Муроҷиати шаҳрвандон оид ба қарздории музди меҳнат дар шаҳри Ҳисор.

Аз ҷониби бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Ҳисор санҷиши ғайрирасмӣ ҷиҳати баррасии аризаи дастаҷамъонаи кормандони ҶДММ «Хоҷагии зотпарварии «Баракати чорводор»-и шаҳри Ҳисор нишон дод, ки хоҷагии мазкур аз кормандонаш аз ҳисоби музди маоши моҳи августи соли 2020 ба андозаи 310512 сомонӣ (бо ҳисоби андозҳо) қарздор мебошад.

Сабаби қарздориро сармуҳосиби хоҷагии мазкур Рамазонов Асомиддин дар вақти қабулу супоридани молу мулк ва чорвои хоҷагӣ ба агентӣ дар санадҳои қабулу супоридан дарҷ нагардидани маҳсулотҳои ҳосили соли 2020 мебошад. Мувофиқи баёноти сармуҳосиб дар Хоҷагӣ дар майдони 539 га замин маҳсулотҳои гуногун аз қабили лаблабу, ҷуворимакка, гандум ва ғайраҳо кишт шуда дар санади қабулу супоридандарҷ нагардида ва маблағашонро ҳам аз ҷониби Агентӣ пардохт накардаанд, ки дар натиҷа ҶДММ ҶДММ «Хоҷагии зотпарварии «Баракати чорводор» натавонистааст музди меҳнати моҳи августи соли 2020-ро пардохт намоянд, чунки дар тавозуни Ҳоҷагии зотпарварӣ дигар ягон воситаи асосӣ ё маҳсулот боқӣ намондааст.

Тибқи қонунгузорӣ барои таъхири пардохти музди меҳнат ба андозаи 60741 сомонӣ маблағи иловагӣ ҳисоб карда шуд. Аз натиҷаи санҷиш маводҳо ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратураи шаҳри Ҳисор ирсол гардид. Аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати муассис ва роҳбари хоҷагии мазкур қарори ҷаримабандӣ тибқи моддаи 134 КҲМҶТ таъин гардидааст.

Яндекс.Метрика