Оқибати ба шуғли (бақайдгирифтанашуда) ғайрирасмӣ ҷалб намудани кормандон ва аз ҷониби корфармоён риоя накардани талаботҳои қонунгузории меҳнат.

Маколаи шугл фото Корфармоёне ҳастанд, ки бо мақсади пинҳон намудани пардохтҳои иҷтимоӣ, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз музди меҳнати кормандон, кормандонро ба кор ҷалб намуда,  талаботи қонунгузории меҳнатро бобати ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатии кормандон сарфи назар намуда, барасмиятдарории қабул ба кори он рад менамоянд, яъне кормандонро таври ғайрирасмӣ ба фаъолият фаро гирифтанашонро тавсия медиҳанд. Ҳол он, ки расман ба кор қабул намудани кормандон тибқи талаботи моддаи 16 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои меҳнатӣ танҳо дар асоси шартномаи меҳнатии хаттӣ басташуда, байни кофармо ва корманд  эътироф карда мешавад. Дар ҳамин ҳолат тартиби бастан, мазмун, муҳлат, мавзӯъ, барасмиятдарорӣ ва намуди шартномаи меҳнатӣ дар асоси талаботи моддаҳои 16-26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал ба танзим дароварда шуда, риояи он барои субъектҳои дорои муносибатҳои меҳнатӣ ҳатмӣ буда, уҳдадориҳои ҳатмии корфармо ба ҳисоб меравад.

Дар баъзе ҳолатҳо кормандон низ ғайрирасмӣ ба кор ҷалб гардиданашонро интихоб намуда, ҳангоми рад намудани расман ба кор карданашон аз ҷониби корфармо ба мақомоти дахлдор муроҷиат наменамоянд. Дар ин маврид бо мувофиқаи тарафҳо, корфамо ва корманд бо бастани шартномаи шифоҳӣ, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда, эътибори ҳуқуқӣ надорад, фаъолияти меҳнатиашонро оғоз менамоянд. Инчунин, муносибатҳои меҳнатие, ки дар асоси шартномаи шифоҳӣ ба амал меоянд, аз ҷониби корфармо ба расмият дароварда нашуда ва корманд дар ин ҳолат бепарвоӣ менамояд, корфармо бошад ба мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла андоз, омор, нафақа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳисоботи дахлдлрро оид ба шумораи кормандон ва фонди музди меҳнау дигар пардохтҳои ҳатмӣ пешниҳод намекунад, ки ба чунин фаъолият мафҳуми шуғли ғайрирасмӣ дода мешавад.

Зимни санҷишҳо аксаран муайян мегардад, ки шаҳрванди барои ба кор қабул шудан муроҷиат намуда, сарфи назар аз донистани кирдори нодурусти корфармо ва худи корманд ба фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ, яъне амали ғайриқонунӣ розӣ мешавад ва корфармою корманд дидаю дониста даст ба қонуншиканӣ мезананд. Аз ҷумла, чунин намуди шуғл аз дигар ҷиҳат низ ба шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе тадбирҳои мухталифи паст кардани шуғли бақайдгирифтанашуда роҳандозӣ ва амалӣ карда мешавад.

Саркашӣ намудани  корфармо аз барасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ ва расмикунонии шуғли шаҳрвандон, ба шахсони барои кор муроҷиатнамуда як қатор оқибатҳои манфӣ дошта, сабаби таъмин нагардидани ҳуқуқу кафолатҳои бо қонун муқарраршуда мегардад ва барои андешидани чораю ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ замина мегузорад, ки дар интиҳо ба ҳар ду ҷониб, ҳам барои корфармо ва ҳам  барои корманд боиси масрафи ғайричашмдошту оқибатҳои ногувор мегардад. Дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ оқибатҳои манфӣ барои кормандон инҳо мебошанд:

-пардохт накардани давраи корношоямӣ ва рухсатиҳои меҳнатӣ (рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола, рухсатиҳои таълимии донишҷӯён, пардохти ҷубронпулии рухсатиҳои меҳнатии истифоданашуда;- рухсатии иловагӣ барои кор дар шароити зарарнок, хатарнок ва вазнини меҳнат),  напардохтани маблағи иловагӣ барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои ид ва истироҳат,  маблағҳои ҳисобинашуда ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бинобар ихтисори воҳиди корӣ, набудани кафолати нигоҳ доштани ҷойи корӣ дар давраи корношоямии муваққатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ва рухсатӣ барои нигоҳубини тифл;- ғайримкон будани пардохти ҷубронпулиҳои муқаррарнамудаи қонун зимни тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот бинобар ғайрирасмӣ фаъолият намудан.

Дар вақти ба дилхоҳ корхона бо мақсади санҷиши вазъи ҷалби шаҳрвандони ба фаъолияти меҳнатӣ ба таври ғайрирасмӣ роҳдода ташриф овардан дар вақти ҳамсуҳбат шудан бо кормандон маълум мегардад, ки бисёре аз онҳо дорои маърифати пасти ҳуқуқӣ мебошанд. Ин кормандон оддитарин ҳуқуқҳояшонро намедонанд ва дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз чунин ҳуқуқҳояшон огоҳ мегарданд. Вале, новобаста аз огоҳонии талаботи қонунгузорӣ ва манфиату кафолатҳо чунин кормандонро дар дигар субъектҳо, дар дилхоҳ вақт такроран дидан мумкин аст, ки пас аз огоҳ гардидан аз талаботи муқарраршуда ва  кафолатҳо ва инчунин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ боз ба шуғли ғайрирасмӣ такроран даст мезананд.

Аз тарафи мутахассисони шуъбаи Хадамот тибқи нақшаи тасдиқ намудаи Хадамот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Соҳиб Дуст”, ки дар кӯчаи А. Деҳоти 1/4, ба сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна машғул мебошад бо иштироки зиёда аз 40 нафар кормандони Ҷамъият корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оқибати шуғли ғайрирасмӣ (бақайдгирифтанашуда) гузаронида шуд.

Вобаста ба ин тибқи муқаррароти банди 2 қисми 1 моддаи 94 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бидуни бастани шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул намудани шаҳрвандон) ба роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбини гардидааст.

Муҳтарам шаҳрвандон, шумо метавонед дар ҳолати истифодаи қувваи кории ғайрирасмӣ (бақайдгирифтанашуда), саривақт пардохт нагардидани музди меҳнат, ва истифодаи тартиби пардохти ғайриқонунии музди меҳнат, аз ҷониби корфармо рад кардани бараасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ ва раванди қабул ба кор  ба шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад 71, бо телефони боварии 231-83-73 ва суроғаи почтаҳои электронии

khadamotimehnat-dushanbe@khnm.tj

www.nozirot.tj муроҷиат намоед.

шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар

соҳаи меҳнат муҳоҷират ва

шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

 

 

Ба гирдоварандаи мавод

(шуъби назорати давлатӣ

дар соҳаи шуғли аҳолӣ)

 

Аз тарафи мутахассисони шуъбаи Хадамот тибқи нақшаи тасдиқ намудаи Хадамот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Соҳиб Дуст”, ки дар кӯчаи А. Деҳоти 1/4, ба сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна машғул мебошад бо иштироки зиёда аз 40 нафар кормандони Ҷамъият корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оқибати шуғли ғайрирасмӣ (бақайдгирифтанашуда) гузаронида шуд.

Муҳтарам шаҳрвандон, шумо метавонед дар ҳолати истифодаи қувваи кории ғайрирасмӣ (бақайдгирифтанашуда), саривақт пардохт нагардидани музди меҳнат, ва истифодаи тартиби пардохти ғайриқонунии музди меҳнат, аз ҷониби корфармо рад кардани бараасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ ва раванди қабул ба кор  ба шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад 71, бо телефони боварии 231-83-73 ва суроғаи почтаҳои электронии

khadamotimehnat-dushanbe@khnm.tj www. nozirot.tj  муроҷиат намоед.

шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар

соҳаи меҳнат муҳоҷират ва

шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

 

 

 

 

Вобаста ба ин аз ҷониби шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе барои рушди сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамзамон таъмини аҳолӣ ба шуғли арзанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» аз 30 декабри соли 2019, № 644 таҳия ва тасдиқ гардида, ҷиҳати фароҳам овардани имконият ба шуғли пурсамар, такмили бозори меҳнат, ҷорӣ намудани механизми ҳамкории мутақобилаи бахши давлатӣ бо бахши хусусӣ ва ба шуғли пурсамар таъмин намудани табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.

 

Яндекс.Метрика