Семенари машваратӣ
Дар доираи нақша чорабиниҳои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинари машваратӣ вобаста ба шарҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, экспертизаи шароити меҳнат ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, бартараф ва пешгири намудани қарздории музди меҳнати кормандон, пешгирии шуғли ғайрирасмӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ, ва шартномаҳои колективӣ санаҳои 13 феврал, 26 май, 26 июн ва 7 июли соли 2026 дар толори Хадамот гузаронида шуд.
Инчунин, ҷиҳати таъмини шаффофияти нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба карздорӣ аз музди меҳнат, ошкор, пайгирӣ ва бартараф намудани карздории музди меҳнат ва дигар пардохтҳое, ки ба пардохти музди меҳнат алокаманди доранд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фулузоти нодири Ленинобод”-и шаҳри Гулистон, КВДК “Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд, КДК “Наклиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд”, АИИ Раҳмон Набиев-и ноҳияи Б. Гафуров, инчунин дар вилояти Хатлон дар КФД “Истеҳсоли таъмиру истифодабарии манзилҳои шаҳри Бохтар”, Корхонаи камуналии воҳиди двалатии “Бохтарнаклиётхизматрасон”–и МИХД шаҳри Бохтар, Хоҷагии манзилию комуналии ноњияи Хуросон, Раёсати бехдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон, Раёсати Вазорати молияи Ҷумњурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён, Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистондар ноҳияи Ёвон ва дар Муассаи давлатии “Хоҷагии манзилию камуналӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат”, ҶСК «Экспедитсияи гидро-геологии ҷануби»-ш.Ваҳдат, Хоҷагии таљрибавии “Сумбулаи” шаҳри Хисор, ҶСК “Турсунзодагаз”-и шаҳри Турсунзода гузаронида шуд.
Дар доираи нақша чорабиниҳои Шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе санаи 7 июли соли 2026 дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинари фаҳмонидадиҳӣ вобаста ба шарҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, экспертизаи шароити меҳнат ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, пешгирии шуғли ғайрирасмӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ, ва шартномаҳои колективӣ баргузор гардид.
Дар кори семинари мазкур иштирок доштанд сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, муовини раиси иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои сохтмонии шаҳри Душанбе (ҶДММ “Синон”, ҶДММ “Партноёр”, “ҶДММ Фируз-Муҳаммад”, ҶДММ Сарманзил”, ҶДММ “Капитал-2014”, ҶДММ “График”, ҶСП “Аитсене”), намояндагони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, КВД “Раёсати обу корези шаҳри Душанбе” ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе.
Мақсад аз ташкили чунин чорабинӣ ин фаҳмонидадиҳии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, меъёрҳои бехатарии меҳнат, риояи стандартҳо ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳамзамон баррасии муҳтавои Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ба ҳисоб меравад.
Аз ҷониби намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатӣ ҳамкории сетарафа ба роҳ монда шудааст. Ҳамкорӣ бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ бо ба имзо расонидани созишномаи генералӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ сурат мегирад, ки яке аз шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Созишномаи генералӣ масъалаҳои мубрами рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба миён мегузорад, ки ҳалли онҳо тавассути ҷидду ҷаҳд ва саъю кўшиши тарафҳои шарикии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад.
Ин санад принсипҳои асосии муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатиро муқаррар намуда, ба манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кор мекунанд, мустақиман дахл дорад.
Дар семинари мазкур мутахасисони шуъбаи Хадамоти меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе масалаҳои муҳими соҳаи меҳнатро –мавриди шарҳу баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати истиқлолияти комили давлатӣ дар партави сиёсати созандаву башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Таъмини сулҳу субот, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат ба шумор меравад.
Дар солҳои охир дар саросари кишвар корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, роҳҳо, пулҳо ва дигар иншооти муҳим бунёд гардидаанд. Амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо боиси таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ гардида, имконияти бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, бахусус ҷавононро афзоиш додааст.
Дастгирии соҳибкорӣ низ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Бо фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон, шумораи корхонаҳои хурду миёна зиёд шуда, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ рушд кардааст. Ин раванд на танҳо иқтисоди кишварро тақвият мебахшад, балки барои таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ низ мусоидат мекунад.
Дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ, риояи қонунгузории меҳнат аз ҷониби корфармоён ва кормандон низ яке аз шартҳои муҳими таъмини меҳнати шоиста ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошад.
Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи меҳнат пешгирии шуғли ғайрирасмӣ мебошад. Шуғли ғайрирасмӣ ин бе барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зарури ҷалб намудани корманд ба кор мебошад. Дар чунин ҳолат ҳуқуқҳои меҳнатии корманд, аз ҷумла гирифтани музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, нафақа ва дигар кафолатҳои пешбининамудаи қонун метавонанд таъмин нагарданд. Аз ин рӯ, ҳам корфармо ва ҳам корманд бояд ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатиро тавассути бастани шартномаи меҳнатӣ ба роҳ монанд.
Қайд гардид, ки Шартномаи меҳнатӣ санади асосие мебошад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳоро муайян намуда, барои ҳифзи манфиатҳои ҳам корманд ва ҳам корфармо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Маҳз тавассути шартномаи меҳнатӣ тартиби иҷрои вазифа, андозаи музди меҳнат, вақти кору истироҳат, кафолатҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳими муносибатҳои меҳнатӣ танзим карда мешаванд. Қайд гардид, ки риояи қонунгузории меҳнат на танҳо ҳуқуқҳои кормандонро ҳифз мекунад, балки ба рушди фаъолияти корхонаҳо низ мусоидат менамояд. Дарҷ гардид, ки агар дар ҷараёни муносибаҳои меҳнатӣ қонун риоя шавад, сатҳи эътимоди байни корфармо ва корманд баланд гардида, маҳсулнокии меҳнат афзоиш меёбад ва муносибатҳои меҳнатӣ ташаккул меёбанд.
Хулоса, пешгирии шуғли ғайрирасмӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва таъмини ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон аз омилҳои асосии рушди бозори меҳнати муосир ба ҳисоб мераванд. Ҳар як корфармо ва корманд бояд масъулияти худро дар назди қонун дарк намуда, барои ташкили муносибатҳои шаффоф, бехатар ва қонунӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон муҳити солими меҳнатӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварро таъмин намояд.
Дар кори семинари мазкур масъалаи дигари муҳим яъне, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат мавриди баррасӣ қорор гирифт. Зикр гардид, ки корфармо вазифадор аст, ки барои кормандон шароити бехатару солими меҳнатро ташкил намуда, кормандонро бо воситаҳои муҳофизатии инфиродӣ таъмин намояд, омӯзиши қоидаҳои бехатариро ташкил кунад ва аз риояи онҳо назорат барад. Дар навбати худ, корманд низ бояд дастурҳои бехатариро риоя карда, нисбат ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии худ ва ҳамкоронаш масъулиятшинос бошад.
Тазаккур дода шуд, ки яке аз проблемаҳои имрӯза дар ширкатҳои сохтмонӣ ин ба вуҷуъ пайвастани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ мебошанд, ки «Рӯй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.
Ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатарии корӣ рӯй медиҳанд.
Дар Кодекси меҳнати ҶТ қайд карда мешавад, ки “Иҷрои талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар пешбурди ҳама гуна фаъолият, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва истифодабарии иншоот, тарҳрезии мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизот, таҳияи раванди технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад”.
Ҳамзамон, қонунгузории меҳнат муқаррар менамояд, ки «риояи доимии тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои пешбурди кор ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст». Аз ин рӯ, корфармоён, аз ҷумла масъулини ширкатҳои сохтмонӣ, вазифадоранд, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи меҳнат, фароҳам сохтани шароити мусоиди корӣ ва риояи техникаи бехатарӣ роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, иҷрои онҳоро қатъиян таъмин намоянд.
Дар семинари мазкур, ҳамзамон қайд карда шуда, ки кормандон низ дар навбати худ уҳдадоранд, ки ба роҳбари бевоситаи худ дар бораи ҳар як ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рухдода, омилҳои бемории касбӣ (заҳролудшавӣ), инчунин вобаста ба ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид мекунанд, фавран хабар диҳад;
— аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ (ташхисӣ) гузарад;
— воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, санитарию гигиенӣ, пойафзол ва либоси махсусро, ки корфармо додааст, қабул намуда, онҳоро мақсаднок истифода барад;
— нишондодҳои муассисаҳои тандурустиро ҷиҳати татбиқи тадбирҳои муолиҷавӣ ва солимгардонӣ ҳангоми аз ҷониби корфармо маблағгузорӣ шудани онҳо, иҷро намояд;
— талаботи ҳифзи меҳнатро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, риоя намояд;
— аз дастурдиҳиҳо ва омӯзишҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари иҷрои корҳо, таҷрибаомӯзӣ дар ҷойи кор ва санҷиши доимии донистани талаботи ҳифзи меҳнат гузарад.
Зикр карда шуд, ки омӯзиши ҳолатҳои ҳифзи меҳнат ва ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар ташкилоту корхонаҳо муайян намуд, ки сабабҳои рух додани чунин ҳодисаҳо дар истеҳсолот дар сатҳи пасти касбӣ гузаронидани дастур ва омӯзиш оид ба бехатарии меҳнат бо коргарон маҳсуб ёфта, дастурамалҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо бояд тибқи қонунгузорӣ ба роҳ монда шуда, кормандон бо либос ва пойафзоли махсуси корӣ таъмин карда шаванд, аттестатсияи ҷойҳо корӣ аз рӯи шароити меҳнат гузаронида шаванд, муоинаи тибии кормандон тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳифзи меҳнат маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирӣ ва барқароркунӣ мебошад, ки бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин мекунад.
Тавре зикр карда шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат ва ҷалб намудани диққати корфармоён оид ба ташкили корҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо диққати ҷиддӣ дода шудааст.
Муҳайё намудани шароити хуби меҳнат ва фароҳам овардани муҳити солими меҳнат барои ҳар як корманд хеле зарур аст, зеро аз се як ҳиссаи умри инсон дар ҷойи кор мегузарад. Ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ба ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳуқуқ дорад.
Аз ин рӯ, Шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе бо ҷалби доираи васеи ташкилоту муассисаҳои пойтахт семинари мазкурро доир намуд. Дар рафти он таъкид гардид, ки ҳангоми фаъолияти корӣ таъмини ҳуқуқи кормандон ба шароити мусоиди меҳнат, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиена, инчунин афзалияти ҳаёт ва саломатии инсон нисбат ба натиҷаҳои истеҳсолӣ ва танзими давлатии ҳифзи меҳнат бояд қатъиян риоя карда шаванд.
Шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ниҳоде, мебошад, ки назорати давлатиро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ба амал бароварда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар самти мазкур таъмин менамояд.


