Cеминари машваратӣ бо кормандони масъули ташкилоту корхонаҳои соҳаҳои гуногун

Баргузории семинари машваратӣ бо кормандони масъули ташкилоту корхонаҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ, сохтмон ва дигар соҳаҳо дар мавзӯи риоя ва татбиқи талаботи конунгузорӣ ва риояи талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи  меҳнат мебошад.

Семенари мазкур бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи қонунвайронкуниҳо дар самти риояи талаботи қонунгузории соҳаи меҳнати ҷумҳурӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо кормандони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ, сохтмон ва дигар соҳаҳо дар толори маҷлисгоҳи Хадамот доир карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур ин пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаҳои гуногун ба ҳисоб рафта, бо иштирокчиёни семинар масъалаҳои марбут ба муносибатҳи меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Семинари мазкур бо иштироки Сардори Хадамот – Маҳмадзода С. М., муовини сардори Хадамот – Имомзода Б.И., сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат – Шарифзода О. Р., мудири бахши умумӣ ва хоҷагидорӣ Мирзозода Ш., сармутахасис ва мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат Бобозода Н.А., Меликзода Б. ва мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва назорат Ҷалолзода Ҷ.А., ва инчунин бо иштироки намояндагони корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №1”-и шаҳри Душанбе, Агентии обуҳавошуносӣ, ҶДММ “Гемотест ТҶ”, ҶДММ “Мактаби тиҷорат” Муассисаи давлатии маркази тиббии “Истиқлол”,  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва ва як қатор ташкилоту корхонаҳои дигар иштирок ва суханронӣ намуда, ба саволҳои худ аз ҷумла: оид ба пардохти музди меҳнати иловагӣ, вақти корӣ, изофакорӣ, рухсатии меҳнатии иловагӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва тавалуд ва дигар ҳолатҳое, ки ба мунсибатҳои меҳнатӣ алоқамандӣ доштанд, аз ҷониби кормандони Хадамот посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.

Дар фарҷоми семинар масъалаҳои батанзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми қабул ба кор, моҳияти бастани шартномаи меҳнатӣ, моҳияти бастани созишнома ва шартномаҳои  коллективӣ, расмиёти бо қонунгузорӣ муқарраршудаи қабул ба кор, тартиби амалӣ намудани рухсатиҳои меҳнатӣ ва рухсатиҳои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, баинобатгирии вақти кории кормандон, тартиби пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, тартиби пардохт ва муқаррар намудани  иловапулиҳо бари кор дар шароити зарарнок ва хатарноки меҳнат, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандон, риояи стандатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, аҳамияти қонунигардониии муносибатҳои меҳнатӣ, таъмини ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо ва кормандон ва дигар масъалаҳои марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Семинари мазкур дар доираи саволу ҷавобҳои сершумор дар мавзӯъҳои дар болозикргардида  ҷараён гирифта, ҳозирин бо як ҳисси қаноъатмандӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Аз ҷараёни суҳбат ва доир гардидани муҳокимарониҳо муайян гардид, ки гузаронидани чунин семинарҳо аз манфиат холӣ набуда, мунтазам ва дар доираи васеътари иштирокчиёни намояндагони ташкилоту корхонаҳо гузаронидани чорабиниҳои мазкурро тақозо менамояд.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои амалӣ намудани талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва татбиқи муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, иттилоотонии шаҳрвандони ба шуғл фарогирифташуда, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи қонунвайронкуниҳо дар ин самт,  баргузор намудани чунин семинарҳо идома дода, омодагии худро барои ҳамкорӣ, мусоидат ва додани тавсияҳои методӣ дар амалӣ намудани талаботи қонунгузорӣ дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ иброз менамояд.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика