Сада — рамзи гармиву рӯшноӣ

«Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо–тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.»

Эмомалӣ Раҳмон.

 

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Сада дар забони авастоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан  будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо, таваллуди дигаре барои Хуршед ё Меҳр донем, метавон он рӯзро ҳамоҳанг бо даҳумин ва чиҳилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми тоҷику форс ҷашн гирифт.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт.

Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ ба оташ гирён кардани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии кӯҳистон ҷамъ оварданд, ин ид оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани  мардуми щаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад.Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он анъана будааст.

Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чиҳил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ҳамин тариқ, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.

Мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯи анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану ҷӯйбору кӯчаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.

Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни байналмилалӣ мубаддал шуд ва ҷашни Меҳргон низ эҳё гардид. Акнун дар радифи ин ду ҷашни миллӣ фурсати бисёр муносиб фароҳам шудааст, ки ҷашни Сада низ бо шукӯҳу шаҳоматаш дубора барқарор гардад.

Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид. Дар баробари ин ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.

Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”.

Имрӯз баъд аз ба даст овардани Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳдо намудани суннату фарҳанги ниёгон бо ташаббуси Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҷашни миллию аҷдодии халқи тоҷик аз нав зинда карда шуд, ки онҳо ҷашни Наврӯз, Меҳргон ва ҷашни Сада мебошанд.

Ин ҷашнҳои суннатӣ мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват намуда, нурро дар муқобили зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар, инсон дар муқобили ҳирсу ҷӯши нафсонии хеш метавонист ғалаба кунад, бо баракати ин ҷашнҳои поки суннатӣ.

 

ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ

ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ,   

МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Яндекс.Метрика