«Шартномаи меҳнатӣ ин кафолати иҷрои ӯҳдадориҳои корфармо оид ба ҳифзи меҳнати кормандон мебошад»

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  қонуни асосӣ Конститутсия буда, дигар қонунҳо аз он сарчашма мегиранд.  Ҳуқуқ ба меҳнат яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҳар як шахс маҳсуб меёбад. Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнати шаҳрвандон дар  Конститутсия  ба таври возеҳ дарҷ гардиддааст.

Тибқи  моддаи 35-и Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҳар кас ба меҳнат , иттихоби касбу кор , ҳифзи  меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ  ҳуқуқ дорад, музди  кор  аз ҳадди ақали музди  меҳнат  набояд кам бошад.

Дар муносибатҳои меҳнатӣ  ҳамагуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои  кори якхела  музди баробар  дода мешавад.

Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ  ҷалб карда  намешавад, ба истиснои  мавридҳое, ки  қонун муайян кардааст. Дар корҳои  вазнин, зеризаминӣ  ва шароити меҳнаташон  зарарнок истифодаи меҳнати  занон ва ноболиғон манъ аст.

Дар асоси талаботи моддаи 35-и Конститутсия Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дорад. Вазифаҳои Кодекси меҳнати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ин  фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқии меҳнатӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба баробарии манфиатҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, рушди иқтисодӣ, самаранокии истеҳсолот ва баланд бардоштани некуаҳволии одамон равона гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки  дар асоси Кодекси меҳнат корфармоён вазифадор карда шудаанд, ки ҳангоми қабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи  Кодекси меҳнат шартномаи меҳнатӣ бандад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  шакли намунавии  шартномаи меҳнатӣ бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри  соли  2019, №457 тасдиқ карда шудаааст.

Тавре маълум аст, ки  дар баъзе субиектҳои соҳибкорӣ ҳангоми ба кор қабул намудани командон бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста намешавд, ки дар ин ҳолат ҳуқуқи манфиатҳои кормандон аз тарафи корфармо на дар ҳама ҳолатҳо таъмин карда мешавд. Шартномаи меҳнатӣ ин  кафолати иҷрои уҳдадориҳое, ки дар шартнома аз тарафаи корфармо ва корманд дарҷ карда мешавд, мебошад.

шартномаи меҳнатӣ- созиши байни корфармо ва корманд, ки тибқи он корманд  уҳдадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ  иҷро намояд,  корфармо бошад,  уҳдадор аст барои ҳамин кор ба корманд пурра ва сари вақт музди меҳнат диҳад ва шароити меҳнатеро, ки  Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати  зерин  (ба муҳлати номуайян,  ба муҳлати муайян –на камтар аз як сол, барои иҷрои уҳдадориҳои корманди ҳозирнабуда, ба муҳлати иҷрои кори муайян ва барои иҷрои корҳои мавсимӣ) баста мешавад.

Агар дар шартномаи меҳнатӣ муҳлати амали он нишон дода нашуда бошад, шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисоб меёбад ва он бе розигии корманд аз нав барои муҳлати муайян баста намешавад.

Баъд аз ба итмом расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳангоми такроран бастани он бо корманде, ки уҳдадориҳои меҳнатиашро дар асоси шартномаи меҳнатии муайяни на камтар аз як сол басташуда иҷро менамояд, чунин шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисобида мешавад, агар тарафҳо дигар шартномаи меҳнатии муҳлатнокро ба расмият надароранд.

Шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар ҳолатҳое баста мешавад, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш моҳ анҷом дода шавад.

Шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавад, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи кодекси меҳнат  бастани шартнома барои муҳлати номуайян имконнопазир бошад.

Бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян бо мақсади даст кашидан аз додани кафолат ва ҷубронҳое, ки барои кормандони шартномаи меҳнатии ба муҳлати номуайян басташуда пешбинӣ шудаанд, манъ аст.

Агар яке аз тарафҳо баъд аз ба охир расидани муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ дар давоми рӯзи охирини кор (баст) қатъ намудани муносибатҳои меҳнатиро талаб накунад, шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисоб карда мешавад.

Тарафҳо ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқҳои баробар мебошанд.

Шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда,  дар ду нусха тартиб дода мешавад ва аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи меҳнатӣ ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад.  Амали шартномаи меҳнатӣ аз рӯзи оғози воқеии кор сар мешавад.  Агар шартномаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо баста нашуда ва ё ба расмият дароварда нашуда бошад, вале корманд ба кор шурӯъ карда бошад, дар ин ҳолат муносибатҳои меҳнатӣ аз рӯзи воқеан ба кор шурӯъ намудани корманд бавуҷудомада ҳисобида мешаванд.

Дар матни шартномаи меҳнати бояд ном, насаб ва суроғаи корманд ва корфармо, ҷойи кор, вазифа, хусусияти шароити меҳнати меҳнат, кафолат ва имтиёзҳо, агар кори  иҷроршаванда ба корҳои вазнин ва ё дар  шароити зарарнок  ё хатарнок мансуб бошад, санаи оғози кор, муҳати  шартномаи меҳнатӣ, низом ва реҷаи вақти корӣ, вақти  истироҳат ва давомнокии рухсатии меҳнатии  ҳарсолаи корманд, андозаи музди меҳнат ва дигар шартҳои пардохти  музди меҳнат ва дигар  шартҳои пардохти  музди меҳнат, ҳуқуқу уҳдадориҳои  корфармо ва корманд, кафолат, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо, шартҳои суғуртакунони, ҷавобгарии тарафҳо, санаи бастан ва рақами тартибии шартномаи меҳнатӣ нишон дода мешавад.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидан ба кори дигар аз ҷониби тарафҳо дар шакли хаттӣ амалӣ карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми аз ҷониби  корфармо бе бастани шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул намудани  корманд ба шаъхси мансабдор   тибқи муқаррароти моддаи 94 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи аз 20 то 30 нишондиҳанда ҷаримаи маъмури таъйин карда мешавад.

Ташвишовар он аст, ки ҳангоми бе шартномаи меҳнати фаъолият намудани кормандон, корфармо аз музди меҳнати онҳо ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳои иҷтимоиро пардохт наменамояд ва корманди  фаъолиятдошта, ҳангоми аз кор озод гардидан аз  гирифтани кӯмакпулӣ  барои бекорӣ маҳрум мегарданд. Инчунин ҳангоми ба нафақа баромадан ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ таъин гардида, аз ҳуқуқи гирифтани нафақаи меҳнатӣ маҳрум мегарданд.

Дигари паҳлуи манфии бе шартномаи меҳнатӣ фаъолият намудани корманд дар он мебошад, ки  дар вақти муайян намудани ҷуброни  зарар ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, музди меҳнати воқеии корманд муайя набуда, ҷуброн аз маоши ҳадди ақал ҳисоб карда мешавад.

Мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №661 аз 21 октябри соли 2014 “Дар бораи тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, бад шудани саломатӣ ё фавти корманд” корфармо вазифадор аст, ки ҳангми рух додани ходисаи нохуши истеҳсолӣ зарари ба саломатии корманд расонидашударо ҷуброн намояд.

Дар холати бо шартномаи меҳнатӣ фаъолият намудани корманд, агар музди меҳнати корманд 900 сомонӣ ташкил диҳад 900 сомонӣ х 12=10800 сомонӣ ҷубронӣ зарар ба корманд пардохт карда мешавад.

Ҳангоми бе шартномаи меҳнатӣ фаъолият намудани корманд ҷуброни зарари расонидашуда дар асоси талаботи  банди 67-и қарори болозикр, аз андозаи маоши ҳадди ақал, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 600 сомонӣ муқарар гардидааст, ҳисоб карда мешавад. 600 х 12=7200 сомонӣ пардохт карда мешавад.

 

Шартномаи меҳнатӣ ин кафолати иҷрои ӯҳдароиҳои корфармо оид ба ҳифзи меҳнати кормандон  ба ҳисоб меравд, ки корманде, ки тибқи шартномаи меҳнати фаъолият менамояд, метвонад  аз корфармо  иҷрои талаботҳои шартномаи басташударо талаб намояд.

 

 

 

Сардори Раёсати Хадамоти назоратӣ давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли дар вилояти Хатлон   Бобозода Ҳамза Камолиддин

 

Яндекс.Метрика