Муроҷиати шаҳрвандон (32 нафар) оид ба қарздории музди меҳнат дар шаҳри Ҳисор.

Аз ҷониби мутахассисони бахш инчунин аризаи дастаҷамъонаи кормандони ҶДММ «Талко профил»-и шаҳри Турсунзода баррасӣ гардида ба ваҷҳои  дар аризаи шикояти дарҷгардида тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи корфармо муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат директори ҷамъият Абдуллоев Д.С. дар назди кормандон аз музди меҳнат қарздор мебошад. Қарзи музди меҳнати ҷойдошта ба ҳолати 1 январи соли 2022 ба мабағи 249307.61 сомонро ташкил медиҳад.

Мутобиқи талаботи қисми 5 моддаи 158 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи иловагӣ (фоизи баҳраи бонкӣ) дар ҳаҷми (249307.61+20895.99) сомонӣ ҳисоб карда шуда, барои саривақт напардохтани музди меҳнат ба директори ҷамъият мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда, барои бартараф намудани қарзи музди меҳнат ва маблағи иловагӣ амрнома пешниҳод гардидааст.

Инчунин, нисбати роҳбарияти ҷамъияти мазкур ва масъулони он аз ҷониби кормандони Хадамот корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, дар натиҷа аз ҷониби корфармо қарзи музди меҳнат ба пуррагӣ пардохт карда шудааст.

 

Яндекс.Метрика