Ҷаласаи васеи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нуҳ мохи соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2025»
Санаи 13 октябри соли 2025 ҷаласаи васеи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нуҳ моҳи соли 2025» бо иштироки муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Каримзода Насим Самиҷон ва раиси Шӯрои Хадамот муҳтарам Маҳмадзода Сафарали Маҳмад, муовини сардори Хадамот Имомзода Бадриддин ва сардорон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст маърӯзаи сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ташкил ва назорат Ҷумъазода П.М. «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2025 шунида шуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ тамоми самтҳои фаъолияти Хадамот дар нуҳ моҳи соли 2025, дастовардҳо, пешравиҳо, камбудиҳо, роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи маркази ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал мавриди муҳокима қарор гирифта, барои андешидани чораҳои зарурӣ, дастуру супоришҳо дода шуд.
Инчунин, музокираи маърӯза сардорон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал шунида шуд.
Баъд аз музокира аз ҷониби муовини якуми Вазири меҳнат, муҳочират ва шуғли ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Насим Самиҷон ва сардори Хадамот муҳтарам Маҳмадзода Сафарали Маҳмад саволу ҷавобҳо оид ба самтҳои фаъолият, аз ҷумла ошкорсозии саривақтӣ ва бартарафсозии қарзи музди меҳнат, пешгирӣ ва рафъи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, тартиби гузаронидани санҷишҳо, рушди шарикии иҷтимоӣ, бастан ва риояи шартномаҳои коллективӣ, бештар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ёрии амалию методӣ расонидан ва дигар супоришу тавсияҳои дахлдор барои пешравии кори Хадамот доир гардида, баҳри беҳтар намудани фаъолият дар семоҳаи чоруми соли 2025 бо назардошти таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин таъмини иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастуру супоришҳои мушаххаст дода шуд.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли













