«Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад».

«Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад».

                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

Боиси ифтихор аст, ки дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои башарӣ мардуми тоҷик асрҳои аср забони худро гиромӣ дошта, то ба имрӯз азизу муқаддас нигоҳ доштаанд ва барои нобу покизагии забони давлатӣ талош меварзанд.

Ин аст, ки барои гиромидошти забони давлатӣ ҳамасола 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 – октябри соли 2009, № 553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки  он ба замон ва шароити нав, ба даврони соҳибистиқлолӣ ва рушду нумуи забони тоҷикӣ мутобиқ гардонида шуд.

Забони тоҷикӣ тули ҳазорсолахо хамчун забони расмии муошират ва коргузорӣ байни мардуми Мовароуннаҳру Хуросон ва ҳудудҳои собиқи Осёи Марказӣ хизмат намудааст.

Ҳанӯз дар оғози асри 9 ва 10-и мелодӣ забони тоҷикӣ мартабаи баландро соҳиб шуда, бо кӯшиши хонадони Сомониён забони сиёсату давлатдорӣ, баргузории ҷамъомаду маҷлисҳо ва забони аҳли илм ва фарҳангу адаб гашта буд.

Забон дар ҳамаи давру замонҳо яке аз сарчашмаи асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат ба ҳисоб меравад.

Таърих шаҳодат медиҳад, ки дар гузашти ҳазорсолаҳо забони тоҷикӣ асолати таърихии худро нигоҳ дошта, ба забони илму адаб ва ҳикмату андарзи шеъри ҷаҳонӣ табдил ёфт. Осори гаронбаҳову абёти ҳикматомӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Шамси Табрезӣ, Мавлоно Балхӣ, Шайх Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Носири Хисрав, Абдулқодири Бедил, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва садҳо суханварони оламшумул, ки ҳамчун осори маҳбуб ба забони даҳҳо халқу миллатҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд, сарвати бузурги зеҳнии миллати тоҷик ва тавоноии забони тоҷикиро собит менамояд.

Ҳамчунон ки ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд, мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем.

Дар хақиқат забон нишонаи асосии миллат буда, дар баробари нишону парчам ва суруди миллӣ, шумораи аҳолӣ ва марзу бум яке аз рукнҳои асосии давлат ба шумор меравад.

Дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ишора намудааст: «Забон хишти аввалини Кохи миллат аст. Агар забони миллат аз даст равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».

Арҷгузорӣ ва муносибати хосаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ намунаи олии ватандорӣ маҳсуб ёфта , боиси пайравии ҳар як соҳибватан гаштааст. Роҳбари давлати тоҷикон бо муносибати эҳтиромонаи худ нисбат ба забони тоҷикӣ ба мо нишон медиҳанд, ки ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ рисолати ҳар фарди бонангу номус аст. Дар ҳақиқат, бузургтарин вазифаи ҳар тоҷики худшиносу ватанпарвар, ки бофарҳангу забони худ арҷ мегузорад, поку мусаффо нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик ба мерос гузоштани ин сарвати миллӣ мебошад.

Бигузор забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, нишони давлату давлатдории миллӣ ва чун рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии ҳама сокинони Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша устувору поянда бошад.

Ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!

Яндекс.Метрика