Ҷаласаи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нуҳ моҳи  соли 2022.

image-10-10-22-05-57 (1)Санаи 10 октябри соли 2022 ҷаласаи васеи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нуҳ  моҳи соли 2022» бо иштироки  сарпарасти соҳа, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, раиси Шӯрои Хадамот муҳтарам Муродзода Дустмурод Ҳайит, муовини сардори Хадамот Нодирзода И, сардори шуъбаиimage-10-10-22-05-57 (2) назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат Ҷумъазода П.М., сардори шуъбаи  таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва назорат Саидаҳмадзода Т.С., сармутахассиси шуъбаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират Шарифзода С.Я.,  сармутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ Маҳмадрасулзода М., ва кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамот инчунин, сардори шуъбаи Хадамот дар шаҳри Душанбе Шарифзода М.П, сардори раёсати Хадамот дар вилояти Суғд  Сайфуллозода Ҷ., муовини сардори раёсати Хадамот дар вилояти Хатлон Шарифзода Д.Ҳ., мудирони бахши Хадамот дар ВМКБ Маҳмадаминов З.Б., мудири бахши Хадамот дар минтақаи Ҳисор Абдуллозода М.А., мудири бахши Хадамот дар минтақаи Ваҳдат РаҷабзодаТ.Р., ва мудири бахши Хадамот дар минтақаи Рашт Шерализода Н.Ҳ., баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст маърӯзаи  муовини Сардори Хадамот Нодирзода И., «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар  нуҳ моҳи соли 2022 шунида шуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ тамоми самтҳои фаъолияти Хадамот дар нуҳ моҳи  соли 2022, дастовардҳо, пешравиҳо, камбудиҳо, роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби раёсат, шуъба ва бахшҳои Хадамот мавриди муҳокима қарор гирифта, барои андешидани чораҳои зарурӣ, дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар музокираи маърӯза сардорон ва мудирони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал шунида шуд.

image-10-10-22-05-57Баъд аз музокира аз ҷониби сарпарасти соҳа, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло саволу ҷавобҳо оид ба самтҳои  фаъолият, аз ҷумла  ошкорсозии саривақтӣ ва бартарафсозии қарзи музди меҳнат, пешгирӣ ва рафъи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, тартиби гузаронидани санҷишҳо, рушди шарикии иҷтимоӣ, бастан ва риояи шартномаҳои коллективӣ, бештар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ёрии амалию методӣ расонидан ва дигар супоришу тавсияҳои дахлдор барои пешравии кори Хадамот доир гардида, баҳри  беҳтар намудани фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2022 бо назардошти таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021  бармеоянд, инчунин таъмини иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика