқ ва кафолатҳои меҳнатии кормандон мебошад, ки бо қонунгузорӣ муқаррар гардидааст.

Илова бар ин, корфарморо зарур мебошад, ки ҳангоми барасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ, талаботи моддаи 25 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирад. Чунки шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавад, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани шартнома барои муҳлати номуайян имконнопазир бошад. Бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян бо мақсади даст кашидан аз додани кафолат ва ҷубронҳое, ки барои кормандони дорои шартномаи меҳнатии ба муҳлати номуайян басташуда пешбинӣ шудаанд, манъ аст. Бояд қайд намуд, ки шартҳои шартномаи меҳнатӣ танҳо бо розигии тарафҳо дар шакли хаттӣ тағйир дода мешаванд.

Дар асоси талаботҳои зикргардида роҳбарони ташкилотҳо (соҳибкори инфиродӣ)-и дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдоштаро зарур аст, ки ҳангоми қабул ба кор бо корманд шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ банданд ва дар матни он тамоми шартҳои фаъолият вобаста ба меҳнат дарҷ карда шаванд.

Ҳамзамон хабардор менамоем, ки ҳангоми риоя накардани талаботҳои зикргардидаи қонунгузории меҳнат, дар асоси муқаррароти моддаи 94 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати корфармо ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

Бинобар ин, ба корфармо зарур аст, ки талаботи моддаҳои кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, муносибатҳои байни корфармо ва кормандонро ҳангоми қабул ба кор тибқи шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ ба расмият дароранд.

 

 Хадамоти назорати давлатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

Яндекс.Метрика