ЧОРАБИНИ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

 

Санаи 28 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат бо ширкати роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши тантанавӣ бо танинандоз гардидани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт ва Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳозиринро аз номи худ ва аз номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холмаҳмадзода Солеҳа ба ифтихори ҷашни мазкур табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки  бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ,  ҷалб намудани диққати корфармоёну соҳибкорон ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи муҳофизати меҳнати кормандон бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Меҳнат аз соли 2003 санаи 28 апрел расман Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат эълон гардида,  ҳоло бештар аз 100  давлати ҷаҳон ин рӯзро ҳамасола таҷлил менамоянд.

Баъдан Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолӣ, муҳтарам Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад сухани табрикотиро ба сармутахассиси шуьбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнат Бобозода Идимад Мирзошариф дода, номбурда дар бораи ҳадафу баргузории ин чорабиниҳо ташкил намудани намояндагии кормандон, ба имзо расонидани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, фаҳмонида додани ҳифзи ҳуқуқи кормандон ва корфармоён, бо сару либос ва пойафзоли махсус таъмин намудани кормандон, муҳайё намудани шароити мусоиди маишӣ, таъмин намудан бо имтиёзи пешбинигардида, риоя намудани ҳуқуқҳои занон, ноболиғон, таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат, таъмин намудани ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо, шароити бехатари меҳнат, ҷорӣ намудани низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда, ҳифзи саломатӣ ва барқароркунии қобилияти кории кормандон ва дигар масъалаҳои марбут ба он мебошанд, маъруза намуданд.

Баъдан Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолӣ, Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мулоқоташон  бо  фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (24 октябри соли 2019) қайд намуданд, ки “ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатари корӣ рӯй медиҳанд. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатари меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад” ва “Зарур аст, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот, аз он ҷумла прокуратура назорати масъалаҳои мазкурро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монад. Рӯй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад”.

Ҳачунин сардори Хадамот суханрониро идома дода, иброз намуданд, ки ҳамасола Рӯзи ҳифзи меҳнат ба як мавзуъ бахшида мешавад имсол он  ба  мавзуи “Равандҳои  муосир ба бехатарӣ ва  гигиенаи меҳнат: нақши зеҳни сунъӣ (AI) ва рақамикунонӣ дар ҷойи кор” бахшида шудааст.

Дар доираи он технологияи муосир бо назардошти ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатар аз ҷумла: — рушди зеҳни сунъӣ ва омӯзиши  дистансионӣ барои пешгӯии хатарҳои истеҳсолӣ,  роботҳое, ки самаранокиро зиёд мекунанд ва сарбории коргаронро кам мекунанд, ҷорӣ намудани истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин барои назорати минтақаҳои хатарноки истеҳсолии хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, сохтмон, саноати коркард, саноати металургӣ ва дар дигар соҳаҳои иқтисодиёт дар назар дошта шудааст.

Технологияҳои нав ба пайдоиши намудҳои нави кор, аз ҷумла шуғл дар платформаҳои рақамӣ,  шуғли фосилавӣ тариқи интернет,  телефонӣ ва ғайра оварда расониданд, ки босуръат рушд доранд.

Дар охири Сардори Хадамот таъкид намуданд, ки пешгирӣ ва назорати риояи қонунгузории Ҷумҳӯрии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат яке аз масъалаҳои асоси самти фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолӣ мебошад.

Бинобар ин, ҳар як корманди Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии сар задани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот дар рафти баргузории санҷишҳо ҳамчун намояндаи мақомоти давлатӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

01

02

05

03

04

 

 

 

Яндекс.Метрика