Баргузории семинари машваратӣ оид ба иҷрои бандҳои Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026.
Санаи 26 майи соли 2026 дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинари машваратӣ вобаста ба иҷрои бандҳои Нақша- чорабиниҳои Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026, ки аз тарафи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 майи соли 2024, ;43/10-60 тасдиқ шудааст, оид ба моҳияти риоя ва татбиқи қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла, таҳия, риоя ва иҷрои шартҳои шартномаҳои колективӣ, шартномаҳои меҳнати ҳифзи меҳнат, пешгирии қарздорӣ аз музди меҳнат ва саривақт пардохт намудани музди меҳнат семинари машваратӣ бо иштироки муовини раиси Иттиҳодияи корфармониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи сохтмон ва меъмории Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе барои корҳои сохтмони машғул мебошанд баргузор гардид.
Дар оғози семинари машваратӣ аз ҷониби сардори Хадамот вобаста ба Нақша- чорабиниҳои Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026, дар бораи меҳнат оид ба моҳияти риоя ва татбиқи қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, таҳия, риоя ва иҷрои шартҳои шартномаҳои колективӣ, шартномаҳои меҳнати ҳифзи меҳнат, пешгирии қарздорӣ аз музди меҳнат ва саривақт пардохт намудани музди меҳнат суханрони намуданд.
Ҳамзамон сардори Хадамот қайд намуданд, ки самти асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коҳиш додани таъсирҳои номатлуби ҷаҳонишавии ҳадафҳои геополитикидошта, муқовимат бо ҳаргуна хатару таҳдидҳои замони муосир аз қабили тероризм, экстремизм, равияҳои гуногуни экстремистӣ, ва дар ин замина ҳифз намудани фазои иттилоотии ҷумҳурии азизамон аз ҳамагуна хатарҳо дар тавассути технологияҳои муосир ва шабакаҳои интернетӣ, ки паҳн мешаванд, дар ин радиф инчунин ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона гардида, аз ҳидоятҳои роҳбари давлат ва фаъолияти пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Дар рафти семенари мазкур аз ҷониби муовини раиси Иттиҳодияи корфармониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи сохтмон ва меъмории Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон намояндаи иттифоқи касаб ва инчунин сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат вобаста ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқаманд, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муқаррар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат оид ба пардохти музди меҳнати иловагӣ, вақти корӣ, изофакорӣ, рухсатии меҳнатии иловагӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва тавалуд ва дигар ҳолатҳое, ки ба муносибатҳои меҳнатӣ алоқамандӣ доштанд, баромад намуданд.
Дар фарҷоми семинари мазкур масъалаҳои батанзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми қабул ба кор, моҳияти бастани шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, расмиёти бо қонунгузорӣ муқарраршудаи қабул ба кор, тартиби амалӣ намудани рухсатиҳои меҳнатӣ, ба инобат гирифтани вақти кории кормандон, тартиби пардохт ва муқаррар намудани иловапулиҳо бари кор дар шароити зарарнок ва хатарноки меҳнат, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандон, риояи стандартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, пурра бартараф намудани шуғли ғайрирасмӣ, таъмини ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо ва кормандон ва дигар масъалаҳои марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Семинари мазкур дар доираи саволу ҷавобҳои сершумор дар мавзӯъҳои болозикргардида ҷараён гирифта, ҳозирин бо як ҳисси қаноъатмандӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Аз ҷараёни суҳбат ва доир гардидани муҳокимарониҳо муайян гардид, ки гузаронидани чунин семинарҳо аз манфиат холӣ намебошад.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои амалӣ намудани талаботи муқаррар намудаи қонунгузорӣ ва татбиқи муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, иттилоотонидани шаҳрвандони ба шуғл фаро гирифташуда, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи қонунвайронкуниҳо дар ин самт, баргузор намудани чунин семинарҳоро идома дода, омодагии худро барои ҳамкорӣ, мусоидат ва додани тавсияҳои методӣ оид ба амалӣ намудани талаботи қонунгузорӣ дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ






