Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!

 

Имрӯз санаи 24 июни соли равон дар толори  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ  бо ифтихори  гиромидошти Рӯзи Ваҳдат   бо иҷрои дастаҷамъонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳозирин оғоз гардид.

Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Д.Ҳ. зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Чумхурии Точикистон нақши калиди бозида, заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти миллатамонро муайян намуд. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Гуфта шуд, мардуми шарафманди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараккикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Маърӯзаи Саттарова Ш. нозир-коргузори бахши умумии Хадамот  таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — Ваҳдати мардумӣ» шунида шуд.

Маврид ба ёдоварист,  ки Комиссияи оштии миллӣ бомуваффақият кор кард, фаъолияти он самараҳои хуб дод ва 27-уми июни соли 1997  ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Бо ҳамин ихтилоф ва муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон ба анҷом расид. Ба андешаи мутахассисон «Асноди ниҳоии сулҳ дар кишвари мо ба оғози давраи нави таърихӣ бунёд гузошт. Давраи нав давраи расидан ба ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст. Танҳо бо роҳи муттаҳидӣ ва меҳнати  мутташаккилона ба некӯаҳволии моддии халқ ва пойдории  давлат  муваффақ  шудан  мумкин  аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмии давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ  ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн дар саросари Ватани азизамон таҷлил мегардад.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ Сардори Хадамот бори дигар ҳамаи кормандонро ба ифтихори  Рӯзи Ваҳдати миллӣ  шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо  саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти кориатон муваффақиятҳои рӯзафзун таманно намуд.

Чорабинии идона бо иҷрои дастаҷамъонаи Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба анҷом расид.

                             Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

                              муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

 

Яндекс.Метрика