ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Алоқамандони гиромӣ, дар сомонаи расмии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон саҳифаи тозае бо унвони «Ҳифзи меҳнат” кушодаем, ки ба суолҳои шумо муталиқи масъалаҳои ҳифзи меҳнат посух медиҳад. Инак,  шарҳи мудири шӯъбаи ҳифзи меҳнат,     сарнозири меҳнати дастгоҳи марказии Федератсия Акобир Қурбонов оид ба Бозрасии ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

– Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби иттифоқҳои касаба ба амал барварда мешавад. Бо ин мақсад бозрасии иттифоқҳои касаба таъсис дода шуд, ки аз нозирони ҳифзи меҳнат иборат мебошад. Нозирони ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон(фасли 5), қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва Низомнома дар бораи Бозрасии ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки бо қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 2 ноябри соли 2016, № 19/1 бо тағйиру иловагиҳо аз 4 ноябри соли 2020, №1/5 тастиқ шудааст , фаъолият менамоянд. Мутобиқи моддаи 357 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон нозирони ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд:

  • аз ҷониби корфармоён риоя гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳифзи меҳнат назорат кунанд;
  • ташхиси мустақилонаи шароити меҳнат ва таъмини бехатарии кормандони ташкилотро гузаронанд;
  • дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ иштирок кунанд, инчунин мустақилона онҳоро санҷиш намоянд;
  • аз роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилот оид ба шароит ва ҳифзи меҳнат, инчунин дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ маълумот гиранд;
  • дар бораи боздоштани корҳо дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёту саломатии кормандон пешниҳод кунанд;
  • ба корфармоён барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат амрномаҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад;
  • санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои ӯҳдадориҳои корфармоёнро оид ба ҳифзи меҳнат, ки тибқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намоянд;
  • дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат иштирок намоянд, инчунин онҳоро бо тартиби муқарраргардида мувофиқа кунанд;
  • ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки талаботи ҳифзи меҳнатро риоя накардаанд, ҳодисаҳои нохуши дар истеҳсолот рухдодаро пинҳон медоранд, муроҷиат намоянд;
  • дар ҳолати баҳсҳои меҳнатӣ, ки ба вайронкунии муқаррароти Кодекси меҳнат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯҳдадориҳои пешбиникардаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ҷиҳакти ҳифзи меҳнат, инчунин тағйирёбии шароити меҳнат алоқаманд мебошад, иштирок кунанд;

Иттифоқхои касаба ҳуқуқ доранд бемамоният дар ташкилот риояи талаботи ҳифзи меҳнатро санҷида, ба шахсони мансабдор таклифи баррасии ҳатмиро оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод намоянд.

Дар ҳолати 01.01.2022 сол дар ташкилотҳои ҳамузви Федератсия 41 нафар нозирони ҳифзи меҳнат фаъолият менамоянд, ки аз он 18 нафар дар КҶ кормандони соҳаи маориф ва илм, 4 нафар дар КҶ соҳаи агросаноатӣ, 3 нафар дар КҶ соҳаи тандурустӣ, якнафарӣ дар Шӯроҳои вилоятии иттифоқҳои касаба, 3 нафар дар шӯъбаи ҳифзи меҳнати Федератсия  ва дар боқимонда кумитаҳо якнафарӣ нозири ҳифзи меҳнат фаъолият менамоянд. Ба ҳисоби миёна ба як нозир 38 ташкилот ва 22310 нафар коргар рост меояд. Дар соли сипаригашта онҳо 1147 санҷиши ҳолати бехатарии меҳнати кормандонро гузарониданд, ки дар натиҷа 2808 камбудиҳо ошкор карда шуд. Барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоркардашуда 441 амрнома ба унвонии роҳбарони коргоҳо супорида шуд. 1956 камбудиҳо дар мӯҳлатҳои муқаррар гардида бартараф карда шуданд. Аз ҷониби нозирон соли сипаригашта 22 ҳодисаи нохуше, ки дар истеҳсолот рух дода буд, тафтиш гузаронида шуда маводҳои тафтиш ба органҳои прокуратура фиристода шуд. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 15 нафар коргарон фавтидан ва 8 нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Таҳлили сабабҳои ҳодисаҳои нохуше, ки дар истеҳсолот рух дода буд, нишон дод, ки ҳодисаҳо бо сабаби таъмин набудан ё истифода набурдани воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, риоя накардани Қоидаҳои бехатарии меҳнат, бинобар суст будани таълими усулҳо ва тарзҳои бехатарии иҷрои корҳо, дастурдиҳӣ оид ба ҳифзи меҳнат, ба талаботи бехатарӣ ҷавогӯ набудани таҷҳизотҳои корӣ рух додаанд. Дар аксари ташкилоту корхонаҳо, махсусан дар ширкатҳои хусусӣ, хадамоти ҳифзи меҳнат, ки бевосита ба роҳбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда нашудааст.

Санҷишҳои солҳои охир нишон дод, ки баъзе талаботҳои қонунгузорӣ оиди ҳифзи меҳнат дар аксари ташкилотҳо таъмин карда намешавад, Чунончи, аттестатсия ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат гузаронида намешавад, ки ин ба талаботи Кодекси меҳнати ҶТ ҷавобгӯ нест, муоинаи тиббии кормандон аз ҳисоби маблағҳои кормандон гузаронида мешавад, дар аксари ташкилотҳо дастурамал оиди бехатарии меҳнат тартиб дода нашудааст ва ё мӯҳлати истифодабарии онҳо гузаштааст, кормандон бо либоси махсуси корӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ба пуррагӣ таъмин намебошанд.

Дар баробари амалӣ кардани як қатор чорабиниҳо дар фаъолияти ташкилотҳои ҳамузви Федератсия оид ба ташкили бозрасии ҳифзи меҳнат ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари онҳо камбудиҳои назаррас ҷой дорад. Дар кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳаҳои алоқа, ҷангал, кимиё ва саноати сабук вазифаи нозири ҳифзи меҳнат ихтисор карда шудааст, дар соҳаҳои сохтмон ва фарҳанг ин вазифаҳо бо 0,5  воҳиди корӣ фаъолият менамоянд.

Омӯзиши ҳисоботҳои пешниҳодгардидаи нозирони меҳнат оид ба ҷамбасти соли 2021 нишон дод, ки маълумотҳои дар ҳисобот овардашуда имконият намедиҳад, ки таҳлили пурраи ҳолати ҳифзи меҳнати кормандони соҳа ва фаъолияти нозирони меҳнати соҳавиро гузаронида шавад. Дар Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як басти корӣ дар кумитаи ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунад, дар вилоятҳои ҷумҳурӣ ин вазифаҳо ихтисор карда шудааст. Дар соҳа 46 ташкилот фаъолият менамояд, ки  30460 коргаронро дар бар мегирад. Соли сипаригашта аз ҷониби ягона нозири ҳифзи меҳнат 9 адад санҷиш гузаронида шуда  9 адад амрнома ба роҳбарияти корхонаҳо дода шудааст, ки ин кофӣ нест. Дар натиҷа, соли 2021 дар соҳа 9 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот рух дод, ки дар натиҷа 6 нафар коргарон ба ҳалокат расиданд ва13 нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Аз таҳлили ҳисоботҳо бармеояд, ки ба теъдоди зиёди талаботҳои амрномаҳо ҷавоби қаноатбахш ба нозирони ташкилотҳои ҳамузв ворид нашудааст. Ин аз беэътиноии корфармоён гувоҳӣ дода, масъулинро водор месозад, ки оид ба масъалаҳои мазкур ба мақомоти дахлдори ваколатдор ба таври расмӣ муроҷиат намояд.

Бо назардошти натиҷаҳои таҳлили фаъолияти нозирони ҳифзи меҳнат ба роҳбарони ташкилотҳои ҳамузви Федератсия тавсия дода мешавад:

  • Бозрасии ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнатро дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, қатъи назар аз шакли моликият ва тобеияти онҳо ба таври бояду шояд амалӣ гардонанд;
  • Бозрасии ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба фаъолияти худро дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои давлатии назоратӣ амалӣ намуда, ба кумитаҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳавӣ оид ба ҳифзи меҳнат ҳаматарафа ёрии амалӣ  расонад;
  • Нозирони(сарнозирони) ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба бояд маълумоти олии техникӣ ва собиқаи кории на кам аз 3 сол дар истеҳсолот дошта бошанд;
  • Ҷалб намудани нозири ҳифзи меҳнат ба кори дигар, ки дар Низомномаи Бозрасии ҳифзи меҳнат муайян нашудааст, манъ карда шавад;
  • Ҳуқуқҳои нозирони ҳифзи меҳнат, ки дар Низомномаи Бозпасии ҳифзи меҳнат муайян шудааст, ба пуррагӣ риоя карда шавад;
  • Нозирони(сарнозирони) ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ҳисоботи фаъолияти ҳудро бо тавсифи пурраи он аз рӯи шакли ҳисоботи тасдиқшуда (4-НМ) ба Федератсияи иттфоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ирсол намояд;
  • Барои дар амал тадбиқ намудани мақсадҳои қонунӣ ва оинномавӣ – ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои иттифоқи касаба ҷиҳати таъсиси воҳидҳои кории нозирони ҳифзи меҳнат, нигоҳ доштани бастҳои кории он ва интихоби дурусти кадрҳоро мусоидат намоянд;
Яндекс.Метрика