Мусоидати корфармоён ба шуғли аҳолӣ.
«Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.
Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.
Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст».
Моддаи 35. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба шуғли аҳолӣ танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла кафолатҳои давлатро дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ муқаррар менамояд.
Мутобиқи талаботи Моддаи 19. Мусоидати корфармоён ба таъмини шуғли аҳолӣ:
Корфармоёне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ба татбиқи сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ дар асосҳои зерин мусоидат мекунанд, аз ҷумла;
— риоя кардани шартномаҳои меҳнатие, ки муносибатҳои меҳнатиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд;
— амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, дар барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳои ҳифзи меҳнаткашон дар мавриди боздоштани истеҳсолот ё аз кор хориҷ намудани кормандони пешбинӣ шудаанд;
— расонидани кӯмак барои бо кор таъмин намудан, тарбияи касбӣ ва пешниҳод намудани кӯмаки иловагии молиявӣ барои кормандони аз кор озодшаванда аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳо;
— фароҳам овардани шароит барои тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисоси кормандон;
— таҳия ва амалӣ намудани барномаи иҷтимоии ташкилот, ки нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани иқтидори касбии кормандон, ҳифзи иҷтимоии онҳо, беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнатро пешбинӣ менамояд;
— риояи квотаҳои муайяншуда, барои бо кор таъмин намудани маъюбон;
— бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта ё захира намудани намудҳои алоҳидаи касбу кор;
— барои бо кор таъмин намудани чунин шаҳрвандон, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ муайян карда мешаванд;
Ҳамзамон, корфармоён вазифадоранд саривақт на камтар аз ду моҳ пеш ва дар ҳаҷми пурра ба мақомоти шуғли аҳолии маҳалли ҷойгиршавӣ ё дигар мақомоти намояндагии кормандон дар бораи аз кор озодкунии оммавии меҳнаткашон, аз ҷумла бо сабаби барҳам додани ташкилот, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ, шумора ва гуруҳҳои кормандоне, ки ин ихтисоршавӣ ба онҳо дахл дорад, бо нишон додани касб, ихтисос, дараҷаи ихтисос ва андозаи музди меҳнати корманди аз кор хориҷшаванда, инчунин оид ба муҳлате, ки аз кор озодкунии онҳо пешбинӣ шудааст, маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд. Барои пинҳон намудан ва пешниҳод накардани чунин маълумот тибқи тартиби муқарраргардида, корфармоён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Илова бар ин, корфармоён бояд ба мақомоти шуғли аҳолӣ маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
— дар муҳлати то даҳ рӯз аз рӯзи пайдо шудани маълумот дар бораи ҳамаи ҷойҳои кории холии (вакансияҳо) ба вуҷуд омада, мувофиқи талаботи касбии дар ташкилотҳо муайян кардашуда, инчунин маълумот дар бораи вазъи кадрҳо ва шумораи воқеии кормандон;
-маълумот дар бораи нисбат ба ташкилоти мазкур истифода бурдани тартиби муфлисшавӣ, инчунин маълумот барои иҷрои фаъолият оид ба офиятбахшии касбӣ ва мусоидат ба шуғли маъюбон зарур буда;
Дар мавриди иҷро накардани квота барои ба кор қабул намудан, корфармоён мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд. Ҳангоми ба кор қабул намудани шаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти шуғли аҳолӣ равон шудааст, корфармо дар давоми панҷ рӯз ба мақомоти шуғли аҳолӣ варақаи роҳхатро бо нишон додани рӯзи ба кор қабул намудани шаҳрванд бозмегардонад. Дар сурати ба кор қабул накардани шаҳрванд, корфармо дар варақаи роҳхат рӯзи омадани шаҳрванд ва сабаби ба кор қабул накарданро қайд карда, роҳхатро ба шаҳрванд бармегардонад.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ