Тамошои филми «Шикасти фитна»

WhatsApp Image 2022-06-03 at 09.31.111 июни соли 2022, дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тамошои дастаҷамъонаи  филми мустанади «Шикасти фитна» баргузор гардид.

Филми мазкур мавзӯи воқеаҳо ва   бетартибиҳои охир дар  шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардидаро фаро гирифта, дар он  амалҳои ғайриқонунии афроди маълум нишон дода шуданд.

Пас аз  тамошои филм кормандони Хадамот хулоса намуданд, ки мароми асосии мо пас аз тамошои филми “Шикасти фитна” хулосаи зарурӣ баровардан аз воқеаҳои охир, ки дар Бадахшон руй доданд, таъмин намудани  сулҳу субот дар  ҷомеа тавассути фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва огоҳии онҳо аз вазъи ҳаводиси сиёсии мамлакат ва ҷаҳон мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомада буд. Зеро душманон ва бадхоҳони миллат  дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дастури хоҷагони хориҷияшон дар мамлакат ҷанги бародаркушро оғоз намуда, қариб буд, ки миллати тоҷикро ба паркандагӣ ва давлати ҷавонро ба нестӣ мебурданд. Хушбахтона ин хоинони миллат ба орзӯҳои пуркинаву адоватпешаашон нарасиданд, чунки ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам, тоҷики асил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,ПрезидентиWhatsApp Image 2022-06-03 at 09.33.27 Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тоза ба арсаи сиёсат қадам гузошта буд, соҳиби кард ва миллатро аз вартаи нестӣ наҷот бахшид..

Аз ин рӯ, барои боварӣ ва эътимоди Пешвои миллатро сазовор шудан, моро зарур аст, ки дар руҳияи шикастнопазири эҳтиром кардан ва бузургу бартар доштани фарҳангу ойини худ хешро тарбият намоем,  Ватанамонро ба дилу ҷон дӯст дорем ва баҳри якпорчагии он саъй ва кӯшиш намоем.

 

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

 

Яндекс.Метрика