Сафари кории Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати шарҳ ва расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон ва кормандони ташкилоту корхонаҳои ноҳияи Қабодиён

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани супориш ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба аҳолӣ расонидани муҳтавои Паёми Роҳбари давлат, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон рӯзҳои 30 ва 31 январи соли 2024 бо фаъолони ҷамоатҳои  шаҳрак ва деҳоти  ноҳияи Қубодиён вохӯрҳо баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯриҳо бо фаъолони ноҳия гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳиматулло ҳамчунин вакилони Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар Хайрулло, Холбойзода Неъматулло  ва Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар сохаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадзода Сафарали Маҳмад иштирок ва суханрони намуданд.

Аз ҷумла тибқи нақшаи тасдиқшуда вохурӣ вобаста масъалаи мазкур рӯзи 30 январи соли ҷорӣ соати 10:00 дар  Маркази фарҳангию  фароғатии «Меҳнатобод»-и деҳаи Чорбоғи ҷамаоти деҳоти  Ишмурод Ниёзов ва соати 14:00 дар  толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Қиблаи ҷамоати деҳоти номбурда бо иштироки фаъолони ҷамаотҳои  деҳоти Заркамар ва У. Назаров баргузор карда шуд, ки дар вохри Сардори Хадамот бо намояндагони зикргардида штирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон санаи 31 январи соли ҷорӣ соати 9:00 бо фаъолони  Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолият дар толори  Гимназияи давлатии №2-и деҳаи Доқӣ ва соати 11:00 бо иштироки роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ҷамоати  шаҳраки Қубодиён ва ҷамоати деҳоти Носири Хусрав дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ баргузор карда шуд. Инчунин,  нисфирӯзии санаи мазкур  соати 15:00 вохӯрӣ бо фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Тахти сангин ва Навобод дар  толори маркази фарҳангию фароғатии «Ҳаёт», воқеъ дар деҳаи Австои ҷамоати Тахти сангин баргузор гардид.

Дар рафти вохӯриҳо ҳангоми суханронии Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қайд намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Маҳз бо сиёсати пешгирифтаи бомувафақи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гарда,  сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст.

Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст. Аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расида,  умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзоиш пайдо кардааст. Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.

Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, зиёд карда шуда,  аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд мегардад.

Ҳамзамон, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шуд.

Дар баробари ин,  аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд, ки ин аз сиёсати Ватандӯстӣ ва меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огаҳӣ медиҳад.

Дар анҷом Сардори Хадамот суханронӣ намуда баён доштанд, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷию дохилӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Ҳамзамон, қайд намуданд, ки Паёми Роҳбари давлат фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ аҳамияти ниҳоятдараҷа муҳим дорад.

Бояд ҳар як фардӣ ҷумҳурӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва тамоми ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликият Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро сармашқи кор ва асоси фаъолият қарор диҳанд.

01

02

 

Яндекс.Метрика