Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ширкатҳои «НБО  Роғун»

    01Дар робита ба талаботи иҷрои банди 3-и Протоколи №1-15 маҷлиси назоратии назди Вазири меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2022 аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  вобаста ба корфармоён ва шахсони масъули ташкилоту муассисаҳое, ки дар иншоотҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО  Роғун» фаъолият менамоянд, аз ҷумла дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нур-81», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фируз НР», ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вашгир» ва дигар ҷамъиятҳо вобаста ба шароити меҳнат ва кор  усули вахтавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, шароити кори кормандон ва риояи кафолатҳои иҷтимоии онҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳбарони як қатор ташкилоту корхонаҳо тавсия дода шуд, ки кафолату имтиёзҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба кормандони тариқи вахтавӣ фаъолиятдошта таъмин намуда, шароити кори онҳо бахусус бехатарии меҳнати онҳоро тибқи қонунгузории02 меҳнат доимӣ таъмин намоянд.

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

Яндекс.Метрика