Чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

image-08-11-22-09-03 Санаи  4 ноябри соли равон дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон ва сохторҳои он баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ  ба ифтихори  гиромидошти Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иҷрои дастаҷамъонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳозирин оғоз гардид.

Зимни чорабинӣ Сардори Хадамот Муродзода Д.Ҳ. аҳли нишастро ба муносибати ҷашни рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба таърихи таҳияи  ва нақши аввалини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол дар рушди давлатдории тоҷикон маъруза кард.

Қайд карда шуд, ки Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азизамон боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат соли 2019  зимни Паёми шодбошии худ бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қайд намуданд, ки  «қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад».

Ба хусус қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ тариқи раъйпурсии умумихалкӣ, дар он ҷой додани принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ этироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ этироф гардидани халқ, принсипҳои гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва суд, эътирофи гуногуншаклии моликият ва кафолати шароити баробари он, рӯ овардан ба иқтисоди бозаргонӣ ва ғайра меъёрҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир барои аз тарафи мамолики мутараққию ҷомеаи мутамаддин, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ этироф гардидани Тоҷикистон, барқарор кардани равобитиimage-08-11-22-09-03 (1) сиёсию иқтисодӣ бо онҳо нақши муҳим бозидааст.

Маърузаи Буризода Абдулло Бозор мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамот дар шаҳри Душанбе вобаста ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он муносибатҳои меҳнатии шаҳрвандон дарҷ карда шудааст шунида шуд.

Дар фарҷом  Сардори Хадамот Муродзода Д.Ҳ.  бори дигар ҳозиринро ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷати сарнавиштсозу бахномаи миллат мебошад, табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти пурмасъулашон комёбиҳои беназир ва оромию осоиштагии кишварамонро орзу намуд.

 

                                     Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

                                     меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Яндекс.Метрика