НАҚШИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ ДАР ТАТБИҚИ ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ

Дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таҳрири нав аз 23 июли соли 2016 №1329 ба тасвиб расидааст, бо дарназардошти татбиқи саривақтӣ ва пурраи муқаррароти шартномаи меҳнатӣ байни корфармоён ва кормандон ба нақши шарикии иҷтимоӣ мақоми махсус дода шудааст. Мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур таҳти мафҳуми “шарикии иҷтимоӣ” ҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоию меҳнатие, ки ба таъмини мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд, фаҳмида мешавад.

Шартномаи меҳнатӣ бошад, созиши байни корфармо ва корманд маҳсуб меёбад, ки тибқи он корманд уҳдадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб бошад,) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, уҳдадор аст барои ҳамин кор ба корманд пурра ва сари вақт музди меҳнат диҳад ва шароити меҳнатеро, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ аз тариқи пешбурди музокирот ва машваратҳо, таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳои муштарак, бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва иттилоотонии мутақобилаи тарафҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои қабулгардида мебошад.

Мақомоти асосии низоми шарикии иҷтимоӣ дар тамоми сатҳҳо комиссияҳои сетарафа (дутарафа) ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби комиссияҳо музокироти коллективӣ гузаронида, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таҳия ва баста мешаванд, ҳамчунин рафти иҷрои онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Комиссияҳои сетарафа  аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд.

Ҳамзамон, дар сатҳи соҳавӣ комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ таъсис дода мешаванд. Ҳайати комиссияҳои соҳавӣ, ки ба он намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони кормандон ва корфармоён шомиланд, аз ҷониби тарафҳо ташкил карда мешавад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти шарикии иҷтимоӣ ширкати фаъолона дар раванди таҳия, ба имзо расонидан ва таҳти назорат қарор додани татбиқи муқаррароти шартномаи меҳнатӣ байни корфармоён ва кормандон ба ҳисоб меравад.

Тарафҳои шарикии иҷтимоӣ бояд аз чунин нуктаҳои асосии шартномаи меҳнатӣ, аз қабили:

— хусусиятҳои шароити меҳнат, кафолат ва имтиёзҳо, агар кори иҷрошаванда ба корҳои вазнин ва ё дар шароити зарарнок ё хатарнок мансуб бошад;

— низом ва реҷаи вақти корӣ;

— андозаи музди меҳнат ва дигар шартҳои пардохти музди меҳнат;

— ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо ва корманд;

— кафолат, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо огаҳии пурра дошта бошанд.

Инчунин, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани кормандон ба кори дигар аз ҷониби тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ  низ бояд таҳти таваҷҷуҳи тарафҳои шарикии иҷтимоӣ қарор дошта бошад.

Мутобиқи моддаи 27-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар як ташкилоти давлатӣ (воҳидҳои сохторӣ) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ӯ) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутаборӣ (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад. Аз ин лиҳоз, тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, муқаррароти шартномаи меҳнатиро низ бояд ба мадди назар гиранд.

Бояд қайд намуд, ки дар раванди фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ корфармо ҳуқуқ дорад шароити меҳнатро тағйир диҳад, ба шарте ки чунин тағйирот дар технология ва ташкили истеҳсолии меҳнат пешакӣ муқаррар шуда бошад. Аз ин рӯ, корфармо уҳдадор аст, ки кормандро оид ба дар оянда тағйирёбии шароити меҳнат пешакӣ, на дертар аз ду моҳ, огоҳ созад. Агар корманд дар шароити нави меҳнат ба идомаи кор розӣ набошад, дар ин сурат шартномаи меҳнатӣ метавонад қатъ карда шуда, ба ӯ барои аз кор рафтан ба андозаи на камтар аз ду маоши миёнаи моҳона кумакпулӣ пардохт карда мешавад. Корманд ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҷониби корфармо тағйир додани шароити меҳнат ба суд муроҷиат кунад. Ҳангоми баррасии баҳс корфармо уҳдадор аст, исбот намояд, ки нигоҳ доштани шароити пештараи меҳнат имконнопазир аст.

Зимни ташкил ва гузаронидани мулоқоту машваратҳо бо кормандон, тарафҳои шарикии иҷтимоӣ вазифадоранд, ки ба онҳо ҳолатҳои қатъ шудани шартномаи меҳнатиро фаҳмонанд ва таъкид намоянд, ки қатъшавии амали шартномаи мазкур метавонад бо созиши тарафҳо, бо ташаббуси корманд, бо ташаббуси корфармо, бо гузаштани муҳлат ва бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда сурат гирад.

Дар раванди фаъолияти меҳнатии кормандон баъзан чунин ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки бо сабабҳои барои онҳо номаълум аз ҷониби корфармоён шартномаи меҳнатӣ бекор карда мешавад. Тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, махсусан намояндагони иттифоқи касаба ва иттиҳодияи корфармоён бояд ба кормандон фаҳмонанд, ки шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо метавонад бо асосҳои зерин бекор карда шавад:

— барҳам хӯрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо — шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон;

— қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бинобар иваз шудани молик, ҳангоми ошкор гардидани номувофиқатии корманд ба вазифаи (мансаби) ишғолкардааш ё кори иҷро мекардааш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамин кор халал мерасонад, агар ин номувофиқатии корманд дар натиҷаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад;

— бе сабабҳои узрнок уҳдадориҳои меҳнатиро, ки шартномаи меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи корманд гузоштааст, мунтазам иҷро накардани ӯ, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ шуда бошанд;

— бе сабабҳои узрнок ба кор ҳозир нашудан, аз ҷумла дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз 3 соат набудан дар ҷойи кор;

— ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бе ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷойи корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки бо сабаби осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад;

— дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор;

— ба қувваи қонунӣ даромадани қарори мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба дуздии молу мулк ва дигар кирдорҳое, ки давом додани корро истисно менамоянд;

— аз тарафи корманд содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти коррупсионидошта, ки дар асоси санади судӣ имконияти минбаъд давом додани корро истисно менамоянд;

— аз тарафи корманд давом додани иштирок дар корпартоӣ баъд аз ба маълумоти ӯ расонидани қарори суд дар хусуси ғайриқонунӣ эътироф намудани корпартоӣ ва ё манъи корпартоӣ;

— қатъ гардидани иҷозати корманд ба сирри давлатӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— аз тарафи роҳбари мақомоти иҷроияи корфармо, муовини ӯ ва ё роҳбари сохтори корфармо вайрон намудани уҳдадориҳои меҳнатӣ, ки боиси расонидани зарари моддӣ ба корфармо гардидааст;

— рад кардани аз муоинаи тиббӣ гузаштан барои муқаррар намудани воқеияти дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда қарор доштан;

— аз тарафи корманд вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ё бехатарӣ аз сӯхтор ва ё ҳаракат дар нақлиёт, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз ҷумла ҷароҳат ва садама гардидаанд ё метавонад гарданд;

— аз тарафи корманд фош намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда, ки ба ӯ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ маълум шудаанд;

— қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шахси дар ду ё якчанд ҷой коркунанда бинобар қабули шахсе, ки дар ду ё якчанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардонидани кор дар якчанд ҷой, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст;

— вайронкунии дағалонаи якдафъаинаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовини ӯ;

— аз ҷониби корманде, ки бо дороиҳои пулию молӣ бевосита кор мекунад, содир намудани кирдори зиддиҳуқуқие, ки барои нисбат ба ӯ гум шудани боварии корфармо асос мегардад;

— аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир кардани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор мувофиқ намебошад;

— пешниҳоди маълумоти нодуруст, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва риоя накардани дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул ба кор;

— манфӣ будани натиҷаи кор дар давраи муҳлати санҷиш ҳангоми ба кор қабул намудан.

Ҷоизи таъкиди махсус мебошад, ки беэътибор донистани шартномаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо сабаби ба корманд напардохтани музди меҳнат, ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва дигар имтиёзҳо шуда наметавонад.

Ҳамин тариқ, нақши шарикии иҷтимоӣ дар раванди татбиқи шартномаи меҳнатӣ, катъиян риоя гардидани муқаррароти он ҳам аз ҷониби корфармо ва ҳам аз ҷониби корманд, ки яке аз омилҳои самаранокии фаъолияти меҳнатӣ маҳсуб меёбад, хеле муассир мебошад. Маҳз бо ҳамин роҳ, яъне роҳандозии қонунии муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси муқаррароти шартномаи меҳнатӣ барои таъмини шуғли пурмаҳсул заминаи устувор ба вуҷуд меояд.

Бадриддин ИМОМЗОДА,

муовини сардори Хадамоти назорати давлатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика