ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Санаи 16-уми январи соли 2026 дар толори Хадамоти назорати давлатӣ меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва сохторҳои он дар маҳал машғулияти идоравӣ доир гардид.

Дар машғулият сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад иштирок ва суханронӣ намуда қайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади сарнавиштсоз, роҳнамо баҳри иҷрои ҳадафҳои шоиста буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минъбада дар самтиу соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегардад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур додан, ки бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар баробари ин супориш дода шуд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ бояд чораҳои судманд андешида шаванд.

Ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд.

Кормандони Хадамот Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи соҳа арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда дар самти ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, вазифаи аввалиндараҷаи Хадамот ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд кард, ки кормандони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ минбаъд низ фаъолияти худро дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат ба роҳ монда, барои татбиқи самараноки сиёсати иҷтимоии давлат, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва рушди устувори бозори меҳнат тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.

Яндекс.Метрика