ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА МАСОИЛИ ҲИФЗИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОН

Хоркашов С.П.,

Аълочии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон,

мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Муассисаи давлатии

«Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»

 

Раванди гузариши аксари мамлакатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди рақамӣ дар натиҷаи таъсири афзоянда ва муассири раванди паҳншавии батадриҷи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин хусусияти оммавӣ гирифтани истифодабарии онҳо, иқдоми зарурӣ гардидааст.

Дар Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, таҳти №642 тасдиқ карда шудааст, ҳадафи гузариш ба иқтисоди рақамӣ чунин маънидод мегардад: «Консепсия ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, инъикоскунандаи дурнамои умумии истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ҳамзамон ҳар чӣ зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расидани он ва ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои асосӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табодули он ба кишвари транзитӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Ҷорикунии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои пешқадам бояд асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рушди рақобатнокии байналмилалии кишвар гардад. Рақамикунонии иқтисодиёт барои таъсиси амсилаи нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, такон додан ба табодули намудҳои мавҷуда ва рушди намудҳои нави истеҳсолот, таҳкими тамоюли содиротӣ ва ҳамзамон қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ бо роҳи воридотивазкунӣ имконият фароҳам меорад.

Консепсия ба гирифтани дивидендҳои рақамӣ дар чунин  масъалаҳои барои рушди миллӣ басо муҳим, ба монанди таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, табодули соҳаи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст”. [2. с.1]

Иқтисоди рақамӣ аз нигоҳи олимон ва коршиносони соҳаи бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ — ин роҳи рушди инноватсионии иқтисод, бозори меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии мамлакат мебошад.

Иқтисоди рақамӣ барои ҳар як давлат хусусиятҳои хоси зерини худро дорад:

— Таҳти таъсири пешрафти илмӣ-техникӣ ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ вусъат ёфтани раванди табақабандӣ ва чандирияти ҷузъҳои бозори меҳнати мамлакат;

— Ташаккулёбии шаклҳои нави ғайримуқаррарии шуғли аҳолӣ;

— Ташаккулёбии намудҳои нави муносибатҳои меҳнатӣ,  фарди-гардонии онҳо ва амсилаҳои нави муайянсозии арзиши қувваи корӣ.

Дар иқтисоди рақамӣ ҷойи корӣ низ «рақамӣ» мегардад ва он дар навбати худ ҳам технологияю воситаи меҳнат ва ҳам  натиҷаи истеҳсолию механизми арзёбии ҷойҳои корӣ дар иқтисоди рақамӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин ҷост, ки омӯзиш, таҳлил ва арзёбии ҷойҳои корӣ дар иқтисоди рақамӣ аз ҷумлаи  масъалаҳои асосии илмӣ ва амалӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар бораи таъсири иқтисоди рақамӣ ба масоили ҳифзи меҳнати кормандон ду нуқтаи назари мухталиф вуҷуд дорад. Ҷонибдорони нуқтаи назари якум чунин мешуморанд, ки иқтисоди рақамӣ барои маълумотҳои шахсии кормандон хатари кибертаҳдидиро эҷод мекунад, ғуломии «рақамӣ»-ро ба вуҷуд меорад,  теъдоди бекоронро дар бозори меҳнат афзоиш медиҳад ва ниҳоят, дар байни кормандон тафовути «рақамӣ» мегузорад.

Аз диди ҷонибдорони нуқтаи назари дуюм, ки муаллифи маърӯза онро ҷонибдорӣ менамояд,  иқтисоди рақамӣ дар пайи худ оқибатҳои мусбии зерин дорад:

— Бар асари он ҳосилнокии меҳнати кормандон меафзояд ва ин омили муассири болоравии сатҳи музди меҳнати онҳо мегардад;

— Қобилияти рақобатпазирии кормандон-донандагон ва истифодабарандагони воситаҳои муосири технологияҳои иттилоотӣ-коммуникативӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ қавитар мегардад;

— Хароҷоти истеҳсолӣ коҳиш меёбад ва ин ба корфармо имкон медиҳад, ки барои фонди музди меҳнати кормандон маблағи бештар ҷудо намояд;

— Таҳти талаботи соҳаҳо ва бахшҳои нави иқтисодӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.

Падидаи иқтисоди рақамӣ «Дафтарчаи электронии меҳнатӣ»  имкон медиҳад, ки заминаҳои иттилоотии маълумот роҷеъ ба фаъолияти кормандон устувор гардонида шаванд ва муносибатҳои меҳнатии байни кордиҳанда ва корманд дар доираи қонун ба роҳ монда шаванд.

Ҷоизи таъкид аст, ки айни замон яке аз сабабҳои асосии сари вақт ва пурра пардохт нагардидани музди меҳнати кормандон, ин бидуни ба имзо расонидани карордоди меҳнатӣ дар байни кордиҳанда ва корманд ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатии кормандон дар корхонаҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият ба ҳисоб меравад.

Иқтисоди рақамӣ барои дар шакли электронӣ роҳандозӣ намудани гардиши ҳуҷҷатҳои кадрӣ дар корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо имкони мусоид фароҳам меоварад, ки дар доираи он тадбирҳои марбути ҳифзи меҳнати кормандон, аз қабили бакорқабулкунӣ, баҳисобгирии вақти корӣ, рухсатиҳои меҳнатӣ ва дигар самтҳои фаъолияти меҳнатии корманд тибқи талаботи қонунгузории меҳнати ҷумҳурӣ роҳандозӣ гарданд. Кормандон метавонанд тавассути алоқаи тарафайни электронӣ сари вақт аз навгониҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохиликорхонавӣ ва умумиҷумҳуриявӣ огаҳӣ пайдо намоянд.

Қадами дигари иқтисоди рақамӣ дар роҳи ҳифзи меҳнати кормандон, ин ҷорӣ намудани назорати электронӣ — ҳамкории мутақобилаи байни кордиҳанда, нозирон оид ба меҳнат дар самти баррасии муроҷиати кормандон маҳсуб меёбад.

Ҷоизи қайд аст, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар оғози соли 2021 қадами устувори гузариш ба иқтисоди рақамӣ гузошта шуд. Татбиқи нахустин барномаи электронии “eDonish” дар 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт фаъол гардонида шуда, дар 20 муассисаи дигар муаррифӣ гардид. То саршавии соли нави таҳсили 2021-2022 барномаи мазкур дар 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дигари шаҳри Душанбе мавриди татбиқ қарор гирифт.

Моҳиятан, «eDonish» — ин барномаи амали инноватсионии рақамии таҳсилотӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он ворид намудани ислоҳот ба низоми таҳсилот тавассути татбиқи ҷузъҳои «ҳукумати электронӣ» мебошад. Он идоракунии тамоми иттилооти марбути раванди таҳсилро пешбинӣ менамояд. Инҳо баҳоҳо, ҷадвали дарсҳо, маҳфилҳои хонандагон дар муассисаи таҳсилотӣ, ҷаласаҳои падару модарон мебошанд. Ҳамзамон, барномаро метавон як воситаи таҳлилӣ ном бурд, зеро ки он фарогири арзёбии муваффақиятҳои хонандагон, рафтори онҳо, вазъи иштироки онҳо дар машғулиятҳои дарсӣ ва дигар ҷанбаҳои таҳсили хонандагон мебошад.[5]

Ҳадафи барномаи мазкур таъмини равобити бевосита, ҳамкории муассисаи таҳсилотӣ бо оилаҳо ва ҷомеа, инчунин баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилот маҳсуб меёбад.

Аз тарафи дигар, барнома як воситаи муҳими ҳифзи меҳнати омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Зеро ки тавассути он раванди фаъолияти меҳнатии омӯзгорон осонтар мегардад. Робитаи онҳо бо волидони  хонандагон хусусиятҳои муназзам ва мунтазам мегирад. Азбаски барномаи “eDonish” хизматрасонии электронӣ мебошад, тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

Тавассути ин барнома волидон метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасанд, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд.

Дар навбати худ барномаи “eDonish” ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намоянду роҷеъ ба раванди таҳсили ҳар як фарзанди хонандаи худ ва сатҳи пешрафти ӯ иттилооти саривақтӣ ва воқеӣ дар ихтиёр дошта бошанд.

Ҳамин тариқ, иқтисоди рақамӣ метавонад тавассути устувор гардонидани ниҳоди шарикии иҷтимоӣ сатҳи ҳифзи меҳнати кормандонро ба дараҷаи талаботи қонунгузорӣ мутобиқ гардонад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади гузариш ба иқтисоди рақамӣ тадбирҳои зайл бояд мавриди татбиқ қарор дода шаванд:

  1. Фароҳам гардонидани заминаҳои моддӣ-техникии гузариш бо роҳи ҷорӣ намудани истифодабарии васеи воситаҳои муосири технологияҳои иттилоотӣ-коммуникативӣ. Бояд қайд намуд, ки то миёнаҳои соли 2021 теъдоди симкорти истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ 7 миллиону 571 ҳазору 500 ададро ташкил медиҳад. [1]
  2. Такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ ва бартарафсозии ақибмонии онҳо аз талаботи воқеии бозори меҳнат.
  3. Беҳсозии вазъи корҳои баҳисобгирӣ ва оморӣ дар самти шаклҳои нави шуғли аҳолӣ.
  4. Боз ҳам устувортар гардонидани ҳамкориҳои тарафайни байни субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ дар доираи шарикии иҷтимоӣ.

Иқтисоди рақамӣ таконбахши раванди ташаккулёбии муназзами  шуғли пурмаҳсул, афзоиши бемайлони ҳосилнокии меҳнат ва ташкили бозори меҳнати рақобатпазир, ки аз ҷумлаи авомили болобарандаи сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбанд, ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, рақамикунонии иқтисоди ҷумҳурӣ ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмини ҳифзи меҳнати кормандон мебошад.

 

Адабиёт:

  1. Каримзода Б. Истифодабарандагони интернет – 3,34 миллион нафар. Нашрияи «Садои мардум», №93 (4355), 15.07.2021.
  2. Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30 декабри соли 2019, №642.
  3. Холматов М.М. Нақши давлат дар ташаккули иқтисодиёти рақамии Тоҷикистон. Маҷаллаи илмии «Иқтисодиёти Тоҷикистон», 2018, №2. –Саҳ. 34-41.
  4. Холматов М.М. Хусусиятҳои рушди иқтисоди рақамӣ ҳангоми гузариш ба рушди инноватсионии иқтисодиёти Тоҷикистон. Маҷаллаи илмии «Иқтисодиёти Тоҷикистон», 2017, №3. –Саҳ. 119-134.
  5. Цифровизация в новом учебном году: инновационный продукт «eDonish» будет запущен осенью. https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20210701/tsifrovizatsiya-v-novom-uchebnom-goduinnovatsionnii-produkt-edonish-budet-zaputshen-osenyu.
  6. Шарифзода М., Ризоқулов Т. Технологияҳои рақамӣ – омили рушди иқтисодиёт. Нашрияи «Омӯзгор», 25.06.2020, №26 (12250). -Саҳ. 9.

 

     

 

 

Яндекс.Метрика