НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 5 сентябри соли 2024 вобаста ба ҷашни пуршукӯҳи 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Борбад 71 бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ва ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ”, МД “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, инчунин санаи мазкур дар мувофиқа бо раёсати маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии гимназияи №74 бо ҷалби омӯзгорони гимназияи мазкур ва ҷалби омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 10-11-и Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №72 ва №3 бо иштироки бевоситаи Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадзода Сафарали Маҳмад, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва назорати Хадамот Ҷумъазода Пайрав Машраб ва сардори шуъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнати Хадамот Шарифзода Саидмурод Ятим доир ба масъалаҳои худогоҳӣ, худшиносии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, пайравӣ аз сиёсати давлатии Пешвои миллат, ҳушёрии сиёсӣ, тарғиби масъалаи як парчам, як миллат, як давлат ва пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Маҳмадзода Сафаралӣ,

сардори Хадамоти назорати давлатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Муҳтарам аҳли нишаст, меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ,

Дар оғози сухан Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни бошукӯҳи таърихӣ: 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику таҳният гуфта, барои Шумо сиҳатмандии комил, фазои беғубори сулҳу оромӣ, саодатмандӣ ва дар рӯзгоратон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Воқеан ҳам, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, барои мо, тоҷикон, эҳёи давлатдории миллӣ ва оғози ислоҳоти бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Баъди чанд муддате ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол пур мешавад. Дар масири таърих ин як муддати ниҳоят кӯтоҳ аст, вале рушду муваффақиятҳои кишварамон таҳти сарварии Пешвои хирадманду раиятпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамто надошта, беназир мебошанд.

Бо ба вуқуъ пайвастани низоъҳое, ки бевосита аз ҷониби душманони хориҷӣ ва дохилии кишвари азизи мо роҳандозӣ гардида буданд, халқи тоҷикро Сарваре насиб гашт, ҷону танашро дареғ надошта, чун кӯҳи бузурге миллаташро пуштибон шуд ва якҷо бо фарзандони содиқи кишвар дар муқобили қувваҳои нобаробари душманони хориҷию дохилӣ бо истифода аз тамоми неруву қудрати фавқулодаи фикриву ботинияш истодагарӣ намуд.

Сарваре, ки сухану амалашон бо ҳам яканд, давлату халқамонро аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшида, миллатро дубора эҳё намуданд, мамлакатро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бар асари мудохилаи қувваҳои бадхоҳи беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар кишвар шурӯъ гардида буд, раҳо намуданд.

Ибтидо бо баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани шахсияти баруманди Миллат, Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамҳои катъӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуд.

Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии шахсияти нотакрори таърихӣ, Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пайваста тадбирҳои муассир ва натиҷабахшро дар роҳи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллӣ  эҷод намуданд.

Сониян, таъсисёбии ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон рукни муҳим гардид. Барқарор гардидани Ҳукумати конститутсионӣ ва фаъолияти босамари роҳбари давлат ва аъзоёни Ҳукумат ба вазъи фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкимёбии Истиқлолияти давлатӣ ва рушди бевоситаи шохаҳои мухталифи он роҳи васеъ кушод.

Маҳз бо саъю кушиш, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат 27 июни соли 1997 Ваҳдати миллӣ ҳукмфармо гардид. Тоҷикистон аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои Сарвари давлати мо аз қабили соли Оби тоза, даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт, аз хатарҳои глобалӣ эмин нигоҳ доштани сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.

Бо  шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат омӯхтани таърихи Ватан, эҳё ва рушди худшиносии миллӣ ва бедории сиёсӣ дар ҷомеа рӯ ба афзоиш ниҳод. Имрӯз ҳар як шаҳрванд ба худшиносӣ ва барқарор  кардани  хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёзманд гардида, ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати Роҳбари раиятпарвар дар татбиқи сиёсати давлатӣ сайъу кушиш дорад.

Барои ҳалли масъалаи эҳёгарии тафаккури миллӣ, бедор кардани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, барои ташаккули идеяи миллӣ, ки фарогири тамоми қишри ҷамъият бошад монополияи давлат шарти муҳим ва асосӣ мебошад.

Дар ин раванд бо талошу заҳматҳои бевоситаи Пешвои Миллат ҷашни Наврӯз ҷашни умуммиллӣ эълон гардид ва СММ онро ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф намуд, ки ин иқдом бевосита аҳамияти сиёсӣ иҷтимоӣ ва таърихии махсусро касб намуда, муаррификунандаи миллат дар арсаи ҷаҳони муосир мебошад.

Ҳамчунин, таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили анҷуманҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700 солагии Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ (1995, 2015), 675-солагӣ ва 700 солагии Хоҷа Камол (1996, 2020), 1000 солагии Носири Хусрав (2003), 1025 солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150 солагии нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2011) ва амсоли инҳо худшиносии миллӣ, ҳамчунин шинохти ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти хоса дорад.

Волотар аз ин, қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Сарвари давлатро ба хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллати тоҷик инъикос мекунад.

Бо ташаббуси Роҳбари давлат ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100 — солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500 — солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) гузаштаи моро ба имрӯзи мо пайванд сохта, ба бунёди тафаккури нави худшиносӣ, худогоҳӣ миллатдустиву ватанпарварӣ пояи асос гузошт.

Имрӯз бояд эътироф намуд, ки аҳли ҷомеаи навини Тоҷикистон дар атрофи Сарвари давлат комилан сарҷамъ буда, баҳри дифоъ аз ватану миллати хеш ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ҳар шарту шароит омодаанд.

Яке аз омилҳои муҳиме, ки сарҷамъии миллати тоҷик ва қишрҳои мухталифи ҷомеаро дар атрофи Сарвари давлат таъмин намуд, ин ҳамбастагии қавлу амали Пешвои Миллат мебошад. Зеро ҳар қавле, ки дар назди мардум дар мушкилтарин лаҳзаҳо дода буд, онро то ба имрӯз ба тозагӣ иҷро ва амалӣ намуда истодааст.

Сарвари давлат дар лаҳзаҳои тақдирсоз ваъда дода буд, ки корро аз сулҳ оғоз мекунад, оғоз кард ва дар ин нияти неку хайрхоҳ комилан муваффақ ҳам гашт, «Тамоми гурезагонро бармегардонам» — бо талошу заҳматҳо ва таҳдиди бузургтарин хатарҳо ба ҷони хеш онҳоро ба Ватан баргардонд, «Ватанамонро якҷоя обод мекунем» — симои Ватанро ба куллӣ тағйир дода, ободу гулистон карда истодааст.

Дар раванди таҳкимбахшии Истиқлолияти давлатӣ, бо саъю кушиши пайгиронаи Пешвои миллат обрӯйи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо пешниҳод намудани ташаббусҳои наҷиб аз ҷониби Сарвари кишвар боз ҳам баланд гардид. Бо дохил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо раванди ворид гардидани Тоҷикистон ба ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба манфиати умум анҷом ёфт. Ҷумҳурии мо ба ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ шомил шуд. Тоҷикистони озоду мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому манзалати сазовори худро касб намуд.

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, Тоҷикистон бо 183 кишвар муносибатҳои сиёсӣ — дипломатиро ба роҳ мондааст. Муҳимтар аз ин Кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд марҳила ба марҳила намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъсис ёфтанд, ки теъдодашон имрӯз 39 ададро ташкил дода, дар зиёда аз 20 кишвари дунё сафирони ғайримуқимӣ фаъолият менамоянд. Дар шаҳри Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагию дафтарҳои 57 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд.

Ҷоиз ба қайд медонам, ки қадами дигари хеле муҳим дар роҳи бунёди давлати миллӣ, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон, ки кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ соҳибэътиром гардонидааст, ин ба вуҷуд овардани низоми нави ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб меравад, ки бевосита аз ташаббус ва саҳми бевоситаи Пешвои Миллат сарчашма мегирад. Ба вуҷуд овардани низоми ҳуқуқи миллӣ бо таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ -“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз дастовардҳои нодир дар роҳи бунёди давлати миллӣ буд, ки маҳз бо пешниҳод, ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат қабул гардиданд.

Низоми ҳуқуқи миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ аз рӯзҳои нахустин сараввал аз ҷониби тамоми мардум ва баъдан аз ҷониби давлатҳои мухталиф пазируфта шуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд.

Ҳозирини арҷманд,

Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд: “Ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият ҳаст”.

Бо такя ба сархати аввали  асари машҳури Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ, машҳур ба Низомулмулк, шахсияте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику форс бо эҷод намудани «Сиёсатнома» мавқеи босазое ишғол намудааст, бо боварии комил метавон изҳор намуд, ки сиратҳои сутуда, ҳунарҳои роҳбарӣ, хираду дониши фавқулода, адолатпарварӣ ва инсондустӣ, майлу рағбат ба рушди иҷтимоии мардум, масъулият ва истиқлолияти фикрии баргузида, маърифат, тадбирандешӣ, одилию хислатҳои наҷиби инсонпарваронаи роҳбари имрӯзаи давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на амри тасодуф, балки бо амри илоҳӣ ороста гардида, чунин Шахсият дар чунин шароит ҳадя ва инояти Холиқи кулли мавҷудоти олам ба миллати фарзона ва тамаддунофари тоҷик аст.

Ваҳдат ва иттиҳод таҳти парчами Тоҷикистон, паҳлӯи Роҳбари оқилу некусиришт, пайгирӣ ва тарафдории сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлати тоҷикон ва Пешвои миллат ягона роҳи расидан ба мақсадҳои волои таърихӣ ва таъмини субот дар кишварамон мебошад.

Рӯйдодҳои бузурги таърихӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва сатҳи байналмилалии мамлакат, пойдории ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсию иҷтимоӣ ва волоияти қонун  аз роҳбарии хирадмандона ва адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.

Маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба бунёди садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ мусоидат намуда, асос ва ибтидо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати кишвар мегардад ва ба ташкили ҷойҳои кории нав барои аҳолии кишвар замина гузошта, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ саҳми босазо ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат дар сиёсати роҳбарияш таҷлили бошукӯҳи дастовардҳои таърихии миллати тоҷик ва бузургдошти фарзандони фарзонаву дар рушду ташаккули миллат саҳмдоштаро ба ҳукми анъана дароварда, қадршиносӣ менамоянд.

Дар шароити имрӯза аз лиҳози иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ рушд бахшидани давлатдории миллии тоҷикон, баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллӣ аз масъалаҳои муҳиму натиҷабахш ба шумор мераванд. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ рушди давлатдориро бе баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ амалӣ намудан имконнопазир мебошад. Бо масъулияти баланд дарк намудани масъалаҳои зикргардида метавонад сабаби расидан ба натиҷаҳои пешрафти илму техника ва технологияҳои замон гардида, давлати моро аз ҳар гуна хатарҳо ба монанди терроризм, ифротгароӣ, радикализм, хавфу моҷароҳои қавмию мазҳабӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳифз намояд.

Масъалаҳои зикргардида пайваста аз ҷониби Пешвои миллат таъкиду ҳидоят гардида, дар фаъолияти кориашон ҳамчун самтҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.

Бо назардошти ин, ба нашр расидани асари Пешвои миллат бо номи «Чеҳраҳои мондагор» асос ва ибтидо барои расидан ба худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, омӯзиши он маърифати худогоҳӣ ва худшиносии ҷавононро дучанд меафзояд.

Дар давраи роҳбарӣ яке аз пешниҳодҳои беназир ва бебаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин нашри такрории китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва ба ҳар як оилаи тоҷик туҳфа намудани ин асари аз лиҳози таърихӣ беназир аз садоқат ба миллату ватан ва сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат дарак медиҳад. Назар кардан ба сафҳаҳои гузаштаи таърих, исботи гиромидошти забон ва мероси фарҳангӣ, таҳкими суннатҳои давлатдорӣ, ташаккули расму оинҳои миллӣ ба шумор меравад.

Пешвои миллат зимни баромади худ иброз доштанд: «Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангияшро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ мутеъи тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Бояд ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ донад, ки дар ин шароити буҳрони иқтисодӣ, маънавӣ ва вазъияти бениҳоят мураккаби сиёсии ҷаҳони имрӯза Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутунҳои давлатдориро мустаҳкам намуда, мардуми Тоҷикистонро ба ҳам овард ва зери парчами ваҳдату ягонагӣ муттаҳид намуд.

Тайи солҳои охир маҳз бо шарофати амалисозӣ ва татбиқи сиёсати байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барпо намудани муносибатҳои дӯстонаву манфиатбор бо шарикони стратегӣ, аз ҷумла  бо як қатор давлатҳои Осиёю Аврупо робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва рушд ёфтани ҳамкориҳо дар масоили мухталиф барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи боэътимод гардид.

Масъалаҳои зикргардида ва дастовардҳо дар ҷодаҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, дастовардҳои муҳими дипломатияи ҳамкорӣ, иқдомҳои созандаи Сарвари давлат собит месозанд, ки сиёсати хориҷии кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба самти натиҷабахш ва рушду нумӯи кишвар нигаронида шудааст.

Иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар Форум ва Конфронсҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ, Мизҳои мудаввари сатҳи баланди Саммитҳои ҷаҳонӣ, пешниҳодҳои мушаххас оид ба тағйирёбии иқлим дар Созмони Милали Муттаҳид иқдомҳои бесобиқа дар раванди амалишавии бомароми ташаббусҳои оламшумули Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим ба шумор рафта, бори дигар собит сохтанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон ба нафъи аҳли башар метавонад шарики боэътимод бошад.

Ширкати фаъолонаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалии самитҳои гуногун, аз ҷумла; сиёсӣ, амниятӣ, иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ эътибору нуфузи кишвари моро баланд бардошта, аз шарики боэътимоди минтақавӣ будани он шаҳодат медиҳад, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ гардидаанд.

Айни замон аз ҷониби баъзе аз давлатҳои абарқудрат пешбурди сиёсати духура роҳандозӣ гардидааст, ки ин омил ба шиддат ёфтани муборизаҳои мухталиф барои дар минтақаҳои алоҳида ҳукмрон шудан ва даст ёфтан ба захираҳои моддии кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва неруи ҳарбӣ заифтар замина гузошта, ба зиёд шудани амалҳои террористиву ғайриинсонӣ ва тағйир ёфтани вазъи сиёсию амниятӣ, инчунин доман паҳн намудани нооромию низоъҳо дар миқёси ҷаҳон гаштааст.

Сар задани чунин зуҳуроти номатлуби аср ба рушду нумӯи давлатҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва ҳудудӣ хурду бузург садди роҳ гашта, сабаби коҳиш ёфтани ҳамдигарфаҳмӣ, суботу оромӣ, танзими тартиботи ҳуқуқӣ гардидааст.

Рушди устувори давлату ҷомеа, низоми устувори ҳуқуқӣ ва волоияти қонунгузорӣ, рушд бахшидани низоми ҳуқуқии ватанӣ, мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба шароити муосир, қабули қонунҳои нав бо назардошти манфиатҳои миллӣ, воло донистани қонуният, риояи бечунучарои тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои мутташакилона, терроризм ва ифротгароӣ, бедории сиёсии мардум, худшиносӣ ва худогоҳию садоқат ба ватану сиёсати давлатӣ, иттиҳод ва ваҳдат зери як парчаму як Роҳбар суботу амнияти миллӣ ва осоиштагии моро таъмин менамояд.

Бояд ҳар як мақомоти давлатӣ, бахшҳои хусусӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва  ҳар як фарди бо нангу номуси ҷумҳурӣ дар таъмини волоият ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, гиромидошти муқаддасот ва арзишҳою  музаффариятҳои миллӣ, дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва тарбияи ахлоқии ҷамъият саҳмгузор бошад.

Дар шароити муосир омилҳои таъсиррасонӣ ба тафаккури ҷомеа, хусусан ҷавонон, ба равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо афзоиш ёфтани технологияҳои компютерӣ ва мобилӣ зиёд гашта, аз тамоми табақаҳои аҳолӣ фикру андешаҳои созанда, ташвиқу тарғиби андешаҳои солим, баёни ақидаҳои фарҳангпарвару омӯзиши илму маърифатро тақозо намуда, дур буданро аз андешаҳои носолим, бадахлоқӣ ва амалҳои зиддидавлатию зиддиинсонӣ талаб менамояд.

Ҳар фарди имрӯзаи ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки дар назди ҷомеа ва давлат масъулияти баланди шаҳрвандиро эҳсос намуда, дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон, дар рӯҳияи ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз ватану арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги худ ва  тарбия намудани онҳо саҳмгузор буда, ахлоқи ҳамида дошта бошад ва дар ҳурмати падару модар, дӯст доштани табиати Тоҷикистон ва дар  ободонии  кишвари маҳбубамон саҳми босазо дошта бошад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 Сарвари давлат иброз намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки самти маориф дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ба шумор меравад.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дастовардҳои мардуми шарафманди тоҷик таҳти Сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тамаддунофари мо бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди миллӣ сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, арзишҳои миллии онро гиромӣ медорад, забону таърихи миллат ва Ватани худро ҳифз мекунад, баҳри ободӣ ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол тамоми имкониятро истифода менамояд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати мукаммали сиёсии илмӣ ва амалии фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаётан муҳими кишвар дар роҳи расидан ба арзишҳои волои мардуми Тоҷикистон мебошад.

Меҳвари асосии Паём ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳалли мушкилоти имрӯзаи мардум, фароҳам овардани шароити мувофиқ ба талаботи даврони муосир, ташкили шароити мусоиди фаъолияти корӣ ва шуғли арзанда дастури муҳим ва роҳнамои арзишманд ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 № 668  ба имзо расид, ки татбиқи он ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани доираи дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, ширкати шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеаи Тоҷикистони навин мусоидат менамояд.

Дар ин радиф, бояд тамоми неруямонро ба омӯхтани илму маърифат, донишу таҷриба самаранок сарф намуда, зери Парчами Тоҷикистон ва паҳлуи Роҳбари некӯсиришт, созандаю бунёдкор ба ҳам оем ва баҳри расидан ба қуллаҳои баланди илму маърифат, худшиносиву худогоҳӣ тамоми ҳастиямонро дареғ надорем.

Замоне фаро расидааст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, шароити пешрафти илму техника, рушди технологияҳои муосир, дастовардҳои аз аҷдодон ба мо меросгузошташуда, суботу осоиштагии иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии  имрӯзаи ватани азизамон, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Роҳбари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, шукргузорӣ намуда, дар самти ихтирооту эҷодиёт, кашфи ҷодаҳои мухталифи илму донишҳои гуногун, ҳамсони  гузаштагонамон чун Сино, Рӯдакӣ, Балъамӣ, Берунӣ, Фирдавсию дигарон бори дигар дунёро аз илму дониш ва фарҳангу маданияти тоҷикӣ мунаввар намоем.

Воқеан, таҷрибаи сулҳофарӣ ва мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудаву мавриди омӯзишу амал қарор дорад, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мост.

Аз ин лиҳоз, дар иҷрои ин масъулият, ки вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар яки мо мебошад, ба ҳар яки мову Шумо пайваста тавфиқ  ва садоқат мехоҳам. Зеро ки ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

 Сардори Хадамоти назорати

давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 

С.Маҳмадзода

Яндекс.Метрика