Семинар машварати корҳои фаҳмонидадиҳи    

image-29-11-22-05-16Тибқи супориши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва роҳбарияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ меҳнат бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва бо иштироки сардори шуъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнат дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо иштироки  муҳандисони техникаи бехатарӣ, саркорон, муҳандисон ва мутахассисони шуъбаи кадрҳои як қатор корхонаю муассисахои сохтмони семинари корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бехатарии меҳнат баргузор карда шуд.

Дар рафти семинар-машварати корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби намояндагони Хадамот ба иштирокчиёни семинар машварат қонунгузории меҳнат фаҳмонида шуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки тибқи талаботи моддаи 331 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор мебошад, ки дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ шароити меҳнатии ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгӯро ба кормандон муҳайё намояд.

Талаботи ҳифзи меҳнат бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Корфармо барои риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ҷавобгар аст.

Инчунин тибқи муқаррароти моддаи 332 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат дар вақти ба кор қабулimage-29-11-22-05-17 намудани корманд ва бастани шартномаи меҳнатӣ корфарморо зарур аст, ки ба корманд дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси имтиёзу ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани имтиёзҳо ҳуқуқ дорад ва аз воситаҳои муҳофизати инфиродӣ маълумот диҳад.

Корфармо уҳдадор аст, соле на камтар аз як маротиба кормандон ва ё намояндагони онҳоро аз ҳолати шароити меҳнатӣ дар истеҳсолот ва ҷойҳои кор, оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат, андешидани тадбирҳо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатари меҳнат хабардор созад.

Инчунин мувофиқи муқаррароти моддаи 333 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор мебошад, ки пешакӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ ва дар раванди кор давра ба давра кормандонеро, ки шароити корашон вазнин, зарарнок ва ё хатарнок аст, аз ҷумла дар корҳои зери заминӣ ва шабона, ҳамчунин бо воситаҳои нақлиёт кор мекунанд, ба мақсади муайян кардани мутобиқати кори иҷрошаванда ба саломатии онҳо ва пешгирии бемориҳои касбӣ ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронад.

Инчунин дар баромад қайд гардид, ки тибқи талаботи моддаи 334 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2014, № 592 «Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо» ба кормандоне, ки дар шароити корашон зарарнок кор мекунанд ба кормандон мувофиқи меъёрҳо ва тартиби муқарраргардида шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ ройгон дода мешавад.

Хамзамон зикр карда шуд, ки тибқи талаботи моддаи 335 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор мебошад ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машғуланд, мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиениро ройгон диҳад. Либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродии ба кормандон додашуда аз тарафи корфармо нигоҳдорӣ, шустушӯй, таъмиз, безарар ва таъмир карда мешаванд.

Агар либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ба корманд дода нашуда бошанд ё муҳлати додани ин воситаҳо гузашта бошад ва ё корманд ноилоҷ онҳоро бо маблағи худ харида гирад, корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд хароҷоти харидории воситаҳои мазкурро ҷуброн намояд. Дар сурати бе гуноҳи корманд пеш аз муҳлат фарсуда шудани либосу пойафзоли махсус, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ корфармо уҳдадор аст, ки онҳоро иваз намояд.

Инчунин таъкид карда шуд, ки пеш аз ба кор роҳ додани корманд тибқи муқаррароти моддаи 336 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор мебошад ба кормандоне, ки ба кор қабул мешаванд ва ё ба кори дигар гузаронида мешаванд, оид ба ҳифзи меҳнат ва омӯзиши усулҳои бехатари кор дастур диҳад.

image-29-11-22-05-17 (1)Барои кормандони дар истеҳсолоти шароити корашон махсусан хатарнок бояд таълими ҳифзи меҳнат ба роҳ монда, онҳо баъд аз хатми таълим имтиҳон супурда, минбаъд давра ба давра аз нав имтиҳон карда мешаванд.

Дастурдиҳӣ, таълим ва санҷиши давра ба давраи дониши кормандон, аз ҷумла мутахассисон ва роҳбароне, ки барои ҳолати ҳифзи меҳнат масъуланд, бо тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи санади меъёрии дахлдор ба роҳ монда шаванд.

Шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор роҳ дода намешаванд.

Ба ғайр аз он тибқи талаботи моддаи 337 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд дар раванди кор ба ҳаёт ва саломатиаш таҳдид кардани хатарро пай барад ва онро бо воситаҳои дар ихтиёрдоштааш бартараф карда натавонад, ҳуқуқ дорад корро қатъ намояд.

Инчунин кормандоне, ки дар корҳои шароити зарарнок ва хатарноки кори кор мекунанд пеш аз ба кор ворид гардидани корманд бо суғуртаи ҳатми аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот суғурта карда мешаванд.

Дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2014, № 462 «Дар бораи Тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбҳ», масълалаи ҳолатҳои пешгирии рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот таъкид карда шуда, дар вақти рух додани ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот бояд сари вақт ба кадом макомотҳо хабар додан фаҳмонида шуд.

Дар фарзияи семинар зикр гардид, ки тибқи муқаррароти моддаи 353 кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаҳои маблағгузории барои ҳифзи меҳнат дар ташкилот, аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, корфармоён ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат мегирад. Маблағгузории ҳифзи меҳнат, ки дар буҷетҳои дахлдор бо сархати алоҳида ҷудо карда мешавад, барои нигоҳдории мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат истифода бурда мешавад. Ҳар як ташкилот ҳар сол барои ҳифзи меҳнат дар ҳаҷми муайянгардида дар асоси созишнома ва шартномаҳои коллективӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Кормандони ташкилот ба ин мақсад ягон хароҷоти иловагиро анҷом намедиҳанд.

Хамзамон вобаста ба дигар паҳлуҳои муҳими талаботи қонунгузории меҳнат, ҳифз ва бехатарии меҳнат байни иштироккунандагон корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуд.

 

Шуъбаи Хадамот дар шаҳри Душанбе

Яндекс.Метрика