ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АСОСГУЗОР ВА ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ,  ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТИ ТАМАДДУНОФАРИ ТОҶИК

Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи кӯҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофару фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.

                                                                          Эмомалӣ Раҳмон.

Истиқлолият барои ҳар як миллат арзиши бузургу беназир ва муқаддас ба шумор меравад. Ин дастоварди бебаҳо махсусан барои мардуми Тоҷикистон  яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихӣ ба ҳисоб меравад ва ба марҳалаи нави рушди давлатдорӣ, ки бевосита натиҷаи заҳмат ва талошҳои фарзанди асил, ҷонфидо ва садоқатманди миллати тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ибтидо ва асос гардид.

Санаи 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Ин рӯйдоди муҳимтарини таърихӣ ба миллати сарбаланди тоҷик имконият фароҳам овард, ки пешбурди самтҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро новобаста аз таъсирҳои хориҷ мустақилона интихоб намояд.

Бо сипарӣ гардидани  35 сол аз рӯзи эълони истиқлолият, бо сарфарозӣ ва ифтихор метавон дастовардҳо ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва пешрафтҳои кишварро дар самтҳои мухталиф сарбаландона номбар намуд.

Дар солҳои нахустини ба даст овардани истиқлолият мардуми кишвари азизи мо бо мушкилоти зиёде, аз қабили ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳронҳои сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид, ки барои таҳкими истиқлолият ва рушди кишвар монеаи бузурге ба ҳисоб мерафт. Бо вуҷуди ин мушкилот, бо истифода аз хиради солим, пайравии содиқона аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои дурандеши миллат, талошу заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат ва пайравони содиқи сиёсати Пешвои хирадманд, бо расидан ба ваҳдати миллии комил, Тоҷикистон тавонист сулҳ ва суботро  комилан барқарору пойдор намояд.

Дар муддати 35 соли истиқлолият, кишвари азизи мо дар ҷодаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Рушди инфрасохтор, бунёди роҳҳо, сохтмони неругоҳҳои барқӣ, мактабҳо ва беморхонаҳо, иншооти ҳаётан муҳим, мунтазаман баланд бардоштани сатҳи музди меҳнат, таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, тинҷию оромӣ, сулҳу субот дар кишвар ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуданд. Ҳамчунин, соҳаҳои маориф ва илм рушд ёфта, имконияти таҳсил барои ҷавонон бештар гардид.

Бо ба забон овардани Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навин, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пеши назар мерасанд. Натиҷаи талошҳои пайгирона ва заҳматталаби Пешвои миллат аст, ки Тоҷикистон феълан субъекти баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, на танҳо дар ҳалли масоили байналмилалӣ фаъолона иштирок менамояд, балки пешниҳодҳое манзур менамояд, ки  аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бонуфузтарин ташкилотҳои ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ мегарданд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми тоҷик муҳимтарин вазифаҳои стратегӣ ва ҳаётан муҳимро  мегузоранд.

Бо шарофати иродаи қавию малакаи нодири сиёсии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият Тоҷикистон комёбиҳои назаррасеро ба даст овардааст, ки ба назари аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ ва ҷаҳониён аёнанд. Кулли  дастовардҳои даврони истиқлолият бе муҳобот самараи  иродаи устувор, ҷасорат, суботкорӣ, хирадмандӣ ва ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ва иродаи қавии Президенти кишварамон дар ҷодаи таҳкиму пешрафти босуботи кишвари азизамон ба шумор мераванд.

Дар тамоми марҳалаҳои таърихӣ миллат ба ду арзиши ниҳоят муҳим: ваҳдат ва истиқлолияти комил ниёз дорад ва ин ду авомил сарнавишт ва тақдири ояндаи миллатро муайян ва рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии миллатро таъмин намуда, ба суботу оромии миллат, сатҳи маърифатнокии сиёсӣ, иқтисодӣ  ва иҷтимоии миллат заминаҳои устувор фароҳам меоварад.

Ин дастовардҳои беназир барои амалӣ шудани ормонҳои таърихии миллат шароити мусоид фароҳам оварда, мавқеи миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ устувор ва миллатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Маҳз ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам меоваранд, ки бақои миллат ва арзишҳои миллии ӯ кафолат дода шаванд.

Самаранок истифода намудани ин ду арзиши муҳим ба миллате муяссар мегардад, ки ин арзишҳоро гиромӣ медонад ва роҳбар, Пешвои ҷасур, ҷонфидо, хирадманд ва созандаю бунёдкор дошта бошад.

Таърихи гузаштаи халқҳои гуногун собит сохтааст, ки роҳбар ва пешвоёнашон ба миллати худ хидматҳои бузурги таърихӣ намуда, барои миллаташон осорҳои бузурги таърихиеро боқӣ гузоштаанд, ки дар таърихи миллат исмашон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, то кунун чунин шахсиятҳо ба таври хос ёдоварӣ ва қадрдонӣ мегарданд.

Насли имрӯзаи халқу миллатҳои мухталиф дар симои қаҳрамонон ва пешвоёни аҷдодони хеш идеалҳоеро мебинанд, ки наслро ба ҳамсони онҳо шудан водор месозанд, вале қаҳрамон ва пешвои муваффақ шудан хоси шахсиятҳое мебошад, ки истеъдоди фавқуттасаввур дошта, на бо амри тасодуф, балки бо инояти офаридгори оламиён ва хиради фавқулиқтидор рӯи саҳнаи сиёсати миллӣ қадам мегузоранд.

Хушбахтона, баъд аз парокандагии тӯлонӣ ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки Пешво ва сарваре дошта бошад, ки дорои истеъдоди фавқуттасаввур ва хиради фавқулиқтидор буда, тавонист ба таври шоиста аз тамоми арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ намуда, миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар, созандаю бунёдкор ва соҳибмаърифат муаррифӣ созад.

Барои дубора ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик марҳалаҳои душвори таърихиро паси сар намуд ва барои расидан ба ин арзиши нодири миллӣ заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазиронаи Пешвои муаззами миллат нақши ҳаётан муҳим доранд.

Халқи тоҷик дар марҳалаи сарнавиштсози давлатдорӣ ва истиқлоли хеш дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахш ва соҳиби аслии худро дарёфт. Оғоз аз давраи фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ, бар душ гирифтани вазифаи раҳоӣ аз ҷанги таҳмилии дохилӣ, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазирона, хиради азалии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафмандона барои расидан ба сулҳу субот ва рушди устувори соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ нигаронида шуда буд. Натиҷаи ҳамингуна заҳматҳои хастанопазирона ва ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллат истиқлоли тоҷиконро ҳифз карда, ба миллат ваҳдату зиндагии шоиста ва суботи самтҳои мухталифи зиндагиро фароҳам овард. Дар масири давлатдории хеш ин фарзанди фарзонаи миллат собит намуд, ки тамоми ҳастии хешро барои мардуми Ватани маҳбубамон бахшидааст ва то имрӯз барои суботу оромӣ ва рушди устувори миллат корҳои бузурги бесобиқаеро анҷом дода истодааст. Аз нигоҳи имрӯз, таърих ва илм бо назардошти воқеияти таърихӣ, бо сарфарозӣ, саодатмандӣ ва боварии комил метавон изҳор намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон мебошанд. Бо овардани чандин далоил метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо номи шарафанди фарзанди баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.

Маҳз хислатҳои наҷиби шахсӣ, дурбинӣ, миллатдӯстӣ, ватандӯстӣ, садоқат, ростгӯӣ, адолатҷӯӣ ва ҳақиқатро баён карда тавонистан, вазъиятро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун пурра дарк карда тавонистан, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардан ва ба ҳамон саволҳое, ки таърих дар назди миллату давлати мо гузошта буд, ҷавоби комилан саҳеҳ дарёфтан ва заҳматҳои хастанопазири  Пешвои миллат буданд, ки авомили устувори муваффақиятҳо ва расидани давлату миллати тоҷик ба дастовардҳои беназири даврон гардидаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва созандагию бунёдкорӣ, баҳри беҳбудию некӯаҳволии халқи азизамон ва ободии Ватан фидокорона камари ҳиммат бастаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ унвон гирифтани Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати бедареғ ва ҷоннисоронае барои сулҳу ваҳдати миллӣ мубориза бурдан аст.

Сулҳу суботи устувор, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва пешрафту ободиҳо ҳама ба номи ин шахси ташаббускор ва давлатсоз алоқамандии зич доранд. Сиёсатмадори бузург ва сатҳи байналмилалӣ будани Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқӯдратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилонаро роҳандозӣ намоянд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонишавӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори саҳл нест.

Дар осори гаронбаҳо  ва фаъолияти амалии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллати тоҷик, ки инсондӯстӣ, ёрии ҳамдигарӣ, накукорӣ, ҳамдардию ҳамтақдир будан аз хусусиятҳои муҳими он аст, таҳқиқи ҳамаҷониба сурат гирифтааст. Барои шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бисёр муҳим дар амал татбиқ гардиданд. Махсусан, асарҳои бунёдие монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» таълиф гардидаанд, ки масъалаҳои меҳварии таърихи тамаддуни ориёӣ дар онҳо баррасӣ мешаванд.

Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки миллати тоҷик ҳамеша соҳиби китоб будааст ва фарҳанги он аз давраҳои қадим ба хат ва китоб пайванди ногусастанӣ доштааст.  Яке аз сабабҳои асосии пойдор мондани миллати тоҷик забони миллат аст, ки дар қаламрави бузурге доман паҳн карда буд. Бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ташкили Озмунҳо дар сартосари ҷумҳурӣ , аз ҷумла «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», «Шоҳномахонӣ» ва ғайра ташаккул ёфтанд, ки ба боло бурдани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллии насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ, меҳру муҳаббат ба илму маърифат ва ҳифзи анъанаҳои асили аҷдодӣ тарбият ёфтани ҷавонон равона шудаанд.

Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ рушд карда, ба ташаккулу тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, рушди маънавиёт, худшиносӣ ва таҳкими санъати миллӣ эътибори хоса зоҳир мегардад. Имрӯз рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи фарҳанги миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани онҳо, аз самтҳои муҳимму афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Маҳз арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ боис гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ  муносибати ҷомеа ба фарҳанг комилан дигаргун шуда, ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ диққати махсус дода мешавад. Истиқлол имкон дод, ки дар ин марҳалаи давлатдорӣ ҳамоишҳои байналмилалӣ, санаҳои бузурги таърихиву фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти чеҳраҳои мондагори миллати тоҷик баргузор гардида, суннатҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз нав эҳё карда шаванд. Ҳамчунин, тарғиби фарҳанги миллӣ дар хориҷи кишвар ба таври хеле васеъ роҳандозӣ гардида, тавассути баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ, рӯзҳои фарҳангӣ ва сафарҳои ҳунарӣ мақоми фарҳанги миллӣ баланд бардошта шуд.

Дар заминаи сулҳу субот ва  пешбурди сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳаллу фасли мушкилоти соҳаи фарҳанг як қатор қонун ва барномаҳои давлатӣ қабул карда шуданд, ки суръати рушду такомули фарҳанги миллиро тезониданд. Маблағгузорӣ низ  ба соҳаи мазкур сол то сол дар ҳоли афзоиш қарор дошта, бо мақсади эҳёи фарҳангу таърихи пурғановати миллӣ ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ дар доираи чорабиниҳои сатҳи баланд таҷлили «2500-солагии Истравшан», «Соли тамаддуни ориёӣ», «2700-солагии Кӯлоб», «800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ», «Соли бузургдошти Имоми Аъзам», «100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «110-солагии шоир ва ҳофизи мардумӣ Сайдалӣ Вализода», 130-солагии шоир ва ҳофизи мардумӣ Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ баргузор карда шуд. Дар ин радиф ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид кардан ва ҷашн гирифтани «1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»  «100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода», «100-солагии оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ», «600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ», «3000-солагии Ҳисори Шодмон», «700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» ва «5500-солагии Саразм» ҷиҳати муаррифии тоҷикон ва эҳёи таърихи ниёгон бисёр арзишманд дониста шуданд.

Ташаббусҳо ва иқдомҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахусти ба арсаи сиёсат ворид шуданашон то имрӯз бомаром ва ба таври шоиста идома доранд. Иқдоми навбатии Сарвари давлат дар хусуси ба Ватан овардани хоки мазори се чеҳраи мондагори ибтидои асри ХХ – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад, ки дар ташаккули давлатдории Тоҷикистон нақши хоса гузоштаанд, гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба корномаи фарзандони фарзонаи миллат аст. Ба қавле, ранҷу заҳмат ва талошу ҷоннисориҳои қаҳрамонро қаҳрамон медонад. Васлгари таърихи миллат ва пайвандгари тамоми арзишҳои миллӣ аз истиқлол сар карда, то ваҳдату фарҳанг ва тамаддун қаҳрамонон мебошанд. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур дар давраи бисёр ҳассос, марҳалае, ки мавқеъгирӣ хеле мураккаб ва номуайян буд, барои ҳақу ҳуқуқи миллати тоҷик талош намуданд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, рушди тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ, болоравии сатҳи ифтихори миллӣ ва ҳуввияту худшиносӣ, устувории сулҳу субот ва ваҳдати тамоми қишрҳои ҷомеа гардид. Ин ҳама тадбирҳои андешидаи Пешвои муаззами миллат, ташкили чорабиниҳо истиқлолияти фарҳангии кишварро боз ҳам таҳким бахшиданд ва рушди устувори соҳаро дар сатҳи зарурӣ таъмин намуданд.

Таҳлили марҳалаҳои ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлолияти кишвар собит месозад, ки 20 соли охир барои аҳли соҳаи фарҳанг як марҳалаи хеле сермасъулият маҳсуб ёфта, маҳз дар ҳамин давра марҳалаи инкишофи сифатан нави фарҳанги миллӣ оғоз ёфт. Маҳз дар ҳамин марҳила ҷиҳати танзими фаъолияту инкишофи ин соҳаи афзалиятнок роҳҳои дурнамои рушди фарҳанги миллӣ муайян гардида, як силсила барномаҳои давлатӣ қабул карда шуданд. Ҳар як санади қабулшуда ба таъмини рушди устувори тамоми муассисаҳои фарҳангӣ мусоидат намуда, барои ба талаботи замон мувофиқ гардонидани инфрасохторҳои соҳаи фарҳанг, мусоидат намудан барои ворид шудани муассисаҳои фарҳангӣ ба низоми ягонаи таҳсилот мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ, таъмини шароит барои рушду равнақи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар соҳаи фарҳанг замина гузошт.

Муваффақияти бузурги миллат дар давраи соҳибистиқлолӣ  дар соҳаи фарҳанг таҷлили ҷашну идҳои таърихии ниёгон дар сатҳи басо баланд ба ҳисоб меравад. Имрӯз боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар соли 2010 мувофиқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ниёгон ­– Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардид. Дар ин росто моҳи марти соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз дар омодасозии санадҳои ниҳоӣ ҷиҳати ворид намудани ҷашнвораи Наврӯз ба Рӯйхати фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО ширкат варзид.

Таърихи пурғановати миллати тоҷик бори дигар собит месозад, ки тоҷикон дар саргаҳи ташаккул ва рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон қарор дошта, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамзамон арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва тамаддуни гузашта шаҳодати ин суханонанд. Аксари ёдгориҳои таърихию фарҳангии аҳди бостонӣ, ки дар манотиқи Осиёи Марказӣ мебошанд, бешубҳа ба ниёгони гузаштаи тоҷик рабт доранд. Яке аз ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангии ниёгонамон, ки аз аҳди биринҷ боқӣ мондааст «Саразм» ба ҳисоб меравад, ки кашфу таҳқиқи он бори дигар аз тамаддунофар будани тоҷикон шаҳодат медиҳад. Бо шарофати расидан ба ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлол гардидани давлат, ки бевосита бо заҳматҳои хастанопазиронаи Пешвои миллат ба даст омадаанд, имрӯз мо имкон пайдо намудем, ки чунин ёдгориҳои таърихию фарҳангии ниёгонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созем.

Санаи 31-уми июли соли 2010 бо қарори Ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аввалин ёдгории таърихии Тоҷикистон «Саразм» ба Рӯйхати мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд. Ҳамчунин, дар доираи барномаи ЮНЕСКО дар бораи нигаҳдории мероси фарҳангӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ва табиии башарият, барои ворид намудан ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ соли 2015 аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъмунгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук пешниҳод гардид.

Дар ин радиф, таъкид гардид, ки соли 2025 бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хосаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Соли 2011 ба ифтихори 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо Фармони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамзамон, дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 ёдгории нодир, аз қабили мақбара, осорхона, масҷид, қалъа, мадраса ва  манора дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тармиму барқарор гардиданд. Ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ Мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳулбук, Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳурявии Данғара, Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳурявии таърихиву фарҳангии Панҷрӯд» таъсис дода шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз давлатҳои пешқадами минтақа табдил ёфта, дар баробари рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии худ ҳамчун давлати ташаббускори иқдомоти байналмилалӣ эътироф гардида, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ба нафъи башарият саҳми арзанда дорад ва ин ташаббускории Тоҷикстон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби бонуфузтарин ташкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Пешвои муаззами миллат  ба ҳайси шахсияти наҷотбахш, бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти  воқеии Тоҷикистон,  тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар ва ташаббускору фарҳангӣ дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, заминаҳои таҳкими мақоми байналмилалии давлати моро гузоштанд. Тамоми дастовардҳои даврони истиқлолияти миллати тоҷик ба номи ин шахсияти нотакрори таърихӣ тавъам буда, самараи хиради фавқуттасаввур, иродаи қавӣ ва ҷасорати ӯ мебошанд.

Пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи ин абармарди замон ва гузаштан аз мактаби бузурги ин шахсияти нотакрори таърихӣ, сиёсатмадори арсаи сиёсати ҷаҳонӣ шарафу ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор рафта,  кафили ояндаи дурахшони ҳар як сокини кишвари азизамон ва рушди босуботи Ватан ба ҳисоб мераванд.

Сафаралӣ Маҳмадзода

сардори Хадамоти назорати

давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

С.Махмадзода

Яндекс.Метрика