Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ироаи Паёми навбатӣ аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ» дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектони муносибатҳои меҳнатӣ» семинари машваратӣ баргузор гардид.

Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, дастуру супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва супориши Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Маҳмадзода Сафарали Маҳмад дар мувофиқа бо Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 апрели соли 2024 аз ҷониби мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Қутбиддинзода Маҳмадтолиб Қутбиддин, мудири бахши умумӣ ва хоҷагидории Хадамот Мирзозода Шаҳриёр Мунавар ва сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати Хадамот Сайдаҳмадзода Тоҷиддин Сайдаҳмад дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ» бо иштироки намояндагони Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  субъектони муносибатҳои меҳнатӣ» семинари машваратӣ баргузор гардид.

Дар семинар шахсони масъул, аз ҷумла роҳбарон, кормандони хадамоти кадрӣ, муҳосибӣ, иттифоқи касаба ва дигар кормандони Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди кумитаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда 150 нафар иштирок намуданд.            Семинари машваратиро сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Кумита Назарзода Давлатхон ифтитоҳ намуда, намояндагони Хадамотро муаррифӣ намуданд.

Сипас сухан ба мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  Қутбиддинзода Маҳмадтолиб Қутбиддин дода шуда, номбурда дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  субъектони муносибатҳои меҳнатӣ» маърӯзаи муфассал ироа намуданд.

Қутбиддинзода М.Қ. сараввал аз суханҳои дар Паёми Пешвои муаззами миллат зикргардида иқтибос оварданд, ки «дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.

Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Бинобар ин, Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Қайд бояд намуд, ки Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мутобиқи Низомномаи худ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 3 майи соли 2014, №299 тасдиқ гардидаас, мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.

Аз ин лиҳоз, Хадамот тасмим гирифт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  субъектони муносибатҳои меҳнатӣ» семинари машваратӣ баргузор намояд.

Мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектони муносибатҳои меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд. Муносибатҳои меҳнатӣ, ин муносибати байни корманд ва корфармо, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба вуҷуд меоянд.

Ҳуқуқ ба меҳнат аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Мутобиқи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Қутбиддинзода М.Қ. дар рафти ироаи маърӯза моҳият ва аҳамияти ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд ва корфарморо тибқи моддаҳои 18 ва 19 Кодекси меҳнат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуқуқу кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнатро нисбат ба кормандон муфассал шарҳ доданд.

Баъдан аз ҷониби иштироккунандагон вобаста ба масъалаи муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои корманд ҳангоми азкорравӣ, оқибатҳои дар довоми рӯзи корӣ бе сабабҳои узнок зиёда аз се соат ба кор ҳозир нагардидани корманд, ҳадди ниҳоии сарборӣ тибқи қонунгузорӣ, имтиёзҳои қонунгзорӣ барои занҳое, ки кӯдаки хурдсол доранд, кафолатҳои муқарранамудаи  қонунгузорӣ ҳангоми фавт дар ҷойи кор ва дар хона, муҳлати бастани шартномаи меҳнатӣ ва вобаста ба якчанд масъалаҳои дигари ба муносибатҳои меҳнатӣ иртиботдошта саволҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби намояндагони Хадамот Мирзозода Шаҳриёр Мунавар ва Қутбиддинзода М.Қ. ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дода шуда, иштирокчиён аз ҷавобҳои дода шуда қаноатманд гардиданд.

Инчунин, аз ҷониби иштирокчиён ишора гардид, ки ташкили баргузории чунин семинарҳо оид ба масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ аз манфиат холӣ намуда, барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии субъектони муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, дар анҷоми семинар дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маърӯза карда шуда, таъкид карда шуд, ки дар муассисаҳои таълимии Кумита масъалаҳои мазкур байни донишомӯзону ҷавонон ташвиқу тарғиб карда шуда, дар масъалаи пешгирии онҳо ба гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва бедор намудани муҳаббати хизмати ҳарбӣ дар қалби ҷавонон чораандешӣ карда шавад.

 

Мудири бахши кадрҳо ва

корҳои махсуси Хадамоти

назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

 муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Қутбиддинзода Маҳмадтолиб Қутбиддин

01

02

03

04

05

Яндекс.Метрика