Ҷашни 31-юмин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон муборак!

«Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории  муосири  миллӣ  мебошад, ки моҳиятан  шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамватанони азизу гиромӣ!

Шуморо аз самими қалб бо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта,   ба Шумо азизони дил, саломатии қавӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти меҳнатии ҳаррузаи пурсамаратон файзу баракат  орзумандем.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 31 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷӯъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Истиқлолият- ҷашни озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ ва рушду тараққии ҷомеа, ҷашни шукуфоии кишвари азизи мост!  Бо ба даст омадани он тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа рӯ ба рушд ниҳода, дар як муддати кӯтоҳ Истиқлолият тавонист, ки чун нерӯ баҳри пешрафту шукуфоӣ миллатро таҳрик диҳад. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд.

Воқеан, дар баробари дигар муқаддасот Истиқлолият низ яке аз арзишҳое волое мебошад, ки бо  ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Моро лозим аст, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем.

Бигузор ҷашни истиқлолият ба кишвари мо шукуфоӣ ва пешравии ҳамаҷониба ва  саодату пирузии комил оварад ва саҳми  мардуми шарифи тоҷик дар тараққиёти фарҳангу иқтисодиёти Тоҷикистон  босазо бошад.

Ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон муборак бошад!

Хадамоти назорати давлатӣ дар

сохаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Яндекс.Метрика