Баргузории чорабинӣ вобаста ба 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

5-уми сентябри соли 2024 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати татбиқи сиёсату ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ  Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дастовардҳои 33 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» чорабинӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Қутбиддинзода Маҳмадтолиб Қутбиддин, сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолии Хадамот Миралиев Абубакр Ҷуребегович, мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати Хадамот Ҳакимзода Саида Раҳмоналӣ, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Пиракова Нушофарин, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Сараввал директори муассиса Пиракова Нушофарин кори ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳайати меҳмонону иштироккунандагонро муаррифӣ намуданд. Номбурда аз ташкили чунин вохӯриҳо минатдорӣ баён намуда, қайд намуданд, ки баргузории он аз манфиат холӣ набуда, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ дар замири омӯзгорону хонандагон таъсири мусбӣ мерасонад.

Сипас мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамот Қутбиддинзода Маҳмадтолиб Қутбиддин дар мавзӯи «Дастовардҳои 33 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баромади муфассал ва пурмӯҳтаво намуданд.

Номбурда қайд намуд, ки дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гашт. Бинобар сабабҳои сар задани нооромӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон имкони ташкили сохтори нави идоракунии давлатӣ имконнопазир гардид.

Аз рӯйдодҳои муҳими сарнавиштсозу бақои миллатамон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунандаро доро мебошад. Иҷлосияи мазкур омил ва воситаи асосӣ барои раҳойии давлати нав мустақилгардида аз оташи ҷанги харобиовар ва барқарорсозии сохтори давлатӣ, таъмини иқтисодию иҷтимоии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат, абармарди замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳодҳои давлатӣ пурра барқарор ва фаъол гардонида шуданд. Дар муддати на чандон зиёд Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммалу фаъоли идоракунии давлатӣ аз ҷумла, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ гардида, рамзҳои давлатӣ қабул, артиши миллию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис гардид. Зеро бештар аз як соли эълон гаштани  Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақил, рамзҳои давлатӣ-Парчам,Нишон,Суруди миллии худро надошт. Аз ин сабаб дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баробари дигар масъалаҳо қабули рамзҳои давлатӣ низ баррасӣ шуданд.

Дар роҳи таъмини истиқлолияти энерегетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд. Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Тайи 33 соли истиқлолӣ чандин ҳазор биноҳои маъмурию маишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки айни ҳол шаҳрвандон аз онҳо истифода менамоянд.

Дар масъалаи пешгирии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ишора гардид, ки терроризм ва экстремизм вабои аср буда, чомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Аз лиҳоз моро зарур аст, ки пайваста савияи динишҳои худро сайқал дода, тоинки фирефтаи гурӯҳҳои эктремистию террористӣ нагардем. Зеро ҷоҳилию нодонӣ ва надоштани дониши кофии динию дунявӣ сабаби ҷалб гардидан ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад.

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ зикр гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мардонгист. Бояд ҷавононро ҳануз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактаби миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дуст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомузанд.

Замима:Матни пурраи “Дастовардҳои 33 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ”

Қутбиддинзода Маҳмадтолиб

Мудири бахши кадрҳо ва корҳои

махсуси Хадамот

 

Дастовардҳои 33 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои собиқи он пайи ҳам соҳибихтиёр шудани худро эълон медоштанд. Аз ҷумла, дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гашт. Вобаста ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ҳамагуна ниҳодҳои идоракунии давлатӣ рамзҳои давлати Тоҷикистонро ба низоми давлатдорӣ мутобиқ менамуданд.Бинобар сабабҳои сар задани нооромӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон имкони ташкили сохтори нави идоракунии давлатӣ имконнопазир гардид.

Аз рӯйдодҳои муҳими сарнавиштсозу бақои миллатамон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунандаро доро мебошад. Он омил ва воситаи асосӣ барои раҳойии давлати нав мустақилгардида аз оташи ҷанги харобиовар ва барқарорсозии сохтори давлатӣ, таъмини иқтисодию иҷтимоии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат, абармарди замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳодҳои давлатӣ пурра барқарор ва фаъол гардонида шуданд. Дар муддати на чандон зиёд Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммалу фаъоли идоракунии давлатӣ аз ҷумла, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ гардида, рамзҳои давлатӣ қабул, артиши миллию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис гардид. Зеро бештар аз як соли эълон гаштани  Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақил, рамзҳои давлатӣ-Парчам,Нишон,Суруди миллии худро надошт. Аз ин сабаб дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баробари дигар масъалаҳо қабули рамзҳои давлатӣ низ баррасӣ шуданд.

24 ноябри соли 1992 дар бораи Низомномаи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ қонуни дахлдор қабул гардид. Суруди миллӣ низ пас аз ҷамъбасти озмун баррасӣ ва тасдиқ шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз 7 сентябри соли 1994 таҳти рақами 1074 аз ҷониби  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Дар асоси ин қонун  иҷрои саросарии Суруди  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 7 сентябри соли 1994 ҷорӣ гардид.

Чун сухан дар бораи рамзҳои давлатӣ меравад, ёдрас шудан бамаврид аст, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ соли 2000-ум пули миллӣ-сомонӣ  ба муомилот бароварда шуд.

Шароити соҳибистиқлолӣ талаб мекард, ки дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида, Конститутсияи  нав қабул карда шавад. Ҳамин тавр 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Президенти кишвар интихоб гаштанд. Баробари рушди ҷомеа  зарурат пеш омад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тағйиру иловаҳо ворид шавад. Бо ин мақсад солҳои 1999, 2003 ва 2016  аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.Мувофиқи тағйироти соли 1999 парламенти касбӣ -Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Самтҳои муҳиму афзалиятнок ҳифзи давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Бахусус ин масъала дар шароити мураккаби вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, осебпазирии истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ аҳамияти бештаре касб менамояд. Дар ин росто ба роҳ мондани равобити хориҷӣ ва муаррифии Тоҷикистон  чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол  мушкилтарин бахшҳои давлатдорӣ дар солҳои аввали истиқлолият ба ҳисоб мерафт.Сарвари давлати Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  29 сентябри соли 1993 бори нахуст аз минбари СММ сухан ронда,ҷомеаи ҷаҳониро  бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна  ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ  бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд. Нақши Пешвои миллат барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон беназир аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият диққати ҷиддӣ дода, зимни суханронии  худ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри соли 2012) чунин таъкид доштанд: «Имрӯз дар ҷаҳон чӣ теъдод миллатҳо барои соҳиби ватан ва давлати худ шудан мубориза мебаранд. Бештари онҳо ҳама чизро доранд, вале чун аз давлати миллӣ маҳруманд, аз ҳаёти худ қаноатманд нестанд».

Моро насиб гашт, ки таҳти роҳбарӣ ва талошҳои зиёди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибистиқлолии кишварамонро аз душманони берунӣ ва бадхоҳони дохилӣ ҳифз намоем. Ин дастовардҳои беназири моро зери роҳбарӣ ва ғамхории Сарвари давлатамон ҷаҳониён низ эътироф карда, онро намунаи ибрат медонанд.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии бисёрсамтаи шуд ба таъмини ҳамкорӣ бо созмону ниҳодҳои байналмилалӣ- Созмони Милали Муттаҳид,Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ,Созмони Ҳамкории Шанхай,Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ афзалият медиҳад.Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати санҷидашудаи  хориҷӣ  ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати дунё робитаи дипломатӣ барқарор намудааст. Дар ин росто зикри як нукта муҳим аст, ки Тоҷикистон  дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.14-уми декабри   соли 2022  Маҷмааи умумии СММ дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 март  ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки  аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод  гашт, якдилона қарор қабул кард. Вобаста ба ин масъала соли 2025  дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи баланди СММ барпо мегардад.

Ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвар имкон фароҳам омад, ки корҳои созандагӣ дар ҳама бахшҳо равнақи тоза ёбанд. Натиҷаи ин пешравиҳо тӯли  беш аз 33-соли соҳибистиқлолӣ назаррасанд ва ба ояндаи боз ҳам беҳтар ҳидоят мекунанд. Аз ҳама муҳим бо гузашти ин солҳо идологияи  нави миллӣ поягузорӣ ва қавию неруманд шудааст,ки бунёдгузори он Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар робита ба дастовардҳои беназири халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин изҳор доштанд: ”Сарфи назар аз ҳамаи мушкилоти давраи гузариш муддати начандон тӯлонии истиқлолиятро бо камоли итминон ва ифтихор метавон марҳалаи авҷи худшиносӣ ва бедории миллии тоҷикон номид. Зеро дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем дар роҳи эҷоди ҷомеаи нави демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузорем”.

Дар роҳи таъмини истиқлолияти энерегетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд. Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Дар давраи истиқлолӣ даҳҳо нерeгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, сохмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ба охир расонда шуд, ба истифда додани марказҳои гарму барқдиҳии Душанбе 1 Душанбе 2 ва ба кор даровардани ду агрегати неругоҳи барқи обии Роғун агрегати якум 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм 9 сентябри соли 2019 ба кор дароварда шуда он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад.

Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе — Хоруғ — Мурғоб, Душанбе — Рашт — Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ, нақби Шаршар ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи рафту омад ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Аз ҳамин лиҳоз ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби охирҳои асри гузашта моро водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот, ва ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон, ру ба тарақи ниҳодани иқтисодиёт, саноати кунонии кишвар ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

Шукри истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем

Аз фурсати муносиб истифода намуда, 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо ва ба кулли мардуми шарафманди тоҷик табрику таҳният гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ, осмони соф, бурдборӣ, толеъи баланд, муваффақият, саодати рузгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонам!!!

Бигзор истиқлолияти давлати тоҷикон то абад чун қуллаҳои сарбаланди кишвар устувору поянда бошад!

Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак!

Қутбиддинзода Маҳмадтолиб

Мудири бахши кадрҳо ва корҳои

махсуси Хадамоти назорати давлатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика