Нақши Инспексияи давлатии меҳнат дар таъмини Ҳифзи меҳнат

 

Маъруза бахшида ба Рӯзи байналмилалии Ҳифзи меҳнат

Масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат ва пешгирии афзоиши он дар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳти назорати доимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қарор дорад.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва аҳолӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро бо мақсади таъмини назорати давлатӣ ва санҷиши риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.  Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.

Инчунин, дар Конвенсияҳои ТБМ №95 аз 1 июли соли 1949 ва №131 аз 29 апрели соли 1972 уҳдадориҳои ҳатмии корфармо оид ба пурра ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пардохт намудани музди меҳнат пешбинӣ гардидааст.

Музди меҳнат – маҷмӯи подошҳои бо воҳиди пулӣ ҳисоб карда шудае мебошад, ки корфармо уҳдадор аст, онҳоро ба корманди кироя барои корҳои амалан иҷрошуда, ҳамчунин барои он муддате, ки ба вақти корӣ дохил мешавад, пардохт намояд.

Ба ғайр аз он, тибқи қисми 1 моддаи 162 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини пардохти музди меҳнат корфармо уҳдадор аст, ки фонди захиравии музди меҳнатро таъсис диҳад.

Сабабу омилҳои пайдоиш ва  мавҷудияти қарздорӣ аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ гуногунанд.  Ба қарздорӣ аз музди меҳнат дар солҳои гузашта, агар бештар омилҳои соҳаи кишварзӣ сабабгор бошанд, барои афзоиши ин падида дар соли қаблӣ аллакай метавон гуфт, ки бӯҳрони молиявӣ дар давраи таъсири пайомадҳои бемории сироятии COVID -19 таъсири бевосита дорад. Дар шароити бӯҳрони молиявӣ барои нармтар сохтани вазъ дар таъмини музди меҳнат ва роҳ надодан ба амалҳои сӯистеъмолонаи корфармоён дар ин раванд, зарур аст то  чораҳои иловагии қонунӣ барои таъмини ин кафолати давлатӣ роҳандозӣ карда шаванд. Аз натиҷаи назорату санҷиш ва таҳлилҳо бармеояд, ки дар аксари ҳолатҳо сабаби қарздории музди меҳнатӣ кормандон дар он аст, ки дар шартномаҳои ҳуқуқӣ-граждании миёни субъектҳои хоҷагидор барои иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо, аз ҷумла дар харҷномаҳои корҳо ва нақшаҳои тиҷоратии қарзӣ ҳиссаи музди меҳнат муайян карда намешавад. Натиҷаи чунин амалия ин аст, ки корҳо иҷро карда мешаванд, зеро хароҷоти масолеҳу дигар мавод заминаи молиявӣ доранд, вале ҳаққи корманд боқӣ мемонад.

Тибқи муқаррароти қисми 5 моддаи 158 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармоиши Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ «Дастурамал дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат» — аз 25 декабри соли 2008, №75 ва Фармоиши муштарак “Дар бораи тасдиқи Дастурамали тавсиявӣ оид ба тартиби ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рузҳои истироҳат ва ид» — аз 24 июни соли 2019, №62 дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат, тасдиқ карда шудааст. Дар ҳолати бо айби корфармо аз муҳлати муқарраргардида дертар пардохт карда шудани музди меҳнат, корфармо вазифадор аст, ки ба корманд бо андозаи меъёри баҳраи бонкии дар давраи иҷрои кор ва рӯзи пардохти музди меҳнати мавҷуд буда, барои ҳар як рӯзи таъхир маблағи иловагӣ пардохт намояд.

Ҷазои маъмурӣ чораи маҷбуркунии давлатиест, ки бо мақсади дар руҳияи риояву иҷрои бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахсони содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад.

Мутаассифона ҷавобгарии пешбинишудаи маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар ин самт натиҷаи самаранок надода истодааст.

Чунончи, тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сари вақт напардохтани музди меҳнат, нафақа, идрорпулӣ, кӯмакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони масъул ба андозаи аз 20 (1280 сомонӣ) то 30 (1920 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ муқаррар карда шудааст.

Тибқи қисми 2 ҳамин модда барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ба шахсони масъул ба андозаи аз панҷоҳ (3200 сомонӣ) то сад (6400 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ карда шудааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 1531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳо танҳо барои корфармо, роҳбари корхона, муассиса ё ташкилот новобаста аз шакли моликияташон ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардида, бинобар зиёда аз ду моҳ напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ ё дигар пардохтҳои бо қонун муқарраргардида, агар ин кирдор бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда бошад, ҷарима ба андозаи аз дусад (12800 сомонӣ) то панҷсад (32000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи мақсад аст, ки моддаи зикргардидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам мавриди таҳлилу омӯш қарор дода шуда, доираи субъектҳои ҷиноятӣ барои қасдан, яъне дидаю дониста пардохт накардани музди меҳнат мушаххас ва ҷазои ҷиноятӣ пурзур карда шавад.

 

 

Камбудиҳои ситодҳои шаҳру ноҳияҳо

 

Ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба бартарафсозиии қарздории музди меҳнат фаъолияти худро дар асоси Низомномаи намунавии ситоди корӣ оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат, ки бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз 28 июли соли 2016, №128 дар асоси супориши Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ  тасдиқ шудааст ва қарору амрҳои раисони шаҳру ноҳияҳо дуруст ба роҳ монанд

Аз ҷониби ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон, НТМ ва шаҳри Душанбе оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои чораҳои дахлдор андешида намешавад. Ҷаласаҳои ситодҳо дар аксар ҳолатҳо рӯякӣ гузаронида мешавад, яъне таҳлили воқеии қарздории корхонаву ташкилотҳо пурра муайян карда намешавад, вазъи қарздории дебиторӣ муайян карда намешавад ва ҷиҳати бартараф намудани он мусоидат ва тавсияҳои дахлдор дода намешавад. Аз ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қотъиёна талаб карда мешавад, ки таъсиси фонди захиравии музди меҳнат дар корхонаву ташкилотҳо талаб карда шавад, дар ташкилотҳои қарздор  бояд ба пардохти музди меҳнат афзалият дода шавад, на ин ки пардохти қарзҳои бонкӣ ё андозҳо.

Мувофиқи маълумотҳои мазкур аз ин маблағи қарздории пардохти музди меҳнат 3 млн. 320 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи саноати коркард, 14 млн. 111 ҳазору 700 сомонӣ ба соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, 5  млн. 664 ҳазору 300 сомонӣ ба соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор, 3 млн. 486 ҳазору 700 сомонӣ ба соҳаи сохтмон, 3 млн. 002 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа, 985 ҳазору 200 сомонӣ ба соҳаи хоҷагии кишоварзӣ, 322,2 ҳазор сомонӣ ба соҳаи фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ, 627,5 ҳазор  сомонӣ ба соҳаи иттилоот ва алоқа, 101,8 ҳазор сомонӣ ба соҳаи таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво, 176 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи идоракунии давлатӣ, мудофия, амният ва суғуртаи иҷтимоӣ, 217 ҳазору 800 сомонӣ ба соҳаи савдои яклухт ва чакана, таъмири нақлиёт, 1 млн. 627 ҳазору 300 сомонӣ ба соҳаи маориф ва ба дигар соҳаҳо 12 ҳазор сомонӣ  рост меояд.

Тибқи маълумоти расмӣ қарзи музди меҳнати кормандон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 84 млн. 780 ҳазору 400 сомониро ташкил медод, ки нисбат ба 1 январи соли 2022 (36 млн. 566,2 ҳазор сомонӣ) 48 млн. 214,1 сомонӣ коҳиш дода шуд.

Тибқи маълумоти расмӣ қарзи музди меҳнати кормандон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 марти соли 2022 33 млн. 655 ҳазору 576 сомониро ташкил медиҳад.

Бевосита бо таъсири фаъолияти кормандони Хадамот дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳангоми санҷиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба ҳолати 1 марти соли 2021 (85 млн. 702 ҳазору 339 сомонӣ) 52 млн. 046 ҳазору 763 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Мувофиқи маълумотҳои мазкур аз ин маблағи қарздории пардохти музди меҳнат 3 млн. 320 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи саноати коркард, 14 млн. 111 ҳазору 700 сомонӣ ба соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, 5  млн. 664 ҳазору 300 сомонӣ ба соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор, 3 млн. 486 ҳазору 700 сомонӣ ба соҳаи сохтмон, 3 млн. 002 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа, 985 ҳазору 200 сомонӣ ба соҳаи хоҷагии кишоварзӣ, 322,2 ҳазор сомонӣ ба соҳаи фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ, 627,5 ҳазор  сомонӣ ба соҳаи иттилоот ва алоқа, 101,8 ҳазор сомонӣ ба соҳаи таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво, 176 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи идоракунии давлатӣ, мудофия, амният ва суғуртаи иҷтимоӣ, 217 ҳазору 800 сомонӣ ба соҳаи савдои яклухт ва чакана, таъмири нақлиёт, 1 млн. 627 ҳазору 300 сомонӣ ба соҳаи маориф ва ба дигар соҳаҳо 12 ҳазор сомонӣ  рост меояд.

Дар маҷмӯъ шумораи корхонаҳои қарздор аз музди меҳнат ба ҳолати 1 марти соли 2022 дар ҷумҳурӣ 54 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати 5430 нафар кормандон рост меояд. Аз ҷумла, 11 корхонаҳои қарздор ба вилояти Хатлон, 19 корхона ба вилояти Суғд, 20 корхонаҳои қарздор ба ноҳияҳои тобеъи марказ (7 адад ба минтақаи Ҳисор, 12 адад минтақаи Ваҳдат ва 1 адад минтақаи Рашт), 2 корхонаҳои қарздор дар шаҳри Душанбе ва 2 корхонаҳои қарздор ба ВМКБ рост меояд.

Дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1 марти соли 2022 (2 млн. 812 ҳазору 072 сомонӣ) нисбат ба ҳолати 1 марти соли 2021 (дар вилояти Хатлон 11 млн. 218 ҳазору 121 сомонӣ) ба андозаи 8 млн. 706 ҳазору 049 сомонӣ коҳиш дода шуд.

Дар шаҳри Душанбе ба ҳолати 1 марти соли 2022 (5 млн. 870 ҳазору 800 сомонӣ) нисбат ба 1 марти соли 2021 (8 млн. 599 ҳазору 100 сомонӣ) 2 млн. 728 ҳазору 300 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 марти соли 2022 (5 миллиону 075 ҳазору 188 сомонӣ) нисбат ба 1 марти соли 2021 (46 миллиону 285 ҳазору 566 сомонӣ) 41 миллиону 210 ҳазору 378 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузор муайян намудааст, ки корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷро намудааш, музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд. Меъёри мазкур баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои корманд ба пардохти саривақтии музди меҳнат барои кори иҷронамудааш пешбинӣ гардида бошад ҳам, дар амал аксаран аз тарафи корфармоёни бемасъулият беиҷро мондааст.

Ба сифати чораи ниҳоӣ, ки метавонад дар шароити бӯҳрони  молиявӣ ва вобаста ба ҳолати молиявии корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ барои таъмини музди меҳнати кормандон истифода гардад, ин унификатсияи (ба як шакл даровардани) андозаҳои музди меҳнат аст. Аз вазъияти мавҷуда бармеояд, ки дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявӣ бештар корхонаву муассисаҳои саноатӣ ва истеҳсолии дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба мушкилоти пардохти музди меҳнат мувоҷеҳ шудаанд. Аз як ҷониб ба фурӯш нарафтани маҳсулоти корхонаҳо, аз ҷониби дигар рақобатпазир набудани  онҳо сабабгори чунин ҳолат маҳсуб мешаванд. Муваққатан паст кардани андозаи музди меҳнат, кам намудани дигар хароҷоти дуюму сеюмдараҷа ҷиҳати сарфаи маблағҳои фонди музди меҳнати корхонаҳо мусоидат намуда, пардохти саривақтии музди кор ва пешгирии ихтисоршавии оммавии кормандонро дар вазъияти баамаломада то андозае таъмин карда метавонад. Қайдаш бамаврид аст, ки чорабинии мазкур бояд тавассути гуфтушунидҳо миёни корфармоён ва кормандон бо ризоияти коллективҳои меҳнатӣ анҷом дода шуда бо шартномаҳои коллективӣ ба расмият дароварда шавад.

Аз ин лиҳоз, баҳри беҳбудӣ бахшидан ба вазъи  феълии  пардохти музди меҳнат дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТМ ва шаҳри Душанбе пешниҳод менамоем: Барои таъмини пардохти саривақтӣ ва пурраи қарздории музди меҳнат, бобати ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ додани ваколати ба суд муроҷиат намудан бо аризаи даъвогӣ бе пардохти боҷи давлатӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор”, Кодексҳои мурофиавии иқтисодӣ ва мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Корхонаву ташкилотҳои вилояти Хатлон, НТМ ва шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо ситодҳои доимоамалкунанда оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнати  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТМ ва шаҳри Душанбе, ҷадвали бартарафсозӣ тартиб дода, тибқи он давра ба давра пардохти қарзи музди меҳнатро дар ташкилотҳои худ таъмин намоянд.

Ситодҳои доимоамалкунанда оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнати шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТМ ва шаҳри Душанбе мониторинги муайянсозии қарздории музди меҳнати аз омори расмӣ пинҳонро гузаронида, дар ҳамкорӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмӣ намудани қарздорӣ аз музди меҳнат чораҳои дахлдор андешад.

Дар ҳама гуна шартномаҳои меҳнатӣ ва шартномаҳои ҳуқуқии гражданӣ ҳатман пешбинӣ намудани ҳиссаи музди меҳнат, дар акси ҳол ҷиҳати бекор намудани шартномаҳо чораҳои қатъӣ андешида шавад.

Аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 дар маҷмӯъ 179 адад ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 238 600 сомонӣ танҳо нисбати шахсони масъули корхонаву ташкилотҳо, яъне сармуҳосибон ва роҳбарони иҷроияи корхонаҳо татбиқ гардидааст.

Дар давоми семоҳи аввали соли 2022 барои пайдоиши қарздорӣ ва сари вақт пардохт накардани музди меҳнат нисбати 14 роҳбарон ва шахсони масъули корхонаву ташкилотҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тибқи талаботи моддаи 134, қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумхурии Тоҷикистон ба маблағи 17760 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ тадбиқ карда шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 107 маводҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда шуд. Дар ҳамин давра нисбати 9 адад роҳбарони корхонаву ташкилотҳо аз тарафи мақомоти Прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҷиҳати бартараф намудани қарздории музди меҳнати боқимонда дар тулъи як соли охир, ҳамкориро бо ситодҳои доимоамалкунанда вобаста ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат ва прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ҷоннок карда, дар натиҷа, қарздории музди меҳнати кормандони 24 корхонаву ташкилотҳо (5 адад аз вилояти Хатлон, 16 адад ан ноҳияҳои тобеъи марказ, 2 адад вилояти Суғд ва 1 адад ВМКБ) ба пуррагӣ бартараф карда шудааст. Ҳамзамон, 6 корхонаву ташкилотҳо бошад, қарздорӣ аз музди меҳнат мутаносибан кам карда шуд.

Инчунин, иловатан тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2022 дар вилояти Хатлон қарздории музди меҳнати кормандони 5 корхонаву ташкилотҳо ба пуррагӣ бартараф карда шудааст. Ҳамзамон, 5 корхонаву ташкилотҳо бошад, қарздорӣ аз музди меҳнат мутаносибан кам карда шуд.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ минбаъд ҳам ҷустуҷӯи шаклу усулҳои навӣ корро давом дода тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини волоияти қонун дар бораи музди меҳнат, пардохти саривақтии музди меҳнат, васеъ истифода намудани муҷозот ҳангоми ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнатро тақвият бахшида, мониторинги мунтазами қарздории музди меҳнаткашонро  ба роҳ монад. Инчунин бо мақсади мусоидат намудан ба кам намудани андозаи қарзи музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, қоидаҳои бехатарии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ҷиҳати бевосита дар тамос шудан бо кормандон, ки сари вақт музди меҳнаташонро нагирифтанд, тариқи телефонҳои боварие, ки дар сохторҳои Хадамот таъсис дода шудааст, такмил дода мешавад.

 

Муродзода Д.Ҳ. — Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2, дорандаи мукофотҳои давлатии медали «Хизмати шоиста» (2009) ва ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2021)

 

Яндекс.Метрика