Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори давлати миллии тоҷикон!

Имруз санаи 15 ноябри соли 2022 бахшида  ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷамъомади  тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷамъомад Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  Муродзода Д.Ҳ.  ҳамаи кормандони соҳаро ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихори гиромидошти рӯзи баргузории иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат  ва  барору муваффақиятҳои беназир дар фаъолияти кориашон таманно намуда изҳор дошт, ки  тақдири миллати тоҷик дар  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ҳал гардида, дар ҳамин ҷаласа аввалин сухан, аввалин ҳадаф ва аввалин қадам ба сӯи сулҳ, оромӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон гузошта шуд.

Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Аз рӯзҳои нахустин фаъолияти кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз Ватан, аз сулҳ, аз миллат сухан ронда, баҳри амалӣ гардидани сулҳу ваҳдат ҷони хешро сипар намуда, дар охир ин ниятҳои нек, хушбахтона ҷомаи амал пӯшид. Ҳамаи ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ворид карда шуд ва ҳамчун ид дар саросари кишвари маҳбубамон таҷлил карда мешавад.

Дар фарҷоми чорабинӣ Сардори Хадамот бори дигар ҳамаи кормандонро бо  рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуд, ки ҷашн гирифтани ин иди бузург бо хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад.

                                        Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

                                        муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

 

 

 

Яндекс.Метрика