Ҷаласаи васеи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаш моҳи соли 2023»

Дар ҷаласа нахуст маърӯзаи  муовини Сардори Хадамот Имомзода Б.И., «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар  шаш моҳи соли 2023 шунида шуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ тамоми самтҳои фаъолияти Хадамот дар шаш моҳи  соли 2023, дастовардҳо, пешравиҳо, камбудиҳо, роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби раёсат, шуъба ва бахшҳои Хадамот мавриди муҳокима қарор гирифта, барои андешидани чораҳои зарурӣ, дастуру супоришҳо дода шуд.

Инчунин, музокираи маърӯза сардорон ва мудирони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал шунида шуд.

Баъд аз музокира аз ҷониби сарпарасти соҳа, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлатзода Қиёмиддин ва сардори Хадамот Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад саволу ҷавобҳо оид ба самтҳои  фаъолият, аз ҷумла  ошкорсозии саривақтӣ ва бартарафсозии қарзи музди меҳнат, пешгирӣ ва рафъи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, тартиби гузаронидани санҷишҳо, рушди шарикии иҷтимоӣ, бастан ва риояи шартномаҳои коллективӣ, бештар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ёрии амалию методӣ расонидан ва дигар супоришу тавсияҳои дахлдор барои пешравии кори Хадамот доир гардида, баҳри  беҳтар намудани фаъолият дар шаш моҳи соли 2023 бо назардошти таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022  бармеоянд, инчунин таъмини иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

010304

Яндекс.Метрика