ЗАБОНИ – ОМИЛИ АСОСИИ БАҚОИ МИЛЛАТ

Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷиллои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

Эмомалӣ Раҳмон. 

Забон пояи асосии худшиносӣ, худогоҳӣ, истиқлол ва озодии миллат ба шумор рафта, таъриху фарҳанг ва дигар  хусусиятҳои маънавии халқи тоҷикро  инъикос менамояд.

Забони давлатӣ, ганҷинаи бебаҳои таъриху тамаддун, яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва бақову пойдории миллату давлат маҳсуб меёбад. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи куҳани миллати тоҷик ҳамчун унсури меҳварии муттаҳидсоз ва ойинаи фарҳангу тамаддуни ниёгон хизмат карда, имрӯз низ ин рисолати муқаддасро бо тавонмандии бештар иҷро намуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки забони давлатӣ ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва шинохти миллат дар арсаи олам ба шумор рафта, аз ҷониби аҷдодони мо бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ҳифз шудааст. Дар айни замон моро зарур аст, ки забони тоҷикиро бо масъулияти том ҳифз намуда, бо тамоми қудраташ ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Имрӯзҳо садо додани забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмону  ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гувоҳи ҳастии миллати тоҷик ва рушди босуботи давлати мустақили тоҷикон мебошад.

Маҳз дар муддати 35 соли Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ бо пуштибонӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи муҳимми рушдро сипарӣ намуда, ҳоло ба василаи асосии иттиҳоду сарҷамъии тоҷикон ва омили муҳимтарини тавсеаву таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа мубаддал гардидааст.

Бо назардошти роҳи пурпечутоби таъирихӣ забони тоҷикӣ, яке аз забонҳои қадима ва қудратманди дунё пазируфта шудааст. Забони аҷдодии миллати тоҷик муддати ҳазорсолаҳо забони давлатии қудратҳои бузурги замони пеш, ба монанди Ҳахоманишиён, Порт, Кушониён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва даҳҳо давлати дигар ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, забони тоҷикӣ бо таърихи ниёгон, тавонмандӣ ва рушди худ дар тули таърих давраҳои сангину пурошӯбро таҳаммул кард ва маҳз бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва пуштибонию роҳнамоии Пешвои муаззами миллат иқтидори ҷадидеро касб кард.

Осори бунёдии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Аз Ориён то Сомониён” дар таҳким, рушду такомул ва пойдориву бақои забони тоҷикӣ заминаи устувортаре фароҳам овард. Риторика, яъне санъати суханронии Пешвои муаззами миллат пурмазмуну мурмуҳтаво буда, барои ҳар як шаҳрванди кишвар дарси омӯзиш аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони ноби адабии тоҷикиро ба минбарҳои баланди бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ бурда, лаҳни ширини онро чун паёми сулҳу ваҳдат ба гӯши оламиён расониданд. Бо ин ибтикороти Пешвои миллат имрӯз забони тоҷикӣ ба забони сулҳ табдил ёфтааст.

Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мақоми забони тоҷикӣ боз ҳам устувор гардид. Махсусан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030», таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти мамлакат, ба истифода додани китобхонаҳо ва шабакаҳои гуногуни телевизиону радио, роҳандозӣ намудани озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, нашри фарҳангҳои тафсирию соҳавӣ, чоп ва ба ҳар як оила дастрас намудани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, инчунин, дар 50 ҷилд гирдоварӣ кардану таҳти номи «Ахтарони адаб» ба нашри оммавӣ расонидани осори гаронбаҳои ниёгону муосиронамон иқдомоти бузурге мебошанд, ки иқтидори илмиву истеъмолии забонро таҳким бахшида, мақоми онро дар ҷомеа устувор менамоянд.

Ба қавли Пешвои миллат: «Забони гуфториву навиштории тоҷикӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ яке аз омилҳои таҳкимбахши худогоҳиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад».

Насли меросбари миллат, махсусан ҷавонон бояд дарк намоянд, ки бе донистани забони адабии тоҷикӣ ва риояи қоидаҳои маъноиву дастурии он омӯхтан ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр душвор ва имконнопазир мебошад.

Зарур аст, ки дар равнади коргузорӣ ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ диққати махсус дода шавад. Истифодаи забони давлатӣ дар коргузории давлатӣ яке аз омилҳои муҳим  ба ҳисоб рафта, риояи меъёрҳои забони адабӣ дар таҳияи санадҳои расмӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва муоширати хизматӣ аз ҳар корманди давлатӣ дониши хуби донистани забон ва масъулияти баланди касбӣ талаб менамояд. Арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи асолати забон ва тарғиби он дар байни мо хизматчиёни давлатӣ заминаи муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва идомаи суннатҳои пурғановати забониву фарҳангии тоҷикон мебошад.

Бо талошҳои абармарди сиёсату хирад, Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ вусъат ёфта, ҳамчун як рукни асили ҳувияти миллӣ таҳти дастгирию ғамхорӣ ва арҷгузории пайваста қарор дода шуда, барои рушди он шароитҳои муносиби сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавӣ фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз рисолати соҳибони аслии забон аст, ки бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз он пуштибонӣ кунем, истифодаи дурусту меъёрии онро дар ҳама зинаҳои фаъолият таъмин созем ва забони зебову шевои тоҷикии форсиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоем.

Нишони тавоноӣ ва рақобатпазирии забони тоҷикиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бо тафсил иброз намудаанд: «Вақте ки забони арабӣ ҳампойи футуҳот ва густариши ислом дар як қисмати бузурги ҷаҳон фотеҳона қадам зада, забони бисёр давлатҳои муқтадири дунёи қадим, ба монанди забони маҳаллии Испания, лаҳҷаҳои романии Ситсилия, забонҳои барбарии соҳилҳои Африқои Шимолӣ, забони қибтии Миср, забон ва гӯйишҳои оромии Сурия, Фаластин, Ироқ ва ғайраро аз феҳристи забонҳои ҷаҳон нобуд мекард, муҳим он аст, ки забонҳои дар ҳоли ташаккул ва ҳатто бехати эронии мардуми Хуросону Мовароуннаҳрро фурӯ бурда натавонист. Ба ибораи дигар, дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем».

Имрӯз миллати куҳанбунёди тоҷикро зарур аст, ки чун ниёгони хеш дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба ин муқаддасоти миллат бо тамоми ҳастии хеш арҷ гузошта, онро ҳифз намояд. Ҳифзи забон кафолати мондагории миллат аст. Зарур аст, ки забони тоҷикиро чун восиати аз худ кардани забонҳои хориҷӣ истифода намуд. Вақте мо забони хешро ба сатҳи лозима намедонем ҳеҷ гоҳ дар роҳи омӯзиши забони дигар муваффақ намешавем. Қишри зиёии ҷомеаро низ зарур аст, ки тавассути осори хуш ва таълифи он бо забони ноби тоҷикӣ дар устувор гардидани забони миллат саҳмгузор бошанд.

Мақоми забони тоҷикӣ аз ҷониби Сарвари давлат дар замони истиқлоли давлатӣ боз ҳам тақвият дода шуда, дар ин самт ташаббусҳои беназир анҷом доданд. Имрӯз миллати тоҷик дар рӯзи бисёр муқаддас ва мондагоре, яъне Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи таваллуди фарзанди фарзонаи миллат, муаррифгар ва пушту паноҳи забони тоҷикӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бигзор забони тоҷикӣ пойдору, Пешвои муаззами миллати мо тансиҳату сарбаланд ва умрашон ҷовидон бошад.

Саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бузург аст. Миллати тоҷик аз он хушбахт мебошад, ки соҳиби асилу қудратманде чун Эмомалӣ Раҳмон дорад, ки аз тамоми манфиатҳои миллӣ ба таври шоиста ҳимоя менамояд. Рӯзгору фаъолияти ҷонисоронаи Сарвари давлат имрӯз ва дар оянда барои ҳар як насли миллат бояд дарси ибрат ва намунаи хидмат ба Ватан бошад. Миллати тоҷик ва забони тоҷикиро имрӯз бо номи Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд ва эҳтиром доранд.

Рӯзи забони давлатӣ ва зодрӯзи Пешвои муаззами миллат ба кулли мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони дунё муборак ва фархунда бошад.

Ҳар як фарди худшиносу худогоҳи миллати тоҷик, ҳамзамон, тамоми тоҷикиони дунё бо ин санаҳои таърихӣ ифтихор доранд.

Сардор хадамоти назорати далатӣ дар

соҳаи меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад. 

Яндекс.Метрика