Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба истиқболи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1

8 сентябри соли равон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷиратimage-09-07-22-05-46 (1) ва шуғли аҳолӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ  ба  ифтихори  гиромидошти   31-солагии Рӯзи Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иҷрои дастаҷамъонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳозирин оғоз гардид.

Муовини Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нодирзода Иматшо зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро бо ин рӯзи муҳими таърихӣ табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Истиқлолият худ неъмати бебаҳост.  Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибор ба ҷаҳони мутамадин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

4Гуфта шуд, ки  барои пойдории истиқлолият ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар бояд бо азму талошҳои софдилона ва фидокорона дар роҳи ободкорию созандагии ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

Инчунин, тибқи фармоиши Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, барои  фаъолияти хуби касбӣ як қатор кормандони Хадамот барои фаъолияти кории пурсамару бенуқсон бо Ифтихорнома  қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом муовини  Сардори Хадамот бори дигар  кормандонро ба ифтихори 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳозирин саломатӣ, саодатмандӣ  ва дар  фаъолияти меҳнатии минбаъдаи хеш  муваффақиятҳои рӯзафзун таманно намуд.7
Чорабинии идона бо иҷрои дастаҷамъонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба анҷом расид.
Яндекс.Метрика