Муроҷиати шаҳрвандон оид ба қарздории музди меҳнат дар шаҳри Ҳисор.

 

Аз ҷониби бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Ҳисор санҷиши ғайринақшавӣ ҷиҳати баррасии аризаи шаҳрванд Сатторова Р. К. вобаста ба ҳолатҳои пардохт накардани музди меҳнат ва ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда дар корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳоти шаҳри Турсунзода гузаронида шуд. Дар раванди гузаронидани санҷиш тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи сармуҳосиби корхона муайян карда шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2021. Яъне баъди қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ корфармо дар назди собиқ корманд-сармухосиб Сатторова Р.К. аз ҳисоби музди меҳнат 4418.21 сомонӣ (қарзи музди меҳнат дар давраи фаъолияти худи сармуҳосиб ба миён омадааст) ва ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда 1098.30 сомонӣ дар маҷмуъ 5516.51 сомонӣ ҳисобӣ ва пардохт карда нашудааст.

Муайян карда шуд, ки ба шаҳрванд  Сатторова Р.К. аз қарзи музди меҳнати ҷойдошта, ки дар маҷмуъ 5516.51 сомониро ташкил менамуд, дар асоси ордери хароҷоти хазина №151 (29.07.2021) ва №132 (02.07.2021) дар ҳаҷми 300 сомонӣ пардохт карда шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли 2021 корхона дар назди номбурда аз ҳисоби музди меҳнат дар ҳаҷми 2516.51 сомонӣ қарздор мебошад. Дар рафти гузаронидани санҷиш ба номбурда қарзи музди меҳнати ҷойдошта (2516,51) ва маблағи иловагӣ барои ҳар як рӯзи таъхири пардохти маош (189,19) тибқи Ордери хароҷоти хазина №03 аз санаи 14 январи соли 2022 дар ҳаҷми 2705.7 сомонӣ пардохт карда шуд.

 

 

Яндекс.Метрика