Муқаррарсозии музди меҳнати иловагӣ (баланд) барои корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок.

Баҳодиҳии ҳолати воқеии шароити мехнат аз рӯи дараҷаи зарарнокӣ мутобиқи меъёрҳои баҳодиҳии гигиении шароити меҳнат аз рӯи нишондиҳандаҳои зарарнокӣ ва хавфнокии омилҳои истеҳсолӣ ва шиддатнокии равандҳои истеҳсолӣ дар асоси муқоисакунии натиҷаҳои ченкунии ҳамаи омилҳои зараррасон ва хавфноки истеҳсолӣ ва шиддатнокии равандҳои истеҳсолии ҷойҳои корӣ бо меъёрҳои гигиении муқарраршуда амалӣ карда мешавад. Дар заминаи чунин муқоисакунӣ дараҷаи шароити меҳнат ҳам барои ҳар омил ва ҳам барои комбинатсия ва якҷоякунии онҳо, инчунин барои ҳар ҷойи корӣ дар маҷмӯъ муайян карда мешавад.

Муайянкунии вақти имконпазири алоқаи кормандон бо омилҳои зараррасон ва хавфноки истеҳсолӣ дар як баст ва (ё) давраи фаъолияти меҳнатӣ (маҳдудкунии собиқаи корӣ) бо пешниҳоди маъмурияти ташкилот нисбат ба гурӯҳҳои касбӣ аз ҷониби марказҳои Хадамоти назорати давлатии фаъолияти санитарию эпидемиологӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин маврид шароити меҳнат метавонад ҳамчун на он қадар хатарнок, аммо на пасттар аз гурӯҳи 3.1. баҳогузорӣ карда шавад.

Дараҷаи хавфнокӣ аз рӯи натиҷаҳои баҳодиҳии бехатарӣ аз захмбардории ҷойҳои корӣ мутобиқи гурӯҳбандии шароити меҳнати аз рӯи бехатарӣ аз захмбардорӣ (замимаи 7 ба Қоидаҳои мазкур) алоҳида муайян карда мешавад ё оид ба мутобиқати пурраи ҷои корӣ ба талаботи бехатарӣ хулоса бароварда мешавад.

Натиҷаҳои баҳодиҳии ҳолати воқеии шароити меҳнат ба Харитаи аттестатсияи шароити меҳнати ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат ворид карда шуда, дар он комиссияи аттестатсионии ташкилот оид ба натиҷаҳои аттестатсия хулоса мебарорад.

Дар ҳолати дар ҷойи корӣ мавҷуд набудани омилҳои зараррасон ва хавфноки истеҳсолӣ ё мутобиқати нишондодҳои воқеии онҳо бо бузургиҳои мувофиқ ё имконпазир, инчунин дар сурати иҷро гардидани талаботи бехатарӣ аз захмбардорӣ ва таъмин будани кормандон бо воситаҳои ҳимояи шахсӣ, ҷои корӣ ба талаботи гигиенӣ ва бехатарӣ ҷавобгӯ ҳисобида мешавад. Ин ҷойи корӣ аттестатсияшуда эътироф карда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки агар дар ҷои корӣ нишондодҳои воқеии омилҳои хатарнок ва зарарноки истеҳсолӣ аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд ва ё меъёр ё талаботи ҷойдошта оид ба бехатарӣ аз захмбардорӣ ва таъминоти кормандон бо воситаҳои ҳимояи шахсӣ ба меъёрҳои муқарраршуда мувафиқат накунанд, шароити меҳнати чунин ҷои корӣ ба ҷои кории зарарнок ва хавфнок мансуб дониста мешавад.

Дар сурати ба гурӯҳи 3 (зарарнок) мансуб донистани шароити меҳнат, ҷойи корӣ шартан аттестатсияшуда ҳисобида шуда, гурӯҳ ва дараҷаи зарарнокӣ (3.1, 3.2, 3.3, 3.4, инчунин 3.0 аз рӯи бехатарии захмбардорӣ) нишон дода мешавад ва дар хусуси мутобиқгардонии он ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи меҳнат дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳбуд ва солимгардонии шароити меҳнат дар ташкилот таклифҳо пешниҳод менамояд.

Ҳангоми сертификаткунонии мутобиқати объектҳои истеҳсолӣ бо талаботи ҳифзи меҳнат ҷои кории шартан аттестатсияшуда ҳамчун ҷойҳои кории аттестатсияшуда ҳисобида намешавад.

Дар сурати ба гурӯҳи 4 (хавфнок) мансуб донистани шароити меҳнати ҷои корӣ, он аттестатсиянашуда ҳисобида шуда, бояд бетаъхир мавриди азнавҷиҳозонӣ қарор дода шавад ё барҳам дода шавад.

 

Заминаҳои ҳуқуқӣ ба такя ба меъёрҳои Конститутсия, Кодекси меҳнат ва қарорҳои Ҳукумати ҶТ нишон дода шаванд.

 

Шуъбаи назорати

давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират.

 

Яндекс.Метрика