Ваҳдати миллӣ

«Таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик аст ва қаҳрамони сулҳу ваҳдати миллӣ низ танҳо халқи Тоҷикистон мебошад».

                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамкасбони гиромӣ,

Бо камоли ифтихору ва орзуҳои беҳтарин табрикоти роҳбарият ва кормандони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолро бо   25-умин солгарди  Ваҳдати Миллӣ самимона қабул намоед.  Ин иди фархунда неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.

Инак 27-уми июни соли 1997-ум барои тамоми мардуми Тоҷик  яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад. Ин сана барои мардуми мо,  беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон ва сарнавишти имрӯзу фардои давлати тоҷик аст.

Ваҳдат-яке аз дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар тули 30 соли истиклолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми халқи шарифи Точикистон аст, ки маҳз ба туфайли муттаидии кулли мардуми Тоҷикистон дар амалисозиидастуру ҳидоятҳои сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва меҳнати фидокоронаю созанда муяссар гардид.

Ваҳдат-оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ, пояи сулҳу субот, кафолати эҳёи маънавӣ, таъмини зиндагии осоиштаи сокинони кишварамон мебошад ва итминони комил дорем, ки нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, Шумо ва кормандонатонро бо фарорасии ҷашни Рӯзи Ваҳдати Миллӣ табрику таҳният гуфта, саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва дар фаъолияти меҳнатиатон комёбиҳои беназир орзу менамоем.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад!

 

Бо эҳтиром,

Сардори Хадамоти назорати давлатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2

 

 

Яндекс.Метрика