БАРРАСИИ САРИВАҚТИИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ВА ДИГАР ШАХСОНИ БА ОНҲО БАРОБАРКАРДАШУДА

Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ ва дигарон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ирсол мекунанд, аз ариза, дархост, таклиф, инчунин шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар шакли хаттӣ, электронӣ ё шифоҳӣ пешниҳод мегарданд, иборат мебошанд.

Муроҷиатҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бо мақсади мусоидат, хоҳиш, тавсиядиҳӣ, изҳори норозигӣ намудан ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар ё пешниҳод намудани маълумот дар бораи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар пешниҳод мегардад.

Мутобиқи моддаи 31-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.

Бо такя ба ин меъёри конститутсионӣ, моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муқаррар намудааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва (ё) тавассути намояндагони ваколатдори худ дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба мақомоту ташкилотҳои дахлдор муроҷиат намоянд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи худро оид ба муроҷиатҳо озодона ва ба таври ихтиёрӣ амалӣ менамоянд.  Маҷбур намудани шахс барои муроҷиат кардан ё ширкат намудан дар пешниҳоди он манъ аст. Амалӣ намудани ҳуқуқ ба муроҷиат набояд ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дигарро халалдор намояд.

Конститутсия, ки бо такя ба санадҳои байналмилалӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад, моҳият ва мазмуни фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ назари хайрхоҳонаю, некбинона, инсондӯстона ва  башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз дигар падидаҳо инъикос менамояд.
Ҳамчунин дар баробари муқаррароти Конститутсия ва санадҳои байналмилалӣ, тартиби амалишавии хуқуқ ба муроҷиат дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»  ва санадҳои зерконунӣ, аз ҷумла дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз  июли соли 2017, №276 ва Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷассуми худро пайдо намуда, дар асоси онҳо мақомоти давлатӣ муваззаф гардидааст, ки бо эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ, дар асоси принсипҳои қонуният, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, баррасии ҳар як муроҷиати воридшударо сари вақт, холисона ва босифат таъмин намоянд.
Дигар ин, ки муроҷиат ин худ як шакли муассири ҳамкории мутақобилаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақомоти давлатӣ ва дигар субъектони хоҷагидор ба шумор рафта, тавассути муроҷиат шахсони мансабдор ва дигар шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз мушкилот, нофаҳмӣ ва камбудиҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта огоҳӣ пайдо намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолият чораҷӯйӣ мекунанд.

Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба мақомоту ташкилоти дахлдор воридгардида бо тартиби муқаррарнамуда мавриди  баррасӣ қарор дода мешаванд.

Шахсони масъули мақомоти баррасикунандаи муроҷиат ӯҳдадоранд, ки баррасии воқеъбинона, холисона, беғаразона ва саривақтии муроҷиатҳоро таъмин намуда, масъалаҳои гузошташударо ҳангоми зарурат бо иштироки шахсони муроҷиаткунанда, даъвати шахсони дахлдор санҷанд; барои пурра, холисона ва ҳаматарафа баррасӣ намудани муроҷиат аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва аз мақомоту ташкилоти дахлдор маводи заруриро талаб намоянд; барои барқарор кардан ва (ё) ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҷӯӣ намоянд; аз рӯи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиат гузошташуда, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ посухи хаттӣ диҳанд; муроҷиаткунандаро дар муҳлати се рӯз аз лаҳзаи қабули қарор оид ба ирсоли муроҷиат барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба дигар мақомоту ташкилоти дахлдор хабардор намоянд;  муроҷиатро асоснок ва тибқи қонун ҳал намуда, иҷрои онро  назорат намоянд; посух ба муроҷиат бояд бо забони давлатӣ ва ҳангоми мавҷуд будани дархост, инчунин бо забоне, ки муроҷиат навишта шудааст, вобаста ба ҳар як масъалаи гузошташуда, бо асосноккунии тасдиқ ё рад намудани ҳолатҳои зикршуда ва бо назардошти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба роҳбарӣ гирифта шудаанд, омода карда шавад; доир ба  натиҷаи баррасии муроҷиат ба муроҷиаткунанда иттилоот диҳанд; тартиби шикоят намуданро ба муроҷиаткунанда нисбати натиҷаи баррасии муроҷиат (ҷавоби хаттӣ ба муроҷиат) фаҳмонида диҳанд; маълумотҳоро оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мунтазам таҳлил намуда, барои бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, тадбирҳо андешанд ва  уҳдадориҳои дигари  пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд.

Муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда тибқи талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар давоми  сӣ рӯз ва муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рӯз аз рӯзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи  қонун, роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор  ҳуқуқ дорад  муҳлати баррасии муроҷиатро ба муддати на зиёдтар аз сӣ рӯз тамдид намуда, дар ин хусус ба муроҷиаткунанда дар муҳлати се рӯз хабар расонад.

Дар заминаи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми апрели соли 2010 ва банди 26 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми январи соли 2023, №1 роҳбарони аввали вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои дигар муваззаф гардиданд, ки риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин карда, ҷиҳати қабули бемамониати муроҷиаткунандагон дар рӯзҳои шанбе ва рӯзҳои кории тибқи ҷадвали идоравӣ муайяншуда, инчунин дар доираи ваколат, барои ҳалли мушкилоти онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин раванд, баррасии ҳар як муроҷиати воридшударо воқеъ- бинона, холисона, беғаразона ва сари вақт таъмин намуда, ҷиҳати барқарор ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии вайронгардидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Мирзозода Шаҳриёр Мунавар

Мудири бахши дастгоҳи марказии Хадамоти назорати

 давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика