Ҷамъомади тантанави бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ».

     image-05-10-22-10-56Санаи 5 октябрии соли равон дар толори  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чорабинии идона бахшида ба иди «Рӯзи забони давлатӣ» доир гардид.

Чорабинии тантанавӣ  бо ифтихори  гиромидошти «Рӯзи забони  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иҷрои дастаҷамъонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳозирин оғоз гардид.

Муовини Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  Нодирзода Иматшо зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро бо инimage-05-10-22-10-57 (1) рӯзи муҳими таърихӣ табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Маърӯзаи Туразода Заррина мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсус  таҳти унвони «Забон –неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар» шунида image-05-10-22-10-57шуд.

Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.

Гуфта шуд, ки маҳз ба ҳамин хотир мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

Дар фарҷом муовини  Сардори Хадамот бори дигар  кормандонро ба ифтихори  иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳозирин саломатӣ, саодатмандӣ  ва дар  фаъолияти меҳнатии минбаъдаи хеш  муваффақиятҳои рӯзафзун таманно намуд.

                            

                                       Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

                                                муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Яндекс.Метрика