Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

 

Имрӯз санаи 25 январии соли равон дар толори  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  баргузор гардид,

Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Сафарали Маҳмад зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро бо  Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табрик намуда, барояшон саодати рӯзгор, саломативу сарҷамъӣ ва барои кишвари азизамон ваҳдати ҷовидонаро таманно намуд.

Ба рӯзҳои ид ворид намудани Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз зоҳир намудани бевоситаи таваҷҷӯҳи давлат, махсусан, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мазкур шаҳодат медиҳад.

Маврид ба зикр аст,  ки ҳамасола дар кишвар тибқи қонунгузории ҷорӣ ҷашнҳои миллӣ, санаҳои таърихӣ ва рӯзҳои касбии кормандони соҳаҳои гуногун таҷлил мегарданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз санаи 28-уми декабри соли 2012, №917 қабул гардида, рӯзи 25-уми январ – Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муайян гардидааст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шохаҳои он имрӯзҳо дар самти соҳибкасб намудани шаҳрвандон дастбакор буда, барои таъмин гардидани аҳолӣ бо ҷойҳои ко рва шуғли самаранок мусоидат менамоянд. Дар ҳақиқат ҳам ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ имрӯз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо бовари метавон гуфт, ки дар баробари ҷаҳду талоши сохторҳои марбута дар ин самт имрӯз мардуми кишвар низ ба касбу ҳунар рӯй овардаанд. Дар оянда барои соҳибкасб гардидани худ ва наздиконашон ҷаҳду талош менамоянд ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мададгори онҳо мебошад.

Итминони комил дорем, ки ҳамаи кормандони соҳа, Паёму дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро барои пешрафти меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сармашқи кори худ намуда, вазифаҳои худро содиқона иҷро менамоянду ва дар рушди минбаъдаи соҳаи  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ саҳми худро мегузоранд.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ Сардори Хадамот бори дигар ҳамаи кормандонро ба ифтихори  иди касбиашон   шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо  саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти кориатон муваффақиятҳои рӯзафзун таманно намуд.

 

Иди касбӣ муборак, ҳамкасбони азиз!

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

                              муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Яндекс.Метрика