ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Хадамоти назорати давлати дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши тантанавӣ бо танинандоз гардидани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт ва Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳозиринро бо фарорасии санаи муборак — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Мавсуф бо ибрози сипоси беандоза ва самимона иброз намуданд, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолу демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо имрӯз дар як муҳити осоишта, сулҳу амонӣ зиндагӣ доранд ва дар раванди таъмини рушди устувори кишвари азизамон собитқадамона ширкат меварзанд, ки ин ҳама аз баракати саъю кӯшишҳои бурдборонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, шахсияти нотакрори таърихӣ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёд ва тақвияти рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад хизматҳои фарзанди фарзонаи миллатро, ки дар рушду нумӯи давлатдории тоҷикон беназиранд, махсусан таъкид намуда, қайд кард, ки таърих гувоҳ аст, ки ин шахсияти таърихӣ тавонист як давлати ҷангзада, қашшоқро, ки қисми зиёди мардумаш бар асари гирудорҳо гуреза шуда буд ва қисми дигар, ки дар дохили кишвари худ умеди зинда монданро надоштанд, аз парокандагӣ раҳонида, сулҳ оварда, гурезаҳоро ба ватан баргардонида, иқтисодиётро аз вартаи бӯҳронӣ раҳонида, Тоҷикистони азизро дар арзаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати воҳид, сулҳпарвар, осоишта ва ташаббускор муаррифӣ намуданд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи барҷастаи қадршиносии шахсияти таърихӣ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари наҷотбахши миллат ва шахсияти таърихӣ махсуб меёбад.
Дар идомаи ҷаласа Қодирзода Далер сардори шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар сохаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолӣ дар шаҳри Душанбе ба сухан баромада, хизматҳои бесобиқаи шахсияти нотакрори таърихӣ — Пешвои муаззами миллатро дар рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро таъкид кард.
Дар охири ҷаласа сардори Хадамот иброз доштанд, ки дар ҷавоб ба хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат, моро мебояд аз пештара дида, бештар дар раванди рушду нумӯи Тоҷикистони азиз ҳиссагузор бошем.












