Семинар доир ба мавзуи таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон, бехатарии меҳнат ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ
Дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ санаи 10 ноябри соли 2025 Семинар доир ба мавзуи “Таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон, бехатарии меҳнат ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ» гузаронида шуд.
Семинари мазкурро сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадзода Сафарали Маҳмад раиси намуд.
Чорабинии мазкур ҷиҳати иҷрои банди 24-и Нақша-чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Вазири меҳнат аз 20 майи соли 2024, №55 оид ба татбиқи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто аз 30.12. 2023, №591) тасдиқ карда шудааст ва иҷрои нақшаи нимсолаи дуюми Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Ардашер, мудири шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Юнусов Ҷамшед Собирович, муовинии якум ва муовини Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳоров Нурулло ва Мирзоев Мирзошо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар семинар зиёда аз 80 нафар шахсони масъули самтҳои кадрӣ, муҳосибӣ, муҳандисони ҳифзи меҳнат ва намояндагони хадамоти ҳифзи меҳнати ширкатҳои калони ҷумҳурӣ, аз ҷумла КВД «Ширкати алюмии тоҷик», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ҶСП «Талко голд», ҶСК НБО-и «Роғун», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», КФ «Шахтаи Фон-Яғноб», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва дигар ширкатҳо иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ суханронии сардори Хадамот Маҳмадзода Сафарали Маҳмад вобаста ба масъалаи бехатарӣ ва ҳифзи мехнати кормандон, беҳтарсозии шароити меҳнат, таъмини кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нисбат ба кормандон, масъалаи ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию меҳнатии шаҳрвандон, дарёфти ризоияти ҷамъиятӣ, суботи иҷтимоӣ, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба меҳнати арзанда, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, афзоиши ҳиссаи шуғли расмӣ, таъмини стандартҳои ҳадди ақали иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот шунида шуд.
Дар навбати дигар сармутахассиси шуъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнати Хадамот Бобозода Идимад баромад намуда, таъкид карда шуд, ки ҳифзи меҳнат дар фаъолияти ташкилоту корхонаҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, бояд мунтазам мавриди назорату таваҷҷуҳи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ қарор дошта бошад. Ба масъалаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҳамеша таваҷҷуҳи роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар шакли таъкидҳои қатъӣ зоҳир мегардад. Ҳануз аз оғози даврони Истиқлолият то ба имрӯз вазъи иҷтимоии аҳолӣ, сатҳи ба шуғли самаранок таъмин намудани аҳолӣ, шуғли арзанда, музди меҳнати арзанда, меҳнати бехатар, шароити мусоиди меҳнат, ва таъмини шароити бехатарии шаҳрвандони ба шуғл фарогирфташуда ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Таъмини аҳолӣ ба шуғли арзанда, таъмини музди меҳнат, муҳайё намудани шароити бехатари меҳнат, таъмини пардохти саривақтии музди меҳнат, ҳифзи меҳнати кормандон ҳамчун Сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки инро тавҷҷуҳи мунтазам ва назорати доимӣ ва пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, сатҳи маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз собит менамояд.
Ҳамзамон дар рафти семинар маърузаи муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Ардашер, мудири шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Юнусов Ҷамшед Собирович, муовинии якуми Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Мирзошо вобаста ба риояи қонунгшузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, бехатарии меҳнат ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот шунида шуд.
Дар охир аз ҷониби иштирокчиёни семинар саволҳо вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарзи пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба масъулини семинар пешниҳод карда шуда, посухҳои мушаххас дар доираи қонунгузои дода шуд.
Дар анҷоми семинар сардори Хадамот Маҳмадзода Сафарали Маҳмад бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар барои иштирок дар ин чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонон минатдорӣ баён намуда, дар симои ҳозирин барои кулли кормандони тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ суботи иҷтимоӣ, сиҳатмандӣ, сулҳу оромӣ, саодату хушиҳои рӯзгор ва дар фаъолияти ҳамарӯзаашон нерӯи тоза, дастовардҳои истеҳсолӣ, барору комёбиҳои нав ба навро таманно намуд.









