Муқаррароти асосӣ дар бораи усулҳои вахтавии ташкили кор.

Усули вахтавӣ – шакли махсуси ташкили кор аст, ки ҳангоми он захираҳои меҳнатӣ берун аз маҳалли иқомати доимӣ истифода мешаванд ва ин дар ҳолатест, ки корманд ҳар рӯз ба маҳалли зисти доимӣ бозгашта наметавонад. Кор аз рӯи реҷаи махсус, одатан бо роҳи ҳисоб ва ҷамъ кардани вақти кор ба роҳ монда шуда, истироҳати байни вахта дар маҳалли зисти доимӣ дода мешавад.

Дар усули вахтавии кор объектҳое (қитъаҳое), ки дар онҳо фаъолияти меҳнатӣ бевосита анҷом дода мешавад, маҳалли кор ба ҳисоб мераванд. Ҷойивазкунии кормандон бинобар дигар шудани маҳалли ҷойгиршавии объектҳо (қитъаҳо)-и кор ба кори дигар гузаронидан маҳсуб нашуда, розигии кормандро талаб намекунад.

Ба вахта фиристодани корманд сафари хидматӣ ҳисоб намешавад.

Вақти вахта давраи иҷро намудани кор ва истироҳати байни бастҳо дар объект (қитъа) мебошад.

Давомнокии вахта набояд аз 15 рӯз зиёд бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, дар объектҳои (қитъаҳои) алоҳидаи корӣ бо иҷозати вазорату идораҳо ва кумитаи дахлдори марказӣ ва ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба давомнокии вахта метавонад то як моҳ зиёд карда шавад.

Кормандони дар басти вахта коркунанда дар давраи будубош дар объект (қитъа) дар маҳаллаҳои махсуси барои вахта ташкилшуда, шаҳракҳои саҳроӣ, инчунин дар дигар ҷойҳои махсус барои зист муҷаҳҳазшуда зиндагӣ мекунанд.

Усули вахта ҳангоми аз маҳалли ҷойгиршавии корхона, иттиҳодия ва ташкилот хеле дур будани объектҳои (қитъаҳои) истеҳсолӣ, ҳангоми ба мақсад мувофиқ набудани иҷрои кор бо усулҳои маъмулӣ, инчунин бо мақсади камтар кардани муҳлати сохтмони объектҳои таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ дар ноҳияҳои камодам ё беодам ва ноҳияҳои дурдаст ва дар ноҳияҳои дорои суръати баланди кор ҳангоми таъмин набудани он ноҳияҳо бо манбаъҳои дахлдор истифода бурда мешавад.

Қарор дар бораи ҷорӣ кардани усули вахтавии ташкили кор аз ҷониби роҳбари корхона дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба бо ризоияти ташкилоти болоӣ дар асоси ҳисоббаробаркуниҳои техникию иқтисодӣ бо назардошти истифодаи босамар дар қиёс бо дигар усулҳои пешбурди кор қабул карда мешавад. Шартҳои ташкили истеҳсолот ҳангоми усули вахтавии кор дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавию технологии таҳиякардаи корхона инъикос мегардад. Хароҷоти марбут ба ҷорӣ кардани усули вахтавӣ ба ҳисоби арзиши аслии маҳсулоти саноатӣ, корҳои иҷрошуда ва боркашонӣ бурда мешавад (дар доираи ҳаҷми хароҷоти дар нақша муқарраршуда).

Ба мақсад мувофиқ будани истифодаи усули вахтавӣ дар объектҳои сохтмон бо ҳисобу китоби техникию иқтисодӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои ташкили сохтмон ва дигар ҳуҷҷатҳои лоиҳавию технологӣ асоснок карда мешавад (Ба банди 1.4 мутобиқи Қарори Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ № 185/10-7 аз 05. 04. 1988 сархати дуюм илова карда шуд).

Хароҷоти иловагии трестҳои сохтмону монтаж ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки бо анҷом додани корҳо тибқи усулҳои вахтавӣ алоқаманданд, аз ҷониби корхонаи фармоишгар ва ташкилоти лоиҳакаш ба сметаи сохтмон ҳангоми муайян кардани нархи шартномавии объекти сохтмон ва ба ҳуҷҷатҳои сметавии объектҳое, ки барои онҳо нархи шартномавӣ муқаррар карда намешавад, дохил карда мешаванд (Сархат дар таҳрири Қарори Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ № 324/16-35 аз 26. 05 1988).

Ҳаҷми муайян ва навъи корҳои тариқи усули вахтавӣ иҷрошаванда аз ҷониби паймонкор ва фармоишгар ҳангоми бастани шартномаи паймонкорӣ барои сохтмон ва барои ташкилотҳои зерпаймонкор – ҳангоми бастани шартномаи зерпаймонкорӣ муайян карда мешавад.

Бо ҳамин тартиб маблағҳо барои ҷуброни хароҷоти иловагии марбут ба истифодаи усули вахтавии ташкили кор, корхонаҳо, ташкилотҳои савдо, хӯроки ҷамъиятӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар, ки ба онҳо хизматрасонии коллективҳои бо усули вахтавӣ коркунанда вогузор шудааст, пешбинӣ карда мешавад.

Ба роҳбарони корхонаҳои сохтмонию васлкунӣ ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашуда иҷозат дода мешавад, ки дар доираи маблағҳои бо нархи шартномавӣ ё ҳуҷҷатҳои сметавӣ муайяншуда, агар ин аз нигоҳи иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ бошад, иҷрои корро бо усули вахтавӣ дар ҳолати аз ҷониби корманд ҳар рӯз зиёда аз се соат сарф шудани вақт барои рафтуомад аз маҳалли ҷойгиршавии ташкилот то ҷойи кор ва баръакс ташкил намоянд. Агар маблағҳои дахлдор дар нархи шартномавӣ ё ҳуҷҷати сметавӣ пешбинӣ нашуда бошанд ё кофӣ набошанд, роҳбарони трестҳо метавонанд усули вахтавии ташкили корро дар доираи ҳаҷми хароҷоти муайянкардаи нақша барои истеҳсоли кор дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба ва бо иҷозати ташкилоти болоӣ дар асоси ҳисобу китоби техникию иқтисодӣ бо назардошти самаранокии татбиқи ин усул дар қиёс бо дигар усулҳои пешбурди кор ҷорӣ намоянд.

Ташкили кор —  бо усули вахтавӣ бояд мураттабӣ, мунтазамӣ, пуррагии иҷрои корҳоро дар объектҳо (қитъаҳо) таъмин намояд. Кор маъмулан аз тарафи бригадаҳои калон бо истифодаи усулҳои паймонкории ташкил ва пардохти музди кор бояд иҷро гардида, ворисияти кормандони вахтавӣ, ҳифзу нигаҳдории беосеби дороиҳои моддиро таъмин намояд.

Кормандони вахтавӣ (аз рӯи баст коркунанда) аз ҳисоби кормандони дар  дар штати корхона буда бо розигии онҳо, ки корро бо усули вахтавӣ анҷом дода, нишондоди зидди тиббӣ барои иҷрои корҳо бо ин усул надоранд ва дар дар маҳалли ҷойгиршавии ин корхонаҳо зиндагӣ мекунанд, мукаммал карда мешавад.

Ба корҳои тариқи усули вахтавӣ иҷрошаванда коргарон ва хизматчиёни то 18- сола, занони ҳомила ва занонеро, ки кӯдаки то якунимсола доранд, ҷалб кардан мумкин нест.

Кормандони вахтавӣ (аз рӯи баст коркунанда) берун аз маҳалли ҷойгиршавии корхона дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии меҳнат ва масъалаҳои, (ин чи маъно дорад???) ки ба онҳо минтақаи ба кор гирифтани коргарон тобеъ аст, мукаммал карда мешавад.

Бо мақсади муташаккилона мукаммал кардани вахта бо кадрҳои корӣ ва мутахассисон, вазорату идораҳо метавонанд кормандонро бо ризоияти онҳо аз як корхонаи зертобеъ ба дигараш барои иҷрои корҳои вахтавӣ гузаронанд. Дар ин маврид дар фармон (фармоиш) дар бораи интиқол (гузаронидан) қайд карда мешавад, ки роҳбари корхона уҳдадор аст ба кормандони мазкур бо баробари ба охир расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ кори (вазифаи) пешинаро пешниҳод кунад, ва дар сурати набудани чунин кор – кори (вазифаи) дигари ба он баробарарзишро дар ҳамон корхона пешниҳод кунад. Дар фармон инчунин мақсади ба кори дигар гузаронидан нишон дода мешавад: “Барои кор бо усули вахтавӣ”.

Корхонаҳое, ки ба он кормандони мазкур гузаронида шудаанд, бо онҳо шартномаҳои муҳлатноки меҳнатӣ ба имзо мерасонанд.

Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳангоми иҷрои корҳо бо усули вахтавӣ дар дафтарчаи меҳнатӣ дар сутуни 3 қисми “Маълумот дар бораи кор” нишон дода мешавад, ки кор бо усули вахтавӣ иҷро карда мешавад.

Коргарон ба вахта ба таври муташаккил аз маҳалли ҷойгиршавии корхона ё аз нуқтаи ҷамъшавӣ то ҷойи кор ва бозгашт бо нақлиёти аз нигоҳи иқтисодӣ муносиб дар асоси шартномаҳои дарозмуҳлати бо ташкилотҳо ва корхонаҳои нақлиётӣ бастаи корхонаҳо бурда расонида мешаванд. Барои бурда расонидани коргарон метавонад нақлиёти худи корхонаи бо усули вахтавӣ коркунанда истифода шавад.

Нуқтаи ҷамъшавӣ аз тарафи маъмурияти корхона муқаррар карда мешавад.

Маблағи рафтуомади коргарон аз ҷойи зисти доимӣ то нуқтаи ҷамъшавӣ ва ҷойи кор (объект, қитъа) аз тарафи корхона пардохта мешавад.

 

Шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират

Яндекс.Метрика