Мақсади таъсис ва салоҳияти Комиссияи баҳсҳои меҳнати фардӣ

 

Бо мақсади баррасикунии баҳсҳои меҳнатии фардӣ  Комиссияи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳамчун мақоми ибтидоии баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ дар ташкилоту корхона, аз шумораи баробари намояндагии кормандон ва корфармо таъсис дода мешавад.

Комиссия ӯҳдадор аст, эҳтимолияти баҳсҳои байни корфармо ва кормандонро, ки дар судҳо баррсӣ мегарданд, пешгирӣ намояд.

Комиссияи баҳсҳои меҳнатии фардӣ  салоҳият дорад, ки пеш аз судҳо баҳсҳоро аз рӯи масъалаҳои зерин баррасӣ намояд:

— ҷорӣ намудани меъёрҳои муқарраршудаи истеҳсол ва арзиши корбай, инчунин шароити меҳнат, ки иҷрои меъёрҳои истеҳсолро таъмин мекунад;

— гузаронидан ба кори дигар ва пардохти музди меҳнат дар мавриди гузаронидан;

— пардохти музди меҳнат дар мавриди иҷро накардани меъёрҳои истеҳсоли маҳсулот, маҳсулоти нуқсондор ва бекористӣ;

— пардохти изофакорӣ, кори шабона, ҷуброни кор дар рӯзҳои ид ва истироҳат;

— пардохти ҷубронпулӣ ҳангоми ба кор қабул кардан, сафари хизматӣ, ба кори дигар гузаронидан, қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ;

— пардохти кӯмакпулиҳо барои аз корравӣ;

— оид ба ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ба корманд расидааст ва аз ин саломатии ӯ бад шудааст;

— оид ба пардохти кӯмакпулиҳои товони зарар ба оила ва ашхоси ғайри қобили кории корманди дар истеҳсолот ба ҳалокатрасида;

— баргардонидани маблағи пулӣ, ки аз музди меҳнат барои товони зарари  ба ташкилот расонида нигоҳ дошта шудааст;

— дар бораи ҳуқуқи гирифтан ва доир ба ҳаҷми пардохти мукофотпулӣ ба корманд;

— додани рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола, пардохти музди он ва пардохти ҷубронпулӣ барои рӯзҳои истифоданашудаи рухсатии меҳнатӣ дар мавриди аз кор озод шудан;

— пардохти мукофотпулӣ;

— додани муҷозоти интизомӣ;

— додан истифода бурдани сару либосу пойафзоли махсус, воситаҳои ҳифзи фардӣ, маҳсулоти хуроки табобатию профилактикӣ;

Иловатан, салоҳият ва тартиби кори комиссия оид ба баҳсҳои меҳнати фардӣ дар асоси Низомномаи Комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 таҳти №599 тасдиқ шудааст ба роҳ монда мешавад.

Қарори Комисия оид ба  баҳсҳои меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи байни намояндагони корфармо ва намояндагии кормандон дар назди корфармо қабул карда мешавад.

Қарори комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бояд далелнок ва ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асоснок бошад.

Қарорро Раиси комиссия тасдиқ ва котиби маҷлис имзо мукунад.

Аз қарори комиссия дар давоми даҳ рӯз ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Хадамоти назорати давлатӣ

 дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират

 ва шуғли аҳолӣ

 

Яндекс.Метрика