Шуғли ғайрирасмӣ ва таъсири он ба рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шуғли ғайрирасмӣ ин падидаест, ки ба инкишоф ёфтани  иқтисодиёти ғайрирасмӣ замина гузошта, низоми устувори бозори меҳнатро халалдор месозад ва ба афзоиши муносибатҳои меҳнатии бақайдгирифтанашуда, асос мегардад.

Яке аз омилҳои асосие, ки афзоиши ин намуди шуғлро ба низом медарорад, инкишофи онро боз дошта, низоми шуғли аҳолиро танзим менамояд, ин риоя ва иҷрои талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва дуруст амалӣ намудани расмиёти бо қонунгузорӣ муқарраргардидаи қабул ба кор мебошад. Ин масъала масъулияти баланди субъектони муносибатҳои меҳнатиро тақозо намуда, корфармо ва кормандро вазифадор менамояд, ки муносибатҳои меҳнатиро танҳо дар доираи талаботи муқарраршуда ба роҳ монанд. Фаъолияти ғайрирасмӣ натанҳо низоми устувори бозори меҳнатро вайрон месозад, балки оқибатҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро нисбат ба онҳо ба вуҷуд оварда, боиси таъмин нагардидани ҳуқуқу кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нисбати худи онҳо мегардад. Дар натиҷаи шуғли ғайрирасмӣ шаҳрвандони ба чунин фаъолият ҷалбгардида, аз таъмини ҳуқуқу кафолатҳо маҳрум гардида, дучори сарсонӣ ва саргардониҳои зиёд мегарданд, инчунин ба сатҳи таъминоти иҷтимоии худ, хисорот ворид менамоянд.

Мақсади ба чунин амал даст задани субъектони муносибатҳои меҳнатӣ ин агар аз як тараф пинҳон намудани пардохтҳои муқарраршудаи қонунгузорӣ бошад, аз тарафи дигар ҷиҳати ба даст овардани фоида ва дидаю дониста ташкил намудани иқтисоди пинҳонӣ мебошад. Дар сурати аз ҷониби корфармо ба шуғли ғайрирасмӣ ҷалб намудани кормандон музди меҳнат бо корманд пинҳонӣ ва шифоҳӣ маслиҳат шуда, корманд аз чунин шакли фаъолият албатта дар ҷараён гузошта мешавад, яъне корманд ба фаъолияти ғайриқонунӣ бо пешниҳоди корфармо розӣ мешавад. Ин шаҳодати он аст, ки чӣ корфармо ва худи корманд низ ба амали ғайриқонунии корфармо шарик шуда, ба корфармо мусоидат менамояд, ки ҳуқуқҳо ва кафолатҳои  меҳнатии ӯро сарфи назар намуда, ба фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ замина гузорад.

Оқибат, дар натиҷаи аз ҷониби мақомоти дахлдор ошкор гардидани амали ғайриқонунии корфармо вобаста аз ҷавобгариҳои ҳуқуқии пешбинигардида, ҳарду ҷониб ба ҳолатҳои ногувор дучор мегарданд. Аз тарафи дигар, пинҳон намудани пардохтҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ низоми андозсупории бо қонунгузорӣ мукарраршударо вайрон намуда, ба низоми шуғли аҳолӣ ва талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, хусусан дидаю дониста ва бо маслиҳати пешакӣ роҳ додан ба фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ, метавонад боиси ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ гардад.

Пардохти пардохтҳои муқарраршуда ва дар доираи талаботи қонунгузорӣ фаъолият намудани субъектони муносибатҳои меҳнатӣ кафили самаранокӣ ва сифати истеҳсолот, таъмини ҳуқуқу кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нисбати ҷонибҳо, рушди бозори меҳнат ва таъмини шуғли арзанда барои ҳар як шаҳрванди қобили кор ба ҳисоб меравад.

Ҳар як шаҳрванд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, бо дарки бо низом фаъолият намудан, масъулияти ҳиссагузорӣ дар рушди иқтисоди кишвар, гузоштани ҳиссаи худ дар рушду тарақиёти Ватани азизамон бояд, фаъолияти меҳнатии худро ба роҳ монад. Бояд, ҳар як шаҳрванд донад, ки танҳо дар сурати риоя намудани талаботи қонунгузорӣ ва тибқи низоми муқарраршуда фаъолияти меҳнатӣ намудан, таъмини ҳуқуқу кафолатҳояш амалӣ мегарданд. Дар акси ҳол, фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ чӣ ба сатҳи иҷтимоии худи шаҳрванд ва чӣ ба буҷаи давлатӣ таъсири номатлуб мерасонад. Ҳама гуна амали ғайриқонунӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ ба рушди бозори меҳнати кишвар, самаранокии шуғли аҳолӣ ва таъмини меҳнати арзанда, монеа эҷод намуда, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар садди роҳ мегардад.

Тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ шартномаи хаттӣ байни корфармо ва корманд муқаррар гардидааст. Бастани шартномаи меҳнатиро бояд ҳар як шаҳрванд ҳангоми муроҷиат ба кор аз корфармо талаб намояд.

Дар асоси муқаррароти қонунгузории соҳаи меҳнат ҳангоми муроҷиат ба кор, баъд аз муайян гардидани мувофиқати корманд ба мансаб ва ё вазифаи пешниҳодгардида аз ҷониби корфармо бояд корҳои зерин анҷом дода шаванд;

— фармони қабул ба корро таҳия намуда, ба расмият дарорад ва на дертар аз 3 рӯз кормандро бо гирифтани имзо бо санади қабул ба кор шинос намояд (қ 2 М. 19,м. 26 КМҶТ);

-ба кормандоне, ки зиёда аз 5 рӯз кор кардаанд дафтарчаи меҳнатӣ кушода, дафтарчаи меҳнатиро пур намояд (м.52,КМҶТ, ҚҲҶТ аз 12.04.1999);

ҳангоми қабул ба кор кормандро аз муоинаи тиббии пешакӣ тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузори меҳнат  гузаронад (м.333 КМҶТ);

— дар бораи меҳнати заранок (махсусан заранок) шаротҳои хавфноки меҳнатӣ, ва эҳтимолияти бемориҳои касбӣ ба корманд хабар расонад ва дар ин замина кормандро бо шарту шароити ҷои кор пеш аз шурӯъи кор  шинос намояд; (с.17қ.2 м. 19 КМҶТ); 

қормандро бо қоидаҳои тартиботи дохилии корхона (ташкилот), шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаи коллективӣ ва дигар санадҳои корфармо, ки бевосита ба кори корманд алоқаманд мебошад, бо гирифтани имзо шинос намояд (с.6. м.19, қ.7 м.26 ва м. 59 КМҶТ); 

ҳангоми қабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи меҳнатӣ бандад (с. 2.қ.2 м. 19 ва моддаҳои 24-26 КМҶТ);

 — пешбурди махзани маълумотро ташкил намуда, ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии кормандонро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд (с. 24. қ. 2 м.19, ва м. 57 КМҶТ);

— оид ба шумораи кормандоне, ки бо ӯ дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд,  ба мақомоти омор маълумоти дахлдорро пешниҳод намояд;

— ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳисоботи шаклаш муқарраршударо пешниҳод намояд.

            — ба корманди ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалбгардида, дар бораи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҳангоми қабул ба кор дастур диҳад (м.336,с.6 м.348;);

Ҷиҳати таъмини талаботи қонунгузории соҳа ва амалӣ намудани вазифаҳои дахлдор ҳангоми қабул ба кор, бояд аз ҷониби корфармо масъалаҳои зикргардида иҷро карда шуда, баъд аз шурӯъи кор нисбати корманд дигар кафолатҳо татбиқ карда шавад.

Бо назардошти асосҳои дар боло зикргардида, масъалае ба миён меояд, ки чаро шаҳрвандон ба чунин намуди фаъолият, яъне шуғли ғайрирасмӣ рағбат доранд?

Барои муайян намудани сабабу шароитҳои ба шуғли ғайрирасмӣ мусоидаткунанда,  таҷрибаи дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолияти санҷишии Хадамот вобаста ба бартараф намудани шуғли ғайрирасмӣ ба даст омада нишон медиҳад, ба вуҷуд омадани шуғли ғайрирасмӣ сабаб ва омилҳои мухталиф дорад.

Ҳангоми ташрифи кормандони ваколатдори Хадамот ба  субъектҳое, ки  шаҳрвандонро ғайрирасмӣ ба кор ҷалб намудаанд, инчунин тавре кӣ аз суҳбат бо кормандони субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ бармеояд, аксарияти онҳо дорои маърифати пасти ҳуқуқӣ ва касбӣ буда, надоштани ихтисоси дахлдор ва донишу маҳорати касбӣ сабаби розӣ шудан ва даст задан ба шуғли ғайрирасмӣ гардидааст. Баъзе аз чунин шаҳрвандон ҳатто аз оддитарин ҳуқуқҳояшон хабар надошта, танҳо баъд аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили  чорабиниҳои дахлдор оид ба аҳамияти шуғли расмӣ аз моҳият ва ҳуқуқҳояшон бохабар мешаванд. Вале, новобаста аз огоҳонӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, расонидани муқаррароти қонунгузорӣ, огоҳонӣ аз ҳуқуқу кафолатҳое, ки  қонунгузорӣ барои онҳо муқаррар намудааст, зарар ва оқибатҳои шуғли ғайрирасмӣ, чунин кормандонро дар дигар субъектҳо, дар дигар давра такроран бо даст задан ба шуғли ғайрирасмӣ дидан мумкин аст, ки дидаю дониста такроран шуғли ғайрирасмиро ихтиёр менамоянд.

Таҷрибаи ба дастомада нишон медиҳад, ки сабаби такроран ба чунин шуғл даст задани баъзе аз шаҳрвандон, ин нокифоягии ихтисос, надоштани маълумоти дахлдор, ва рақобатнопазирӣ дар бозори меҳнат мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабу шароитҳои ба шуғли ғайрирасмӣ мусоидаткунанда, инҳо мебошанд;

— маърифати пасти ҳуқуқии шаҳрвандон;

—  ғайриимкон будани фаъолияти меҳнатӣ дар шакли шартномавӣ ;

— надоштани ихтисоси ҷавобгӯйи бозори меҳнат;

— музди меҳнати пинҳонӣ маслиҳатшуда;

хоҳишманд набудани корфармо ба супоридани андозҳо;

ҷадвали кории тағйирёбанда;

даромади иловагӣ;

— тақлид ба дустон;

— нахостани таҳти назорати роҳбарият ва дар коллектив кор кардани баъзе аз шаҳрвандон;

— бе маълумоти сатҳи олии миёна ва касбию тахассусии дахлдор ба кор қабулшавӣ;

-рақобатнопазирӣ дар бозори меҳнат.

-дидаю дониста вайрон намудани талаботи қонунгузории самти меҳнат аз ҷониби корфармоён.

Рағбат пайдо намудани табақаи рақобатнопазири аҳолӣ дар бозори меҳнат ва майли ҷавонон ба шуғли бақайдгирифтанашуда бахши ғайрирасмии бозори меҳнатро ташаккул медиҳад, ки сабаби фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ, таъмин нагардидани ҳуқуқу кафолатҳо ва ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқӣ нисбати шаҳрвандон мегардад.

Ҷиҳати ҳалли мусбии ин масъала, бояд худи шаҳрвандон масъулияти том ҳис намуда, дар барасмиятдарории қабул ба кор саҳми бевоситаи худро гузоранд ва аз корфармо дар доираи талаботи муқарраршуда, барасмиятдарории қабул ба корро талаб намоянд. Дар сурати аз ҷониби корфармо рад намудани барасмиятдарории қабул ба кор, ба мақомоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд.

Ба самъи тамоми шаҳрвандон расонида мешавад ки қонунгузории соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми ҳуқуқу кафолатҳо нисбати шаҳрвандони ба муносибатҳи меҳнатӣ алоқаманд таҳия гардида, баҳри таъмини шуғли арзанда барои аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини самаранокии шуғлнокии аҳолӣ, таъмини ҳуқуқу кафолатҳои шаҳрвандон чӣ ҳангоми қабул ба кор ва чӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ намудани онҳо, ба талаботи муосир ва байналмиллалӣ ҷавобгӯ буда, дар сатҳи баланди ҳуқуқӣ таҳия гардидааст ва ба таъмини ҳуқуқ, кафолатҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона карда шудааст.

Шаҳрвандони чумҳурӣ бо ҳисси баланди миллӣ ва ватаншиносӣ бояд дарк намоянд, ки дар доираи талаботи муқарраршудаи қонунгузорӣ ва риояи бечунучарои қонунҳои амалкунанда, ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатӣ, кафили амнияти иҷтимоӣ ва ҳуқуқии худи шаҳрвандон ва мусоидат ба ғанӣ гардидани буҷаи давлат ба шумор меравад. Аз ғанӣ гардидани буҷаи давлат музди меҳнати арзанда, ҳифзи сатҳи иҷтимоии шаҳрвандон, афзоиши ҷойҳои корӣ, шуғли арзанда, самаранокии шуғли аҳолӣ ва рушди бозори меҳнат вобастагии ниҳоят калон дорад.

Ба талаботи қонунгузории соҳаи меҳнати амалкунанда ва мунтазам додани машварату тавсияҳои методӣ, инчунин расонидани ёрии амалӣ ва кумакҳои ҳуқуқӣ дар самти фаҳмондадиҳии риояи талаботи қонунгузорӣ,  гузаронидани санҷишҳо вобаста ба назорати иҷрои талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нигоҳ накарда, аз ҷониби баъзе аз корфармоён ҳанӯз ҳам саркашӣ намудан аз барасмиятдарории қабул ба кор ва ғайрирасмӣ ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон ба назар мерасад.

Ин масъала низ шаҳодати он аст, ки корфармоён ҳуқуқу уҳдадориҳои бо қонунҳо муқарраршударо ба инобат нагирифта, дар рад намудани барасмиятдарории шуғл восита мегарданд, ки ин омил метавонад барои худи онҳо оқибатҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро ба вуҷуд орад.

Саркашӣ намудани корфармо аз барасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ ва расмикунонии шуғли шаҳрвандон, сабаби таъмин нагардидани ҳуқуқу кафолатҳои бо қонун муқарраршуда гашта, барои андешидани чораю ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ замина мегузорад, ки оқибат ба ҳар ду ҷониб, ҳам барои корфармо ва ҳам барои корманд боиси масрафи ғайричашмдошту ҳолатҳои ногувор мегардад.

Дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ шаҳрвандон аз кафолату имтиёзҳои зерини муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бебаҳра мемонанд;

-пардохт накардани давраи корношоямӣ ва рухсатиҳои меҳнатӣ (рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола, рухсатиҳои таълимии донишҷӯён, пардохти ҷубронпулии рухсатиҳои меҳнатии истифоданашуда. Рухсатии иловагӣ барои кор дар шароити зарарнок, хатарнок ва вазнини меҳнат);

-напардохтани маблағи иловагӣ барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои ид ва истироҳат;

-маблағҳои ҳисобинашуда ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бинобар ихтисори воҳиди корӣ;

-набудани кафолати нигоҳ доштани ҷойи корӣ дар давраи корношоямии муваққатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ва рухсатӣ барои нигоҳубини тифл;

-гирифта натавонистани қарзи бонкӣ ва раводид;

-ғайримкон будани пардохти ҷубронпулиҳои муқаррарнамудаи қонун зимни тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, бинобар ғайрирасмӣ фаъолият намудан;

-эҳтимолияти ба ҷавобгарӣ гирифтор гардидан ҳангоми дар эъломия нишон надодани даромадҳо;

-барои пинҳон доштани пардохтҳои андоз ба шахсони воқеӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

-барои ташкилотҳое, ки аз шуғли ғайрирасмӣ истифода менамоянд аз назари аввал манфиат дорад, чунки масраф кам гардида, фоида аз ҳисоби напардохтани пардохтҳои ҳатмии бо қонун муқаррашуда меафзояд. Вале, дар сурати нисбати ташкилот истифода гардидани чораҳои ҷавобгарӣ (ҷаримаҳо, қатъ намудани фаъолият, бозҳисобӣ намудани маблағҳои музди меҳнати саривақт пардохт нагардида ва пушаймона (пения) барои батаъхирандозии ин пардохт, пардохтҳои ба музди меҳнат алоқаманд, пардохти дукаратаи изофакориҳо, пардохти якуним каратаи корҳои шабона, бозҳисобии коэффитсиентҳои ноҳиявӣ барои кор дар шароитҳои номусоиди иқлимӣ ва баландкӯҳҳо ва ғайра) нисбати корфармо ба оқибатҳои ногувор, ҳолатҳои дучор шудан ба муфлисшавӣ, надоштани имконияти чунин пардохтҳо, ки дар натиҷа тибқи талаботи қонунгузорӣ новобаста аз вазъи молиявӣ, ҳатто бо дар фуруш мондани молу мулки корфармо пардохт намудани ҷуброни амали ғайриқонунӣ, ки бояд сари вақт амалӣ карда мешуд, дучор мегардад.

Баъзе аз корфармоён, ҳамаи ин масъалаҳои зикргардидаро вобаста ба манфиати худ (истифодаи шуғли ғайрирасмиро) бо таваккал муқоиса мекунанд.

Расмикунонии муносибатҳои меҳнатӣ аҳамияти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта, яке аз сарчашмаҳои назарраси ғанӣ гардонидани нафақат буҷаи ҷумҳурӣ ва маҳалҳо, балкӣ баланд шудани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мебошад, ки аз он ҳаҷми хизматрасонӣ ба шаҳрвандони аз буҷет маблағгузоришаванда, шаҳрвандони ба нафақа баромада, шахсони ба ёрии давлат эҳтиёҷдошта  ва кафолати таъмини ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон низ вобастагӣ дорад.

Бояд тазаккур дод, ки ба шуғли ғайрирасмӣ ҷалб намудани шаҳрвандон бештар дар ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ, бозорҳо, нуқтаҳои фуруши сузишворӣ, нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо, ресторану ошхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, нуқтаи таъмири нақлиёт ва як қатор корхонаҳои мавсимӣ амалкунанда дида мешавад.

Ҷиҳати ба низом даровардан, таъмини риоя ва иҷрои талаботи муқарраршудаи қонунгузории соҳаи меҳнати ҷумҳурӣ, таъмини ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқу кафолатҳои қонунгузорӣ нисбати шаҳрвандон, ба шуғли арзанда ва самаранок таъмин намудани сокинони кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон, ва ба низоми муайяни бо қонунгузорӣ муқарраршуда даровардани шуғли аҳолии кишвар зарурат ба миён меояд, ки нисбати ташкилоту корхонаҳое, ки шаҳрвандонро ба таври ғайрирасмӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб менамоянд, илова ба чораҳои таъхирнопазири маъмурӣ, ҳамчунин ҷазо дар намуди муваққатан боздоштани  намуди муайяни фаъолият то ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ карда шавад.

Дар ин замина аз шаҳрвандон тақозо мешавад, ки дар татбиқи чораҳои андешидашудаи давлатӣ бо саҳмгузории худ дар барасмиятдарории муносибатҳои меҳнатӣ ва аз корфармо талаб намудани бастани шартномаҳои меҳнатӣ бе тафовут набошанд.

Барои рушди сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамзамон таъмини аҳолӣ ба шуғли арзанда Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №135 «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» таҳия ва тасдиқ гардида, ҷиҳати фароҳам овардани имконият ба шуғли пурсамар, такмили бозори меҳнат, ҷорӣ намудани механизми ҳамкории мутақобилаи бахши давлатӣ бо бахши хусусӣ ва ба шуғли пурсамар таъмин намудани табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Бо назардошти гуфтаҳои дар болозикргардида, Хадамот минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат дар самти ба низом даровардани шуғли аҳолӣ, татбиқи талаботи қонунгузорӣ, иҷрои супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои Ҳукумат, супоришҳои роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба роҳ монда, барои паст ва коҳиш додани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ чораҳои мушаххас андешида истодааст.

        Муовини

Сардори Хадамот                                   Б. Имомзода

   Мутахассиси пешбари

  шуъбаи назорати давлатӣ

   дар соҳаи шуғли аҳолӣ                         Б. Ормониён

Яндекс.Метрика