Ҷаласаи васеи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар семоҳаи якуми соли 2024

Ҷаласаи васеи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2024»

Дар ҷаласа нахуст маърӯзаи  муовини Сардори Хадамот Имомзода Б.И., «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2024 шунида шуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ тамоми самтҳои фаъолияти Хадамот дар  семоҳаи якуми соли 2024, дастовардҳо, пешравиҳо, камбудиҳо, роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи маркази ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал мавриди муҳокима қарор гирифта, барои андешидани чораҳои зарурӣ, дастуру супоришҳо дода шуд.
Инчунин, музокираи маърӯза сардорон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал шунида шуд.
Баъд аз музокира аз ҷониби сарпарасти соҳа, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлатзода Қиёмиддин ва сардори Хадамот муҳтарам Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад саволу ҷавобҳо оид ба самтҳои  фаъолият, аз ҷумла  ошкорсозии саривақтӣ ва бартарафсозии қарзи музди меҳнат, пешгирӣ ва рафъи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, тартиби гузаронидани санҷишҳо, рушди шарикии иҷтимоӣ, бастан ва риояи шартномаҳои коллективӣ, бештар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ёрии амалию методӣ расонидан ва дигар супоришу тавсияҳои дахлдор барои пешравии кори Хадамот доир гардида, баҳри  беҳтар намудани фаъолият дар семоҳаи дуюми соли 2024 бо назардошти таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 бармеоянд, инчунин таъмини иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастуру супоришҳои мушаххаст дода шуд.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

01

2

3

Яндекс.Метрика