Танзим баракати зиндагист.

Бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8-июни соли 2007 қабул гардид.

Қонуни  мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ҳамзамон  барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ба аҳли ҷамоатчиёни мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” 24-уми майи соли 2007 иброз намуданд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро то ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии  аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем, ҳамзамон Пешвои миллат қайд намуданд, ки қисме аз мардуми мо бо сабабҳои зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо, маъракаҳо пойбанди таассуби хуруфот будани худ ва ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад.

Бояд қайд намуд, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баргузории ҷашну маросимҳо харҷу сарфи маблағҳои зиёд, куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардид.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат, ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро  андешида, бо аҳли зиё,  уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчӣ зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои сахту сохта, чунон ки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст.

Барои бисёриҳо равшан аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тулонӣ дорад ва нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад.

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мусоидат намоем, ки расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таҳкиму ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстӣ, рафоқату ягдигарфаҳмӣ, меҳнатпазирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шавқат ба ҳамдигар доир шуда, дорои аҳамияти маънавию тарбиявӣ таҷассум гардад.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар баробари гузаронидани санҷишҳои давлатӣ, инчунин баҳри риояи талаботи  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳо» аз давраи қабули қонуни мазкур, мунтазам  чораҳои судманд меандешад.

Тибқи фармоиши Сардори Хадамот аз 16.02.2018, №13-ҲК ҳайати комиссияи ҷамъиятии Хадамот иборат аз 7 нафар таъсис дода шудааст, ки Комиссия фаъолияти худро дар асоси Низомнома ва Нақшаи кории худ ба роҳ мондааст. Бояд ёдовар шуд, ки  комиссияи Хадамот баҳри амалӣ намудани Қонуни мазкур дар байни кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон, бинобар дуруст ба роҳ мондани назорати рафти баргузории ҷашну маросимҳои кормандон аз тарафи Комиссияи ҷамъиятӣ, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Дафтари бақайдгирӣ ва баргузории ҷашну маросимҳо барои кормандони Хадамот тартиб дода шудааст, ки ҳар як ҷашну маросимҳо сари вақт ба қайд гирифта шуда, талаботи қонуни мазкур фаҳмонда дода мешавад.

Дар ҳаёт татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, сухангӯӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фардӣ ба ору номуси Ватан мебошад.

Дар воқеъ, дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, моро водор месозад, ки назорат ва татбиқи Қонуни мазкурро пурзӯр намуда, барои амалӣ шудани ин нақшаҳо, саҳми босазои худро гузорем.

 

Раиси комисия (Сардори Хадамот)

Котиби комисия (Раиси И.К.)

Яндекс.Метрика