ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСОСГУЗОР ВА ҲОМИИ КОНСТИТУТСИЯ
«Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд».
Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолият Конститутсияи худро таҳия ва сатҳи ҳуқуқии онро бо беҳтарин конститутсияхои давлатҳои муттарақии дунё баробар намуда, ҳадяи мардуми шарифу маърифатпарвари худ намудааст.
Бо саъю эҳтимом ва талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар худи як рӯз — 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифтани қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи муқаррароти он ҷорӣ гардидани идораи президентӣ дар таърихи давлатдории миллати тоҷик рӯйдоди басе фараҳбахш маҳсуб меёбад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо-тоҷиконро ба аҳли ҷаҳон ҳамчун давлати мустақили сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ менамояд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомии он мебошанд.
Аз ҷониби аксари кулли шаҳрвандони кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали меъёрҳои он дар давраи аввал, раванди гуфтушунидҳои байни ҳукумати қонунӣ ва мухолифинро тезонид ва сатҳи алангаи ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакат коҳиш дод.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таҳиясозӣ ва қабули қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳову санадҳои зерқонунӣ роҳандозӣ гардид ва дар ин замина рукнҳои ҳуқуқии давлати миллии мо тоҷикон тақвият ёфтанд.
Конститутсия ин маҳсули тафаккури инсонӣ маҳсуб ёфта, вобаста аз тақозои замон ва рушди сатҳи сиёсӣ ва иҷтимоии давлат ногузир дар давраҳои муайян ба тағйиру иловаҳо эҳтиёҷ пайдо менамояд.
Дар тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки давраҳои мухталифро дар бар мегирад саҳми босазо ва беназири Роҳбари давлат, Пешвои миллат басо бузург буда, ҳамрадифи тақозои замон саривақтӣ ва зарурӣ буданд ва бевосита бо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат рӯи кор омадаанд.
Тариқи райъпурсиҳои умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми сентябри соли 1999, 22-уми июни соли 2003 ва 22-уми майи соли 2016 ворид гардидани тағйиру иловаҳо бошанд, ба раванди созандаи таҳкими рукнҳои ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва суботи ҷомеа, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба санадҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, мушаххасгардонии салоҳият ва самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ таккони ҷиддӣ бахшиданд.
Маҳз Конститутсия роҳи интихоби халқи Тоҷикистонро дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян ва мушаххас намуд, онро ба чорчӯбаи қонун даровард ва Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Тавре ки имрӯз аз ҷониби ҷомеашиносону ҳуқуқшиносони маъруфи ватаниву хориҷӣ эътироф гардидааст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати миллӣ, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низоми нави ҳуқуқи миллиро ба вуҷуд овардааст.
Маҳз тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав, роҳу василаи эъмори он заминаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ ва дар маҷмӯъ тантанаи демократия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардидааст.
Ташаббусҳои беназиру пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ба амал баровардани ислоҳоти конститутсионӣ дар ин давраҳо бо мақсади таъмини рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон, мутобиқсозиҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ бо меъёрҳои ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ, таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нақши бевосита ва муассир доштани Пешвои муаззами милат дар такмил ва таҳкими асосҳои сохтори конститутсионии давлати тозабунёди тоҷикон бараъло инъикос мегарданд.
Конститутсия ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро ҳадафи асосии сиёсати инсонпарваронаи давлатдории миллӣ меҳисобад ва тамоми мақомотҳои идоркунандаи давлатиро барои расидан ба ин ҳадаф раҳнамун месозад.
Хамзамон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади басе волоест, ки масоили таъмини ҳуқуқҳои меҳнатии ҳар як корманди ҷумҳуриро қотеъона тақозо менамояд. Тибқи муқаррароти он риояи қатъии низоми муносибатҳои меҳнатии байни корманду корфармо дар мақоми махсус қарор дорад.
Дар моддаи якуми Конститутсия эълон шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад” ва дар идомаи он моддаи 5 Конститутсия чунин омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. Ҷоизи таъкиди махсус аст, ки сеяки моддаҳои Конститутсия масъалаи мазкурро дарбар гирифтааст.
Азбаски асоси иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлолро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд, аз ин лиҳоз, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Тибқи муқаррароти моддаи 35 ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.
Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.
Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.
Тибқи талаботи моддаи 37 гуфта мешавад, ки шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.
Мутобиқи талаботи моддаи 38 ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.
Дар Конститутсия ба масъалаи кафолати таъмини иҷтимоӣ ба қишри осебпазири ҷомеа эътибори махсус дода шудааст. Мутобиқи муқаррароти моддаи 39 ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.
Дар асоси муқаррароти Конститутсия ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода барад, сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.
Ҳамзамон, Конститутсия шаҳрвандонро муваззаф месозад, ки онҳо Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунанд ва ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намоянд. Таъкид мегардад, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Ҳамин тариқ, бояд гуфт, ки бо қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо ба марҳалаи дигаргусозиҳои сифатан нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ворид гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2019 қайд намудаанд: “Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.
Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Бинобар ин, Конститутсияи мо аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳои замони муосир буда, мо дар заминаи он ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидем.”
Ҳамчуноне, ки Пешвои хирадманд ва дурандеши миллат бо қаноатмандӣ таъкид месозанд, бо дарназардошти он, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ самтҳои асосии рушди ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян мекунад, баъди қабули он дар кишвар, дар баробари ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, инчунин, ислоҳоти бунёдии сохтори давлатӣ амалӣ гардид, ки бо ин роҳ низоми идораи давлат ба шароити муосир мутобиқ гардонида шудааст.
Бо камоли эҳтиром ва эътирофи заҳматҳои хастанопазири шахсияти нотакрори таърихӣ, фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоем, ки Нақши Пешвои муаззами миллат дар ҷараёни амалӣ намудани меъёрҳои конститутсионӣ низ бениҳоят бузург ва беназир мебошад. Маҳз, бо ташаббусҳои пайгирона ва пайвастаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти мақомоти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ҳуқуқӣ танзим гардида, мавқеи он устувор гардид ва дар рушду суботи кишвар, дар пешбурди сиёсату давлатдорӣ мақомоти конститутсионӣ саҳми арзишманди худро гузошта истодааст.
Боиси ифтихору сарафрозӣ ва таскини ҳамаҷонибаи кулли мадуми кишвар аст, ки вазъи риояи меъёру талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи қабул гардидани он то инҷониб, инчунин муассиртар гардонидани нақши он дар тарбияи худшиносии аҳли ҷомеа, ки барои баланд бардоштани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун иқдоми басо муҳим ва амри зарурӣ мебошанд, пайваста таҳти назари бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки ин иқдоми Роҳбари давлат ҳамчун тадбири зарурӣ, саривақтӣ ва муҳими замон ба ҳисоб рафта, барои дар амал татбиқ гардидани муқаррарот ва меъёрҳои Конститутсия, инчунин риоя ва иҷрои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсия сарашма мегиранд, аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷомеаи суннатии мо, ки давоми муддатҳои тулонӣ, яъне асрҳо таҳти таъсири анъанаҳои гуногуни динию идеологӣ шакл гирифта буд, таъмин ва ташкили низоми наву одилона ва устувору муосир, инчунин устувор намудани пояи меъёрҳои ҳуқуқии баробар ба сатҳи байналмилалӣ кори саҳлу содда набуд. Маҳз бо талошҳои пайвастаю хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси санади асосӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худро, яъне ба танзим даровардани муносибатҳои суннатию муосири ҷомеаи моро иҷро намуда истодааст. Конститутсияи наву тозаиншо барои наслҳои оянда барои рушду субот, сулҳу оромӣ пешрафту шукуфоии кишвару миллати тоҷик мусоидат хоҳад намуд. Аз ҳама муҳим, Конститутсия роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат буда, ҳамчун санади тақдирсоз, чун бахтномаи сарнавиштсоз кафили ҳуқуқу кафолатҳои мардум буда, моро ба сӯйи ояндаи неку дурахшон роҳнамоӣ мекунад, истиқлолияти ҷовидонии Тоҷикистони азизи моро таъмин менамояд.
Бо боварии комил метавон изҳор намуд, ки 32-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруву илҳоми тоза мебахшад.
Ҳамватанони гиромӣ, мо ҳамагон дар арафаи ҷашни 32- мин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Бо сарфарозӣ ва ифтихор аз ин ҷашни бузурги миллӣ, якояки мардуми Тоҷикистонро ба ин рӯзи мубораку муқаддас, рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо самимияти хос табрику таҳният гуфта, ба кулли мардуми Тоҷикистон тансиҳатӣ, комёбӣ, рӯзгори хуш, суботу оромии кишвари азизамон ва сулҳи пойдору истиқлолияти ҷовидониро таманно дорам.
Ҳамватанони азиз, эҳтирому гиромидошт, инчунин, дастгирӣ ва пайравӣ аз сиёсати пешгирифта ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили сулҳу амнияти миллӣ, суботу оромии кишвар, рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷавъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон ба шумор меравад.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвари азизамон муборак бошад ҳамватанони азиз.
Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар
соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
С. Маҳмадзода
