Ҷамъбасти солона 2023

Ҷаласаи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои солонаи фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли соли 2022».
Санаи 4 январи соли 2023 ҷаласаи васеи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои солонаи фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2022» бо иштироки сарпарасти соҳа, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, раиси Шӯрои Хадамот муҳтарам Муродзода Дустмурод Ҳайит, муовини сардори Хадамот Нодирзода И, сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат Ҷумъазода П.М., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва назорат Саидаҳмадзода Т.С., сардори шуъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнат Шарифзода С.Я., ва кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамот инчунин, сардори шуъбаи Хадамот дар шаҳри Душанбе Шарифзода М.П, сардори раёсати Хадамот дар вилояти Суғд Сайфуллозода Ҷ., сардори раёсати Хадамот дар вилояти Хатлон Бобозода Ҳ.К., мудири бахши Хадамот дар минтақаи Ҳисор Абдуллозода М.А., мудири бахши Хадамот дар минтақаи Ваҳдат РаҷабзодаТ.Р., мудири бахши Хадамот дар минтақаи Рашт Шерализода Н.Ҳ., ва мудири бахши Хадамот дар минтақаи Кӯлоби ноҳияи Хатлон Мирзозода Ё.А., сармутахассиси бахши Хадамот дар ВМКБ Шодмонбеков А.Т., баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст маърӯзаи муовини Сардори Хадамот Нодирзода И., «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои солонаи фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2022 шунида шуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ тамоми самтҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2022, дастовардҳо, пешравиҳо, камбудиҳо, роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби раёсат, шуъба ва бахшҳои Хадамот мавриди муҳокима қарор гирифта, барои андешидани чораҳои зарурӣ, дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар музокираи маърӯза сардорон ва мудирони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал шунида шуд.
Баъд аз музокира аз ҷониби сарпарасти соҳа, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло ва сардори Хадамот муҳтарам Муродзода Дустмурод Ҳайит саволу ҷавобҳо оид ба самтҳои фаъолият, аз ҷумла ошкорсозии саривақтӣ ва бартарафсозии қарзи музди меҳнат, пешгирӣ ва рафъи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, тартиби гузаронидани санҷишҳо, рушди шарикии иҷтимоӣ, бастан ва риояи шартномаҳои коллективӣ, бештар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ёрии амалию методӣ расонидан ва дигар супоришу тавсияҳои дахлдор барои пешравии кори Хадамот доир гардида, баҳри беҳтар намудани фаъолият дар соли 2023 бо назардошти таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бармеоянд, инчунин таъмини иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиёнро ҷиҳати рафти иҷрои нақшаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардори Раёсати Хадамот дар вилояти Хатлон Бобозода Ҳамза супорида шуд.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика