ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ҲУВИЯТУ ХУДОГОҲӢ, РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА!
“Ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст.”
Эмомалӣ Раҳмон.
Барои ҳар як миллату давлат дар тули таърихи ҳастӣ ду омили асосии ҳаётан муҳим нақши калидӣ дорад. Марҳалаҳои паси сар гардидаи таърихӣ исбот намудаанд, ки ҳеҷ як миллат бе ба даст овардани ваҳдат ва итиқлолияти комил мустақилият ба даст наоварда, зери фишорҳои мухталифи сиёсию иқтисодӣ қарор гирифтааст ва ба рушди бемайлони он миллат хисороти таъсирбахши бузурге ворид гардидааст. Воқеан таърих собит сохтааст, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳамбастагиву маърифатнокии миллат заминаи асосӣ барои ба даст овардани истиқлолияти комили ҳар як миллат мебошанд. Дар равади зиндагӣ ва пойдории миллат ду арзиши муҳим, ки барояш сарнавштсозу тақдирсоз аст, ин расидан ба ваҳдат ва ба даст овардани истиқлолият мебошад ва миллат ба ин ду арзиши муҳим ҳамеша ниёз дорад. Ин ду арзиши асосӣ барои миллат заминаи устувор барои рушди миллат ва амалӣ гардидани марому ҳадафҳо, ормонҳои миллию муаррифӣ гардидани миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи асосӣ мебошад.
Милате, ки соҳиби ваҳдату ягонагӣ набошад барои расидан ба истиқлолияти комил имконият надорад, зеро бе ваҳдату ягонагӣ дари асрори мухталифи давлат ба душманони миллат боз гардида, имкон фароҳам мешвад, ки ба миллат аз дохил зарбаи хоинона зада шавад. Бинобар ин, хурду бузурги миллат, намояндагони табақаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, сиёсию иқтисодӣ бояд дар ҳимоя ва ҳифзи Ватан якдилу яктан, содиқу ҷонфидо бошанд. Бояд масъулини пешбурди корҳои идеологӣ дар самти худшиносӣ ва худогоҳии миллат саҳми беандоза бузург дошта бошанд, баҳри таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллат, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсии ҳар як сокини кишвар пайваста ва мунтазам фаъолияти густурда ва натиҷабор дошта, барои дар сатҳи зарурӣ эҷод намудани ҳисси баланди ватандустӣ масулият бар душ дошта бошанд.
Истиқлолу ваҳдати комил имкон медиҳанд, ки ҳастии миллат бобақо бошад ва арзишҳои миллат кафолат дода шаванд.
Самаранок истифода кардани ин ду арзиши муҳим танҳо ба миллате муяссар мегардад, ки роҳбари накусират, Пешвои ҷасур ва хирадманд, бо маърифату қавиирода дошта бошад.
Дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ роҳбар ва пешвоёне буданд, ки ба халқҳои худ ҷоннисорона хизмат намуда, осори бузурги ибратомӯз ва мактабҳои сиёсии қавиеро боқӣ гузоштаанд, ки имрӯз номи онҳо дар
лавҳаҳои муқаддас бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, то ҳануз аз ҷониби миллаташон мавриди истифода қарор доранд ва ҳамчун махзани таҷриба истифода мешаванд. Насли имрӯзаи миллату халқиятҳои мухталиф дар симои қаҳрамонони аҷдодони гузаштаи хеш идеалеро мебинад, ки мехоҳанд шабеҳи ӯ бошанд, вале роҳбарӣ, пешво шудан, сифатҳое ҳастанд, ки азалиянд ва хос барои шахсони алоҳида дода мешаванд ва дар ин ҷода аз дигар тараф ба чунин шахс иродаи қавӣ, ва малакаи роҳбарӣ ато мегардад.
Хислатҳои зикргардида хоси ҳар кас набуда, на ҳар кас қаҳрамон ё пешвои муваффақ шуда метавонад.
Дар даврони мураккаби тақдирсоз, даврони кашмакашиҳои хусусияти геополитикию сиёсӣ дошта, тақдири илоҳӣ миллати тоҷикро хушбахт ва муяссар гардонд, ки Сарвар ва Пешвое дошта бошад, ки манфиатҳо ва арзишҳои миллиро соҳибӣ намуда, дар арсаи сиёсати дунявӣ муарраифгари ин халқи созандаю бунёдкору тамадунунофар бошад.
Миллати тоҷик дар як марҳалаи басо душвору мушкил, ки хатарҳои бузургеро барои ҳастии милати тоҷик ба вуҷуд оварда, парокандагии миллат дар саросари мамлакат рӯ ба инкишоф, душманони берунӣ ба дохили мамлакат роҳ ёфта хати садоқатро рахна, ҳамзамон иқтисоди мамлакат то ба ҳадде поин рафта буд, ки хатари аз байн рафтани иқтидори иқтисодии мамлакат ба вуҷуд омада, сатҳи таваррум то ба ҳадди як чанд маблағи ночизе боқӣ монда буд, ки бо ин таъмини сатҳи иқтисодиёти кишвар мушкилоти зиёдеро ба бор оварда буд.
Бо инояти худои бузург ва тобиши толеъи миллати тоҷик дар он марҳалаҳои басо ҳассоси сарнавиштсозу тақдирсоз, ки тухми бесаранҷомиро пароканда буд, халқи тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти наҷотбахш ва соҳиби аслии худро дарёфтанд. Ин фарзанди фарзонаи миллат бо иродаи қавӣ, хислатҳои дурбинӣ, миллатдустӣ, ватандустӣ, садоқат, ростгӯи, адолатпарварӣ, ҳақиқатҷӯи ва диққатҷалбкунии худ, барои миллати тоҷик Ваҳдат, истиқлолият ва зиндагии шоиста фароҳам овард. Бо боварии комил метавон изҳор намуд, ки Ваҳдати миллӣ, Истиқлолият ва дигар дастовардҳои нодири миллати тоҷик маҳз натиҷаи хизматҳо, талошу заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат маҳсуб ёфта, ташаббусҳои беназири Пешвои миллат аз ҷониби пиру барнои миллат, ҳамзамон аз ҷониби як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудаанд.
Аз нигоҳи имрӯзаи мардуми хешттаншинос бо назардошти воқеияти таърихӣ ба боварии комил метавон гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷодкори истиқлоли воқеии Тоҷикистон мебошанд. Вожаи Истиқлоли Тоҷикистон ба номи шарафманди фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.
Маҳз хислатҳои ботинӣ, дурбинӣ, миллатдӯстӣ, ватандӯстӣ, садоқат, ростгӯӣ, адолатҷӯӣ ва ҳақиқатро баён карда тавонистан, вазъиятро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун фаҳмонда тавонистан, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардан ва ба ҳамон саволҳое, ки таърих дар назди миллату давлати мо гузошта буд, ба онҳо ҷавоби дуруст ёфтани Пешвои миллат заминаҳои устувори ба муваффақиятҳо расидани давлат ва миллати мо гардид.
То ҳануз, хастанопазирона Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, баҳри беҳбудию некӯаҳволии халқ ва ободии Ватан фидокорона хизмат намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ унвон гирифтани Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати ҷоннисорона баҳри сулҳу ваҳдати миллӣ мубориза бурдан аст.
Сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва пешрафту ободиҳо ҳама ба номи ин шахси ташабускор ва давлатсоз алоқаманд буда, сиёсатмадори бузург будани Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқӯдратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонишавӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ на кори чандон осон аст.
Имрӯзҳо миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 29- мин солгарди Ваҳдати миллӣ қарор дошта, бесаброна он ҷашнро интизор аст, ки ин орзӯи миллат аз фарҳанги волои таърихӣ доштани миллат ва таҳким ёфтани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии милат шаҳодат медиҳад.
Ваҳдати миллӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик сарвати бебаҳоест, ки мардуми кишвари мо онро бо ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳамасола 27-уми июн бо самимияти хоса ҷашн гирфта, он аз ҷониби хурду бузурги ҷомеаи Тоҷикистони навини соҳибистиқлол бузургтарин дастоварди таърихӣ ва сароғози марҳалаи навин дар рушди давлатдории тоҷикон дониста мешавад.
Имрӯз на фақат ҷомеаи шаҳрвадӣ, аҳли илму адаб, олимону коршиносони ҷумҳурӣ, балки аҳли илм ва сиёсат, ҷомеашиносони сатҳи ҷаҳонӣ ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳонӣ эътироф мекунанд, ки ин дастоварди бузургтарини таърихӣ воқеан ҳам бо ташаббус ва ҷаҳду талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Тамоми миллати тоҷик, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки аз саҳифаҳои таърихи тозаэҷоди Тоҷикистони соҳибистиқлол огаҳӣ дорад, мефаҳмад, ки маҳз сиёсати дурбинона, созанда, ва хирадмандонаю хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон шароити мусоиде фароҳам овард, ки дар мамлакати бар асари дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтодаи мо сулҳу субот ва амнияти сиёсию иҷтимоӣ абадан пойдор гарданд.
Ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузашта гувоҳи он аст, ки бар асари ҷанги таҳмилӣ тақрибан ҳаёти беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрванд ба коми аҷал кашида шуда, зиёда аз як миллион нафар сокинони кишвари моро гуреза гардонид.
Таъсири ҷанги таҳмилӣ, ки аз ҷониби душманони хориҷию дохилӣ тарҳрезӣ гардида буд, соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, ва соҳахои фарҳангиву маърифатиро фалаҷ гардонида, ба кишвари азизи мо хавфи аз даст додани истиқлолият ва тамомияти арзиро ба вуҷуд оварда буд.
Боиси хушбахтӣ ва сарфарозист, ки чунин вазъияти нобасомон мардуми кишвари моро гумроҳ насохта, мардуми бедордил ва худогоҳи кишвар дар интихоби Президенти кишвар бо умеду орзӯҳои нек ба ояндаи дурахшон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифаи басо муҳиму масъулиятнок интихоб намуданд.
Баъди бар душ гирифтани ин рисолати барои халқу миллат ниҳоятдараҷа муҳим Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ, ки асрҳо дар хотири миллат ба некӣ боқӣ хоҳад монд, ваҳдати миллиро пойдор созанд.
Аз нигоҳи хирадмандонаи Сарвари муаззами давлат, ки бо хирад, дурандешӣ, ва сифати раиятпарваронаи хеш назир надорад:
«Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад».
Дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Сарвари ҷонфидо ва дурандеши давлат як силсила мулоқоту музокиротро бо намояндагони гурӯҳҳои мухолифин ва мусаллаҳу тундгаро ба анҷом расонидаанд, ки натиҷаи он сулҳу субот ва ормии кишвари азизамонро ба бор овард.
Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои собитқадамонаи Пешвои муаззами миллат якдигарфаҳмӣ ва ваҳдат ба даст омада, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид ва ин иқдоми беназири Пешвои муаззами миллат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид.
Бо итминони комил метавон изҳор намуд, ки маҳз бо шарофат ва азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат — Пешвои маззами миллат дар саросари кишвари азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад.
Айни замон истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 192 мамлакати дунё пазируфтааст ва хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Кишвари азизи мо саргузашти вазнинеро паси сар намуд. Солҳои 1992-1997 дар сарнавишти халқи тоҷик чун замони пурфоҷиа ёдовар мегардад. Дар ҳамон замони пурфоҷиа ва давраи оҷизии давлат, фарзанди фарзона ва худогоҳу худшиноси миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфта буд:
«Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, шаҳри худро ба харобазор табдил дода бошад».
«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Пешвои миллат ҳамон вақт хишти аввали бинои давлатии «Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ»- ро ҷиҳати бунёд намудан шурӯъ ба сохтан ниҳод.
Аввалин маротиба Пешвои миллат аз номи Тоҷикистони соҳиби-
стиқлол 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид бо забони ширини тоҷикӣ дар бораи даҳшатҳои ҷанги дохилӣ, баргардонидани гурезаҳо ва нақши Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ муфассал суханронӣ намуданд.
Боиси сарафрозист, ки аксарияти созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро мавриди омӯзиш қарор дода, онро дар ҳалли муноқишоти дохилии давлатҳои мухталифи ҷаҳон истифода мекунанд, ки ин ба тарғиби сулҳу осоиш дар саросари олам мусоидат менамояд. Таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба сулҳи тоҷикон аз он далолат мекунад, ки миллати тоҷик дар масири таърих сулҳофар буд ва чунин боқӣ хоҳад монд. Вобаста ба ин хислати миллати тоҷик, собиқ котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Анон чунин иброз дошта буд:
«Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишоти дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам ин саҳми Тоҷикистон дар роҳи эҷоди сулҳ беназир мебошад».
Ҳатто орзӯи мардумони кишварҳои ҷангзадаю гирифтори кашмакашиҳои дохилӣ он аст, ки ба мисли Пешвои муаззами мо роҳбар дошта бошанд, то ба рӯзгори нек ва сулҳу суботу оромӣ бирасанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистони азизи мо борҳо аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ намуда, миллати тоҷик ва фарҳангу тамаддуни мо тоҷиконро ба ҷаҳониён дар сатҳи баланд муаррифӣ намудаанд.
Такроран ҷоизи таъкид аст, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст ва дар мамлакатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирифтааст.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат қайд мекунанд: “Ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.”
Сарвари дурандешу хирадманди мамлакат ҳамзамон таъкид менамоянд:
“Вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, раванди яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», вусъати рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ, таҳоҷуми фарҳангиву ғоявӣ ва дигар раванду ҳодисаҳои номатлубу хатарноки замони муосир моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
Таъкид месозам, ки дар чунин шароити ҳассос ҳар яки мо бояд ба хотири пояндагиву бақои миллатамон ва устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, иродаи қавӣ дошта бошем ва манфиатҳои милливу давлатиамонро содиқона ҳимоя намоем.”
Дар пайравӣ ба гуфтору амалҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, мо — шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки бо истифода аз неруи зеҳнӣ, ахлоқи ҳамида, худшиносию худогоҳӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ватани худро дуст дорем, пайрави сиёсати хирдмандонаи Пешвои миллат бошем, сулҳу суботу оромӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллиро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон муборак бошад.
Сардори Хадамоти назорати далатӣдар
соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғлди аҳолӣ
С. Маҳмадзода